logo

сиёсат

НИЗОМИ НАВ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАКМИЛИ КАСБИЯТИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати тозаистиқлол дар марҳалаи аввали ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қарор дорад. Рушди минбаъдаи он ба тарбияи кадрҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллидошта вобаста аст.
Сиёсати давлатии кадрҳо бахши таркибии сиёсати дохилии давлат буда, масъалаҳои стратегии он рақобатпазирии кадрҳо ва таъмини ҳамгироии онҳо дар иқтисоди ҷаҳонӣ, татбиқи технологияҳои муосири кадрӣ, таҳияи механизмҳои меъёрии ҳуқуқӣ, молиявӣ, ташкилӣ, ҳавасмандгардонӣ барои меҳнати самаранок ва босифат арзёбӣ мегарданд.
Фишангҳои асосии амалисозии стратегияи сиёсати кадрҳо муайян намудани роҳҳо ва азхуд намудани  усулҳои  ҳалли масъалаҳои муосири сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кадрҳо дар мақомоти давлатӣ ба ҳисоб рафта, асоси онро масъалаҳои истифодаи самараноки омилҳои инсонӣ ташкил медиҳад. Муҳимияти ин масъала ва роҳу усулҳои таъмини самарабахши идоракунии давлатиро Президенти кишвар дар паёму баромадҳои худ махсус зикр намуда, онро ҳамчун яке аз  самтҳои  афзалиятноки ҳаёти ҷомеа, ҳамеша дар мадди назари аввали давлат ва Ҳукумат қарор медиҳад. Сарвари давлат таъкид мекунад, ки дар вақти интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дараҷаи баланди касбӣ, донишҳои васеи муосир, дар сатҳи хуб донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, технологияҳои замонавӣ, масъулиятшиносиву ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ ва оштинопазирӣ нисбат ба ҳолатҳои коррупсионӣ бояд меъёрҳои асосӣ гарданд.
Президенти кишвар  ба тайёр ва омода намудани кадрҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар осори таърихии худ суннатҳои идоракунӣ ва таҷрибаи таърихии халқамонро васеъ инъикос намудааст ва мехоҳад, ки ин таҷриба ҳамчун асоси арзишманд дар ҳаёти имрӯза васеъ истифода шавад. Натиҷаи ҳамин дилсузӣ ва ғамхорӣ аст, ки тайи солҳои истиқлолият дар ҷумҳурӣ мактаби воқеии тарбияи кадрҳои роҳбарикунанда ташаккул ёфт, ки он ба ном ва фаъолияти Сарвари давлат тавъам аст.  Дар ин муддат як зумра кадрҳои болаёқат ба камол расиданд, ки дар мактаби тарбияи кадрҳо обутоби сиёсӣ ёфта, чун арзи сипосу боварӣ ва садоқат ба Президенти мамлакат ба мақомоти вобастагардида бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ роҳбарӣ мекунанд.   Бо назардошти он ки рушди хизмати давлатӣ ҳамчун институти иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва идоракунии давлатӣ дар ҷои аввал дониста мешавад, ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат аҳамияти махсус медиҳанд.
Дар ин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беҳтаршавии сифати ҳайати кадрҳои дастгоҳи давлатӣ иқдом намуда, дар самти тайёр кардани кормандон аз рӯи ихтисосҳои нодир ва ояндадор, бо назардошти самтҳои афзалиятноки стратегияи рушди ҷумҳурӣ, таваҷҷуҳи махсус  зоҳир менамоянд. Оид ба масъалаи таъмини самаранокии идоракунии давлатӣ ва рушди технологияҳои кадрӣ дар кишвар дар Паёми Президенти мамлакат  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26 апрели соли 2013, омадааст, ки масъалаи тақвияти низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд бо мақсади таъмин намудани самаранокии идоракунии давлатӣ, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимест, ки дар навбати аввал рушди бомароми иқтисоди миллӣ бо роҳи баланд бардоштани самаранокии низоми идоракунии давлатӣ тавассути таъмин намудани шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва мукаммалсозии коргузории давлатӣ аз он вобаста мебошад. Мусаллам аст, ки идоракунии давлатӣ тавассути хизматчиёни давлатӣ, ки устуворӣ ва  касбият хоси онҳо аст, амалӣ гардида, он ба ҳаёти ҷомеа ҳамчун институти ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, меҳнатӣ, кадрӣ ва давлатӣ ворид шуда, маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқиро дар худ таҷассум менамояд. Дар робита ба ин, ҳадафҳои стратегӣ ва самтҳои афзалиятнок, инчунин иҷрои чорабиниҳои дар стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои давлатии дар ин самт  пешбинишуда таҳти назорати қатъӣ қарор доранд.
Яке аз самтҳои муҳим дар татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо, ин баланд бардоштани донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ мебошад. Ҳамин аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26 августи соли 2013, № 1502 дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Имрӯз донишкада дар баробари такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, тайёр кардани кадрҳои касбии самти идоракунии давлатиро ба зимма дорад. Барҳақ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори низоми таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар кишвар мебошад.
Г. ИСМОИЛОВА, ассистенти кафедраи идоракунии
захираҳои инсонии Донишкадаи идоракунии
 давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2016    №: 217    Мутолиа карданд: 1685

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед