logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ. САНАДҲОИ НАВ БАРОИ БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ

- Дар ҷумҳурӣ давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 3 ҳазору 319 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои савдо, фиреби истеъмолкунандагон ва фурӯши маҳсулоти муҳлати истеъмолиашон гузашта ба қайд гирифта шудааст. Шахсони қонуншикан дар ҳаҷми 863 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуданд, - иттилоъ дод, - Назрулло Шарифзода, сардори раёсати нозироти савдои Агентии Тоҷикстандарт, зимни ҷаласа дар мавзӯи «Мусоидат ба савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Барои ба як низоми муайян даровардани ҳолати мазкур мақомоти дахлдор тасмим гирифтанд, ки тавассути қабули дархосту пешниҳодҳои мутахассисон  санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия намоянд. Ин масъала, аллакай дар вилояти Суғду Хатлон мавриди муҳокима қарор гирифт. Масъулони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар мақомотҳои дахлдор дар чорабинӣ вазъи кунунии бозори истеъмолиро дар пойтахти кишвар чунин арзёбӣ карданд:
- Барои субъекти хоҷагидор, ки ба хидмати истеъмолкунанда машғул мешавад, пеш аз ҳама зарур аст, тайёрии касбии махсус дошта бошад, қоидаҳои муқаррарнамудаи савдо ва хизматрасониро риоя кунад, аз қабили қоидаҳои нигоҳдории молу маҳсулот, қоидаҳои тамғагузории воситаҳои ченак ва вазн, иҷрои дурусти намоиш ва борпечонии мол, қоидаҳои санитарӣ – гигиенӣ, додани иттилои дақиқ ва саривақтӣ оид ба хусусиятҳои асосии мол, санаи истеҳсол, нарх, ном ва макони истеҳсоли мол, пешниҳоди сертификати тасдиқи мол ва сифат, дафтарчаи тиббӣ ва амсоли онҳо. Мутаассифона, дар аксар маврид ин қоидаҳо аз ҷониби фурӯшанда ба эътибор гирифта намешавад, ин амал бар хилофи талаботи банди 4 – уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи савдо ва хизматрасонии майишӣ" мебошад. Яке аз проблемаи асосии самти хизматрасонии муассисаҳои хӯроки умум  (махсусан нуқтаҳои фурӯши хӯрок дар муассисаҳои таълимӣ ва байниидоравӣ, объектҳои сайёри савдои хурди чакана) ва савдои кӯчагӣ мебошад, ки бидуни риояи қоидаҳои санитарӣ, аз муоинаи тиббӣ гузаштани фурӯшанда ва номутобиқатии маҳсулот ба стандарт амал мекунад, боиси ташвиш аст. Аз ҷониби Хадамоти давлатии санитарию эпидемиологӣ дар нуҳ моҳи соли равон 937 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст, ки мутаносибан ба 60,9 фоиз баробар аст. Ба иттилои манбаъ, бенизомӣ ба он оварда расонд, ки дар пойтахт муддате бемории меъдаю рӯда авҷ гирад.
Феълан масъулон зарур меҳисобанд, ки барои танзими ин ҳолат дар санадҳои нав ба инобат гирифтани хусусиятҳои миллӣ дар нуқтаҳои хӯроки умум,  махсус дарҷ гардад. Коршиносон аз байн бурдани савдои кӯчагиро роҳи ҳал намеҳисобанд ва баръакс ба як тартиби муайян даровардани онро зарур медонанд. Зеро риоя накардани бандҳои қонун аз ҷониби бархе мақомот вазъи бозори истеъмолиро дар пойтахт нохуб сохтааст. Махсусан, аз маъмурияти бозорҳо даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳангоми гузарондани санҷиши ҳаррӯзаи нуқтаҳои савдо ва ошкор кардани ҳолатҳои ғайриқонунӣ тадбирҳои фаврӣ андешида, худи ҳамон рӯз ба мақомоти дахлдори назоратӣ ва санҷишӣ хабар диҳанд. Бо таҳия ва татбиқи санадҳои нави меъёрию ҳуқуқӣ умед аст, ки вазъи савдо ва хизматрасонӣ на танҳо дар пойтахт, балки дар тамоми манотиқи кишвар боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.12.2016    №: 236    Мутолиа карданд: 2306

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед