сиёсат
ПЕШВОӢ ХЕШРО БАР ХАЛҚИ ХУД БАХШИДАН АСТ
Таърихи давлатҳо ва тамаддунҳои гузашта собит месозанд, ки шахсиятҳо дар густариш ва пойдории онҳо нақши ҳалкунанда дошта, қудрати роҳнамоӣ ва идоракунии онҳо тавонистааст башарро ба дараҷаи камолот расонда, тамаддуни инсониро ҷавҳар ва асолати офарандагӣ ато намояд. Маҳз ҳамин вижагиро банӣ - одам дарк намуда, доимо дар раванди зиндагӣ ва фаъолияти ҷамъиятии худ ниёз ба роҳбаладии шахсе дорад, ки қодир аст инсонҳоро ба соҳили мурод расонад.
Аз ҳамин нуқтаи назар, миллатҳо ва давлатҳо доимо ба мавҷудият ва фаъолияти шахсиятҳое ниёз доранд, ки дар масири таърих ҳастӣ ва тамоми вуҷуди худро ба ин шахс бовар карда, аз қафои ӯ дилпурона мераванд. Чунин шахсият дар таърихи давлатдории тоҷик Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Фаъолияти Пешвои миллат дар давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ ин 25 соли камолоти сиёсию таърихӣ ва худсозии шахсиятест, ки ҳастии худро ба ҳифзи ягонагии давлат ва ҳувияти миллии мардуми худ дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ бахшида, аз шахсияти роҳбар то Пешвои миллат омада расидааст.
Роҳ ба сӯйи сиёсати калон хусусиятҳои хоси худро дорад, ки ба он нишондиҳандаҳои замонӣ ва маконӣ метавонанд таъсири худро расонанд. Аз ин нуқтаи назар, замони зимоми давлатдориро ба уҳда гирифтани Пешвои миллат замони хунрезию даргирӣ буда, аз роҳбар истеъдоди махсуси корбарӣ ва идоракуниро тақозо менамуд. Пешвои мо аз уҳдаи ин кор бо сарбаландӣ баромад.
Ӯ тавонист сохтори фалаҷгаштаи ҳокимияти давлатиро барқарор ва низоми сиёсии мазмунан ва шаклан навро пойдор созад, тавонист шамшери хунафкани ҷангро ба қалами созандаи имзои Созишномаи сулҳ иваз намояд.
Ӯ тавонист миллати парешонгаштаро аз панҷаи хорию гушнагӣ раҳо бахшида, бо муҳаббат ва садоқату самимият ва адолатпешагии худ ҳазорҳо қалбҳои аз кинаю хусумати ҷанг торикгаштаро равшанию меҳр бахшад ва бо ҳамин роҳ бегонагии мардумро аз ҳокимият хотима бахшад.
Ӯ тавонист кишвари харобгаштаро ба гулзор, ба манбаи нуру сафо, макони амну осоиш табдил дода, муаррифгари миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг гардад.
Таҳлили воқеияти иҷтимоию сиёсӣ ва таърихӣ нишон медиҳад, ки масири Пешвоӣ ин масири мушкилу пурпечутоб буда, фақат он нафаре ба ин унвони олӣ ва эътимоди мардум ноил мегардад, ки аз сари сидқу вафо хизмати халқи худро мекунаду худро дар роҳи ҳастии ӯ мебахшад.
Махфират ХИДИРЗОДА,
муовини раиси вилояти Хатлон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.11.2016 №: 226 Мутолиа карданд: 1609