logo

ҳуқуқ

ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ ОИД БА ВОЛОИЯТИ ҚОНУН ҚАБУЛ ГАШТ

Бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи кишвар, бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, филиали Ассотсиатсияи «Ҳелветас Свисс Интеркооперейшен» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Китобхонаи миллӣ Форуми дуюми миллӣ оид ба волоияти қонун доир гардид. Намояндагони сохторҳои давлатӣ, доираҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд перомуни самтҳои асосии рушди қонунгузорӣ ва таҷриба дар соҳаи адлия, мушкилоти мавҷудаи ҳуқуқҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, соҳибкорӣ ва андозбандӣ, уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон мубодилаи афкор намуданд. 
Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, зикр сохт, ки ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тамаддунофари тоҷик ба дастовардҳои беназир дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ноил гардида, орзуву ормонҳои ҳазорсолаи худро амалӣ карда истодааст. Заминаи ҳуқуқии ҳамаи ин дастовардҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуда, волоияти қонун, ки мавзӯи марказии форуми имрӯза мебошад, пеш аз ҳама, аз волоияти меъёрҳои Конститутсия сарчашма мегирад. 
Вазири адлия Рустами Шоҳмурод Эъломияи Душанберо, ки зимни натиҷаҳои Форуми якуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ноябри соли 2015 қабул гардида буд, мухтасар шарҳ дода, таваҷҷуҳи ҳозиронро ба тадбирҳои мушаххасе, ки аз рӯи ин ҳуҷҷат андешида шудаанд, ҷалб сохт. 
Раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудзода таъкид намуд, ки Конститутсия бори аввал Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд эълон кард ва таъмини волоияти қонун ва мавҷудияти ҷомеаи шаҳрвандиро рукни муҳими ташаккули давлат арзёбӣ намуд. 
Директори маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад Раҳимзода доир ба масъалаи такмили қонунгузории миллӣ ва таҷрибаи татбиқи қонун дар соҳаи адлия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  зикр кард, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар асосҳои муосири фаъолияти қонунгузорӣ фароҳам оварда шуданд. Дар як муддати нисбатан кӯтоҳ беш аз 350 қонун дар соҳаҳои гуногуни қонунгузорӣ таҳия ва қабул гардид. 
Дар чорабинӣ, ҳамчунин Валбурга Роос, директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ян Ҳарфт, директори кишварии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон оид ба масоили мавриди баҳс назари худро баён карданд.
Ҷаласаи пленарии ҳамоиш ба мавзӯи «Таҳкими волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо» бахшида шуд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар он матраҳ гардид, мавзӯи «Гуманизатсияи қонунгузории ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд, ки дар ин бобат муовини  сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода ва муовини аввали директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳиддин Баҳриддинзода ибрози ақида намуданд.
 Дар доираи баргузории Форуми дуюми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи Душанбе қабул гашт.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2016    №: 221    Мутолиа карданд: 2155

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд

Чин бори нахуст аз ҷиҳати миқдори сафорат дар хориҷа ИМА - ро пас гузошт

Сарвазири Украина ба мардуми кишвар тибби ройгонро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2019. Бонувони тоҷик соҳиби медали биринҷӣ шуданд

28.11.2019


НОҲИЯИ АЙНӢ. Боз як маркази нав дар хизмати мардум

27.11.2019


Ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории ду чорабинии сатҳи байналмилалӣ

Медали биринҷии Сомон аз Ҷопон

Бишкек. Дар ҳамоиши СААД 21 масъала баррасӣ мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед