logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 9, мод. 68,  мод. 69, № 22, мод. 306; с. 1999, № 12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, № 11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, № 8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346, № 7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, № 3, мод. 126, № 7, мод. 399, №12, мод. 640; с. 2007, № 7, мод. 665; с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 3, №6, мод. 444, мод. 447, № 10, мод. 803, № 12, қ. 1, мод. 986, № 12, қ. 2,    мод. 992; с. 2009, № 3, мод. 80, № 7 - 8, мод. 501; с. 2010, № 3, мод. 155, № 7, мод. 550; с. 2011, № 3, мод. 161, № 7 - 8, мод. 605; с. 2012, № 4, мод. 258, № 7, мод. 694; с. 2013, № 6, мод. 403, мод. 404, № 11, мод. 785, № 12, мод. 881; с. 2014, № 3, мод. 141, № 7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, № 3, мод. 198, мод. 199, № 11, мод. 949, № 12, қ. 1, мод. 1107, с. 2016, № 3, мод. 127, № 5, мод. 355, мод. 356, № 7, мод. 608, мод. 609), моддаи 1371 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 1371. Таҳқири оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ё туҳмат кардан ба ӯ
1) Таҳқири оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ё тӯҳмат кардан ба ӯ, -
бо ҷарима ба андозаи аз сад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар бо истифодаи матбуот, дигар воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад, -
бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 ноябри соли 2016, №1358

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 26 октябри соли 2016, № 594
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:    
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                             М. УБАЙДУЛЛОЕВ 
ш Душанбе, 8 ноябри соли 2016, № 292


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.11.2016    №: 227-228    Мутолиа карданд: 6517

24.04.2017


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ

Вусъати ҳамкориҳо дар бахши тандурустӣ

Марди накуном намирад ҳаргиз

Ғалабаи хонандаи тоҷик дар бозиҳои XII Делфи

ДАЪВАТ. Сафи ихтиёриён меафзояд

ЗАФАРОБОД. То ҳосилнокӣ беҳтар шавад...

РОҲҲО агар ободанд...

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Қирғизистон ҷангие дастгир шуд, ки нияти амалҳои террористӣ дар кишварҳои ИДМ – ро дошт

Пентагон: «ДИ» пойтахташро аз Раққа ба Дайр - уз - Зор кӯчонд

Арабистони Саудӣ хароҷоти ҳарбияшро 30 дарсад кам кард

Дар Британия як рӯзро бидуни истифодаи ангишт гузаронданд

Суди Имреа телефони мобилиро ба саломатӣ зарарнок ҳисобид

21.04.2017


Тоҷикистон амнтарин кишвари Осиёи Марказӣ эътироф шуд

Баррасии таҳкими муносибатҳо

Русия азм дорад, ки дар Суғд корхонаҳои саноатӣ созад

Ҳамоиши доираҳои тиҷоратӣ

Як нишасти муҳим

Ситоди назди раиси вилоят

Ҷаҳон дар як сатр

Амали террористӣ дар майдони Елисейи Париж

Ҳалокати корманди созмонҳои башарӣ дар Судони Ҷанубӣ

Вазири корҳои хориҷии Олмон ба Башики Ироқ рафт

Дар ду соли наздик Туркманистон ба афзоиши баландтарини ММД ноил мегардад

Сукерберг матнро бо неруи фикр чоп кардан мехоҳад

20.04.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо Пратибҳа Меҳта

Муқовимат бо коррупсия маърифати баланди ҳуқуқиро тақозо менамояд

Тоҷикистону Малайзия ҳамкориҳоро тавсеа мебахшанд

Афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ

Бо амри дил

35 МЕДАЛИ хонандагони Душанбешаҳр

НОРАК. Шаҳрро зебоӣ мебахшем

ТОҶИКОБОД. Авлавият ба дастгирии ниёзмандон

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед