logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «ИН КӮЗА АЗ ХОК НЕСТ, ИН ТИЛЛОСТ»

Суҳбати  мо   дар як  хаймаи  чӯпонии наздик ба  гузаргоҳи  миёнмарзии  байни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин,  дар ағбаи  Кулма  сари  як  пиёла  чой    сурат  гирифт.  Мо  дар  ҳайати  гурӯҳи кории  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии   Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон дар  ин мавзеъ  меҳмонони  чиниро  истиқбол  мегирифтем. 
 
Сардори  шуъбаи  Агентии хизмати давлатии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Зуҳробек Бурибеков ба мо дар бораи “Корвони  сулҳу  ваҳдат - Шоҳроҳи Ваҳдат”, ки соли  1999  бо  ибтикори  Сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон  рӯи  кор  омада  буд   ва ӯ  яке  аз  иштирокдорони  ин  чорабинӣ будааст, қисса кард. Ба  гуфтаи  ӯ, бо дастури   Президенти   кишвар аввалҳои моҳи июни соли 1999 Фонди миллии «Шоҳроҳи абрешим - Шоҳроҳи Ваҳдат» бо ташаббуси наҷиб - гузарондани  Корвони Сулҳ баромад кард ва  раисони шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо вазифадор карда шуданд, ки барои дар сатҳи баланд доир намудани ин тадбири муҳими сиёсӣ мусоидат намоянд. 5 июли соли 1999 аз рӯйи реҷаи корӣ корвон  мебоист аз ағбаи Кулма, ки он солҳо бунёди шоҳроҳи Кӯлоб - Дарвоз - Мурғоб- Кулма бо баромад ба шоҳроҳи Қароқурум бо суръати баланд идома дошт, роҳ паймуда, беш аз 1500 километр, яъне аз тамоми ҳудуди мамлакат гузашта, ба шаҳри Исфара, ки дар наздикии пайвастшавии роҳҳои мошингарди ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ҷойгир аст, мерасид. Ба ҳайати корвон намояндагони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ шомил буданд. Ин сафар, пеш аз ҳама, ба мустаҳкамшавии Ваҳдати миллӣ, дӯстию бародарӣ ва ягонагии Ватани азизамон – Тоҷикистон нигаронда шуда буд.
- Мо,- гуфт  Зуҳробек Бурибеков,- як мушт хокро дар кӯзаи шикастае андохта, аз ҳамин  ҷо, аз  ағбаи Кулма, ки дар баландии 4362 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, ба роҳ баромадем. Худи ҳамон рӯз ба ноҳияи Мурғоб расидем. Маркази ноҳия  намуди  идона дошт. Он бо навиштаҷоти ватандӯстона бо се забон - тоҷикӣ, қирғизӣ ва русӣ оро ёфта буд. Аз ҳама шодиовар он буд, ки мардуми қирғизу тоҷик ва марзбонони  рус ҳайати корвонро бо чеҳраҳои болида пешвоз гирифтанд. Баъди мулоқотҳои самимӣ бо сокинони ин ноҳияи баландкӯҳ ба тарафи шаҳри Хоруғ раҳсипор шудем. Дар майдони “Ваҳдат” бо сокинону меҳмонони шаҳр дидору гуфтугӯи судманд анҷом додем. Дар ноҳияҳои Рӯшону Ванҷ ва Дарвоз  ҳайатро бо  созу  суруд қабулу  гусел  карданд. Ҳайати корвон шаҳрҳои Кӯлобу Ваҳдат, Душанбе, Истаравшан, Хуҷандро паси сар намуда, ба шаҳри Исфара расид. Дар шаҳр  устоҳои гулдаст  он кӯзаи шикастаро  пайваст карданд.  Он  ба як кӯзаи зебое бо нақшу нигори  хоси  мардуми  тоҷик  табдил ёфт. Кӯза аз ҷониби  корвониён  ба таври рамзӣ «Кӯзаи Ваҳдат» ном  гирифт.
Кӯзаро дар рӯзи Анҷумани чоруми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар ҳузури вакилон ва меҳмонон мушовири  вақти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳҳоб Набиев ва сорбони корвон Абдуғанӣ Мамадазимов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супурданд. Ашки  шодӣ  беихтиёр  дар  чашмони  Сарвари  давлат  ҳалқа  зад. Ин ҳолатро дида, ман  бори  дигар  дар  назди  самимияти  Пешвои  миллат, муҳаббати  беандозаи  ӯ  нисбат ба  халқи  тоҷик  ва  Ватани азизамон - Тоҷикистон  сари  таъзим  фуруд  овардам. Беихтиёр  аз  дилам  гузашт: “Шукр, ҳазорон  бор  шукр  Худоро, ки  ба  мо  чунин   Сарвари  маҳбубу  дилсӯз, ватанпарварро  ато  намудааст”. 
Суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ба даст гирифтани «Кӯзаи Ваҳдат» ҳеҷ аз ёдам намераванд, ки гуфта буданд: «Ин кӯза аз хок нест, ин  тиллост! Зеро ки тамоми хоки Тоҷикистон зар аст!». 
Имрӯз «Кӯзаи Ваҳдат» чун нигораи нодир дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2016    №: 225    Мутолиа карданд: 1181

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед