logo

иҷтимоиёт

ҲАЁТ БИДУНИ ДОРУ. ОЁ ИН МУМКИН АСТ?

Оё имкони бидуни дору зистан вуҷуд дорад? Мантиқан дар ин маврид ба хулосае омадан душвор аст, вале дар нигоҳи аввал аксарият ин андешаро дастгирӣ мекунанд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки бидуни дору ҳаргиз бемории авҷгирифтаро илоҷ нест (ҳарчанд дар баъзе ҳолатҳо бо ёрии парҳез, варзиш, сеҳри сухан баъзе бемориҳоро шифо мебахшанд).

Ба андешаи Маҳмадалӣ Давлатов, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ бидуни дору зистан имкон дорад. Инро табибон низ инкор намекунанд. Ба истиснои бемориҳои модарзодӣ ва иллатҳои ирсӣ. Инсон солим таваллуд мешавад ва дар тӯли ҳаёт аз он сабаб бемор мешавад, ки ба тағйиротҳои муҳити атроф мутобиқ намешавад. Одамон аз таъсири омилҳои барояшон хатарзо (офатҳои табиӣ, экологӣ) зарар мебинанд. Масалан, варзиши маъмулӣ имкониятҳои мавҷудаи баданро ба таҳрик медарорад, онро қавӣ мегардонад, ки организм ба ҳаргуна омилҳои манфӣ муқобилият нишон дода, солимиро устувор нигоҳ дорад ва умрро дароз намояд. Инчунин, барои бемор нашудан аз дигар имкониятҳо ба монанди реҷаи кор, бехатарии кору вазифа, истироҳат, ғизои дуруст, қоидаи нафасгирӣ истифода бурдан мувофиқи мақсад аст. Алҳол, назар ба меваю сабзавот, бештар витаминҳоро истеъмол мекунанд. Бояд гуфт, ки истеъмоли дору танҳо дар мавридҳои зарурӣ (буҳрон, авҷ, куҳна шудан, ирсӣ, модарзодӣ будани беморӣ) ҳатмист. Дар дигар маврид усулҳои мутазаккираи эмин мондани организм аз маризиҳо муфид дониста шудаанд.
Фаронсавиҳо андеша доранд, ки табобат бо дору заҳролудкунии ихтиёрии буняи бемор мебошад. Ин чунин маъно дорад, ки ҳама гуна дору дар баробари судмандӣ, инчунин таъсири манфӣ низ дорад.
- Доруи безарар нест. Дар шароити ҳозира инсон изтиробу нороҳатиҳои зиёд дорад, ки маҳз натиҷаи аъмоли худи ӯст. Рушди босуръати технологияҳои коммуникатсионӣ, афзоиши ҷамъият, вазъи сиёсӣ, ифлосшавии муҳити зист ва офатҳои табиӣ, модигароии ба ҳадди ифрот расида, дастрасӣ ба воситаҳои ҳаёти муфарраҳ инсонро маҷбур мекунад, ки дар ҳар хусус биандешад, дар такопӯ ва изтироб бошад. Дастрасӣ надоштан ба иттилоот ва ё иттилооти қонеъкунандаро дарёфт накардан ба ҳолати ҷисмонию равонии инсон таъсир мерасонад. Ҳамаи ин, дар натиҷа, боиси пайдоиши амроз ва кӯтоҳшавии давомнокии умр мешаванд. Дар ин маврид гуфтан ҷоиз аст, ки истифодабарии дору танҳо дар зарурат ва мувофиқи таъйиноти табиб ва дар зери назари ӯ мақсаднок мебошад, - илова намуд М. Давлатов.
Инҳоянд чанде аз сабабҳои пайдоиши буҳрон ва василаҳои боэътимоди ҷилавгирӣ бидуни доруҳо. Усулҳои номбурда дастрас, боэътимод ва арзонанд, вале риояи он барои инсон сангин аст. Чӣ тавре ки Синои бузургвор гуфтааст «пешгирии беморӣ аз табобати он осону арзон аст».
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.12.2016    №: 239    Мутолиа карданд: 2337

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед