logo

порлумон

ҚОНУНИ НАВ. ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ 400 СОМОНӢ КУМАКПУЛӢ МЕГИРАНД

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» - ро қабул намуданд, ки татбиқи он ба танзими кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, механизми муайянкунии оилаҳои камбизоат ва дастрас намудани ёриҳои моддию пулӣ ба эҳтиёҷмандон мусоидат хоҳад кард.

 

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа изҳор дошт, ки  феълан тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30  июли соли 2014 «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» ёриҳо дар шакли пардохт намудани кумаки пулӣ ба таври таҷрибавӣ дар 25 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ амалӣ гардида, зиёда аз 97 ҳазор оила ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз он бархӯрдоранд. «Андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ 400 сомониро дар як сол ба як хонавода ташкил менамояд ва ҳар семоҳа пардохт мешавад. Механизми таҷрибавии таъйин ва пардохти кумакпулии номбурда ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи октябри соли 2016 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2014» боз ба 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ идома ёфта, дар маҷмӯъ 40 шаҳру ноҳияро дарбар хоҳад гирифт. Саида Умарзода бо зикри ин матлаб ҳамчунин гуфт, ки низоми мазкур бар ивази ду механизми қаблӣ - кумакпулӣ барои мактаббачаҳо аз оилаҳои камбизоат ва ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ  пардохт карда мешавад.

Таъкид гардид, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» бо мақсади татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз паёмҳояшон  ба Маҷлиси Олӣ (солҳои 2013 ва 2016) бармеоянд, рӯи даст гирифта шуд. Дар ҳамин ҳол, вакилони Маҷлиси намояндагон бо ишора ба аҳамияти ин иқдом аз масъулон даъват ба амал оварданд, ки интихоби камбизоатҳо ва ироаи кумакпулӣ ба оилаҳои ниёзманд шаффоф ба роҳ монда шавад.

Лоиҳаи Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Ҳилолбӣ Қурбонзода, Мавлуда Қаландарзода, Гулбаҳор Ашурова ва Тоҳир Ҷобирзода пешниҳод гардидааст. Он аз муқаддима, шаш боб ва 21 модда иборат буда, ба бовари муаллифон ин санади меъёрии ҳуқуқӣ қонунгузориро дар самти  сиёсати иҷтимоии давлат таҳким бахшида, барои дастгирии оилаҳои ниёзманд ва камбизоат мусоидат хоҳад намуд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2016    №: 225    Мутолиа карданд: 8202

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон

ТОҶИКОБОД. Вусъати корҳои баҳорӣ

Гиромидошти Ашӯр Сафар дар Кӯлоб

Гусели наваскарон дар Фархор

Варзиш

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзи илм таҷлил гардид

Дурахши дзюдогарони кишвар дар ҷомҳои Аврупову Осиё

Вашингтон вақтҳои наздик низомиёнашро аз Сурия мебарорад

Нигаронии президенти Олмон аз дуршавии бештари Русия ва Ғарб

Департаменти ИМА барои идомаи муколама бо Димишқ шарт гузошт

Коршиносон то 100 доллар расидани нархи нафтро пешгӯӣ карданд

16.04.2018


Баргузории ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд

Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Ли Ён Хо

Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ифтитоҳи ду бинои таълимӣ

13.04.2018


Оғози бунёди «Қасри Бахт»

Густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ

Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ ва Кэйҷи Фуруя

Баррасии масъалаи дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкории хурду миёна ва аҳолӣ

«Шоми мақом»

Варзиш

Меркел ба зарбазании Сурия ҳамроҳ шудан нахост


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед