logo

фарҳанг

ТЕАТР ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КАСБӢ ДАР ДУШАНБЕ

7 ноябр бо ширкати ҳунармандони театрҳои кишвар дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ рӯзи театр ботантана ҷашн гирифта шуд. Дар чорабинӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ширкат дошт.
Нахуст, ҳунармандон ва кормандони театрро бо иди касбиашон вазири фарҳанги кишвар Шамсиддин Орумбекзода табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки фарҳанг дар сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи калидиро ишғол менамояд. «Аз ин ҷост, ки ба ҳунар, хоса ба санъати театрӣ диққати махсус дода мешавад. Айни замон сохтмони яке аз бузургтарин ва хуштарҳтарин биноҳои театрӣ дар минтақа – Театри миллӣ дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ва бинои Театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавӣ дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ идома дорад. Имсол бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт боз як театри дигар – Театри мусиқӣ – драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов таъсис дода шуда, миқдори театрҳои ҷумҳурӣ ба 18 расид. Ҳамчунин, бо ширкати Президенти кишварамон дар арафаи Ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа бинои бошукӯҳ ва замонавии Театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. 
Аҳли ҳунари ҷумҳурӣ ҷавобан ба ин ғамхориҳои Сарвари давлат кӯшиш намуда истодаанд, ки бо таҳияи асарҳои баландмазмуни хеш дар пешрафти ҷомеа саҳм бигиранд», - иброз намуд Ш. Орумбекзода.
Сипас, ҳунармандони театрҳои ҷумҳурӣ аз намоишҳои таҳиянамуда ва ҳаёту мушкилоти ҳамарӯзаи хеш саҳнаҳо намоиш доданд. Муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ – Ибодулло Машрабов гурӯҳи калони ҳунармандонро бо нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», ифтихорномаи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва ҷоизаи навтаъсиси «Ҳунарпешаи ҷавони болаёқат» сарфароз намуд. 
Дар интиҳои базм ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айни балети «Кармен – сюита» - и Р. Шедринро манзури тамошобинон гардонданд. 
Т. МУҲАММАДУЛЛО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2016    №: 221    Мутолиа карданд: 1953

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед