logo

иҷтимоиёт

ШИРИНЧАШМА МАВЗЕЕ БАРОИ ИБРАТ

Беш аз 80 гектар заминҳои ин мавзеъ аз Кули сурх обёрӣ гардида,   аз ҳар як гектар   280  -  300 -  сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд.
Дар ҳудуди ҷамоат  383 хоҷагии инфиродӣ ва 1 хоҷагии деҳқонии коллективӣ  мавҷуд буда, 70 дарсади заминҳои обии ҷамоат ба кишти картошка, боқимонда барои парвариши зироатҳои ғалладонагию боғдорӣ истифода мешавад. Соли гу-зашта дар ҳаҷми  5 гектар боғҳои нав бунёд гардиданд.
 
Дар ҳудуди ҷамоат, як беморхонаи минтақавӣ,  бунгоҳи тиббӣ, панҷ  муассисаи таълимӣ ва интернати наздимактабӣ фаъолият мекунанд. Баҳри гузарондани зимистон дар муассисаҳо 50 тонна ангишт ва 21 метри мукааб ҳезум захира карда шудааст.
Дар ҷамоат давоми 25 - соли соҳибистиқлолии кишвар иншооти муҳими хоҷагии халқ бунёд гардиданд. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бинои ҷамоат ва се мактаби ибтидоӣ сохта ба истифода дода шуда,  бинои хобгоҳи ин-тернати наздимактабӣ аз ҳисоби Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои хобгоҳи духтарон аз ҳисоби сафоратхонаи ИМА бунёд ёфтанд. Инчунин, баҳри таъмини аҳолии ҷамоат бо оби тозаи ошомиданӣ соли равон  бо маблағгузории хазинаи  Оғо-хон  хати оби нӯшиданӣ ба маблағи 243 ҳазор сомонӣ бо масофаи  7 км оварда шуд. 
Дар ободонии диёр соҳибкорони маҳаллӣ низ саҳми назаррас доранд. Аз ҳисоби онҳо 5 км роҳи ҳудуди ҷамоат таъмир гардид. Рафтуомади сокинони ҷамоати дурдаст ба маркази ноҳия нисбатан осон шуд. 
Ҳамчунин, корҳои барқарорсозии майдончаҳои варзишӣ ва биноҳои ёрирасони  муассисаҳои таълимӣ бо сифати баланд ба анҷом расонда шуд. Айни ҳол дар маркази ҷамоат бунёди маҷмааи варзишӣ ва сехи  дӯзандагӣ бо маблағи 320 ҳазор сомонӣ идома дорад.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.11.2016    №: 234    Мутолиа карданд: 1498

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед