logo

иқтисод

ВАНҶ. ҲОСИЛИ БОҒҲО ФАРОВОН ШУД

Ноҳияи Ванҷ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон яке аз  калонтарин минтақаҳои истеҳсолкунандаи мева мебошад. Имсол ҳам дар  боғҳои пурнозу неъмат ва чормағззорон ҳосил хеле  фаровон аст.
Мавриди зикр аст, ки маҳз бо  дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар солҳои истиқлолияти кишвар ва ваҳдати миллӣ  боғистонҳои ин мулки кӯҳистон то мавзеъҳои Поимазору Ванван, Гармчашмаву Мурғудга, Зайчу Жафак ва деҳоти наздики пиряхҳои Федченко ва Хирсон расонда шудааст.   Боғдорӣ дар баробари ғаллакорӣ, картошкаву сабзавоткорӣ самти афзалиятнок ва фоидаовари рӯзгори аҳли деҳоти ноҳия мебошад. Саидбек Олимов, мудири  шуъбаи омори  ноҳия, иттилоъ дод, ки дар  Ванҷ бештар аз 800 гектар боғ мавҷуд мебошад. Бо ҳидояти Пешвои миллат тайи солҳои охир дар ин ноҳияи барои  рушди боғдорӣ хеле мусоид ва шароиту имкониятҳои афзундошта  бештар аз 140 гектар, аз ҷумла соли ҷорӣ 24 гектар боғи нав бунёд карда шуд.
Дар водиҳои Ванҷи Боло ва Язгулому Водхуд асосан ниҳолҳои себу нок, зардолу, тут ва чормағз мешинонанд, зеро на танҳо дар бозорҳои кишвар, балки берун аз он ба чунин намуди меваҳо талабот афзудааст. Имсол   дар ноҳия    10530 тонна     меваи боғӣ  ва 200 тонна чормағз истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба порсола хеле зиёд аст. Ҳоло   фурӯши меваи ҷамъоваригашта, алалхусус  себу нок, туту мавиз ва чормағз хуб ҷараён  дорад. Соҳибкорону тоҷирон аз шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хоруғ, инчунин вилоятҳои Суғду Хатлон меваи боғдорони ноҳияро дар худи водиҳои Ванҷи Боло, Язгулом ва Вотхуд харидорӣ мекунанд.
Дар ноҳияи ҳамсояи Дарвоз низ  ҷамъоварии  себу нок,  зардолу ва дигар анвои меваҷот аллакай ба охир расидааст. Ғунучини   ҳосили анору  анҷирзорҳо ва лимӯву апелсини  гармхонаҳо  идома дорад.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2016    №: 217    Мутолиа карданд: 2060

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим

НБО - и "РОҒУН". Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Сафари варзишгарони тоҷик ба Буэнос - Айрес

ТОҶИКОБОД. 31 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед