сиёсат
АЪЗОИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ БА НОМИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН САВГАНД ЁД КАРДАНД
Дар иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки 8 ноябр баргузор гашт, Раиси Маҷлиси миллӣ, муовинони ӯ, раисони кумитаҳо ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи халқи Тоҷикистон савганд ёд карданд.
Ҳамзамон, дар иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ ва якдилона ҷонибдорӣ карданд.
Пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Оид ба иваз намудани баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритуз ва Панҷи вилояти Хатлон», аз ҷумла номи деҳоти «Арал»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсов, номи деҳоти «Сайёд»-и ноҳияи Шаҳритуз ба деҳоти ба номи Талбак Садриддинов, номи деҳаи Қазоқи ноҳияи Панҷ ба деҳаи Кӯҳдомани деҳоти ба номи Кабут Сайфиддинов, номи деҳаи Ҳоҷа-Қучқории ноҳияи Панҷ ба деҳаи Чорсӯи деҳоти «Меҳвар», номи деҳаи Бурбулоқи ноҳияи Панҷ ба деҳаи Чашмаи деҳоти «Намуна», номи деҳаи Туғаланги ноҳияи Панҷ ба деҳаи Чаманистони деҳоти ба номи Кабут Сайфиддинов, номи деҳаи Қирғизи ноҳияи Панҷ ба деҳаи Ҳамдилони деҳоти Кабут Сайфиддинов, номи деҳаи Кӯлдимони ноҳияи Панҷ ба деҳаи Кӯлдомани деҳоти «Меҳвар», номи деҳаи Бешқудуқи ноҳияи Панҷ ба деҳаи Навшоди деҳоти «Озодагон» - ро аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуданд.
Ҳамин тавр, пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба иваз намудани номи шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳраки Меҳробод, номи деҳаи Қарақчиқуми деҳоти ба номи Лоҳутии шаҳри Конибодом ба деҳаи Ҷаҳонзеб ва номи деҳаи Наймани деҳоти Сурхи шаҳри Исфара ба деҳаи Сароб низ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ дастгирӣ ёфт.
Дар шаҳри Ваҳдат номи деҳаи Ганҷбор - 2 ба Шаҳдбор, деҳаи Гулрез - 2 ба Хуррамдеҳ, деҳаи Эловар ба деҳаи Панҷдеҳ, деҳаи Гирдоб - 2 ба деҳаи Сеоба, деҳаи Баракат - 2 ба деҳаи Сахиён, деҳаи Гулобод - 2 ба деҳаи Нурофар, деҳаи Ҷавонон - 2 ба деҳаи Бахтёрон, деҳаи Кишоварз - 2 ба деҳаи Сароб, деҳаи Ҳуснобод - 2 ба деҳаи Чашмасор, деҳаи Тиллои сафед - 1 ба деҳаи Фахробод, деҳаи Адолат - 1 ба деҳаи Сафедоб, деҳаи Ҷангалобод - 2 ба деҳаи Боғистон, деҳаи Деҳқонобод - 2 ба деҳаи Қалъаи Гулистон, деҳаи Даҳана - 1 ба деҳаи Ҳакимон тағйир дода шуданд.
Додоҷон РӮЗИЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.11.2016 №: 222 Мутолиа карданд: 983