logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода супурдани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе – 2», шаҳри Душанбе, 8 декабри соли 2016

Ҳозирини муҳтарам!
Меҳмонони арҷманд!
Дар замони муосир рушди муътадили ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт дар навбати аввал аз истифодаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии бевосита дорад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ҳаллу фасли масъалаҳои вобаста ба рушди ин соҳаи стратегӣ, яъне энергетика, хусусан солҳои охир бунёд намудани инфрасохтори онро вусъат бахшида истодааст. 
Мо таъмин намудани талаботи рӯзафзуни корхонаҳои истеҳсолӣ ва аҳолиро бо неруи барқ ва гармӣ тавассути барқарор намудани инфрасохтори мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, паст кардани талафоти он ва бунёди марказҳои нави барқу гармидиҳӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи худ ва дар айни замон роҳи асосии расидан ба истиқлолияти энергетикии кишварамон мешуморем.
Маҳз бо ҳамин мақсад имрӯз боз як иншооти муҳими энергетикии кишвар – навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе - 2” - ро бо иқтидори 300 мегаватт неруи барқ ва 167 гигакалория гармӣ ба истифода супурдем.
Ба ин муносибат кормандони соҳаи энергетика ва шумо - ҳозирини гиромиро табрик гуфта, ба ҳамаи мутахассисону сохтмончиёне, ки дар бунёди маркази барқу гармидиҳӣ саҳми шоиста гузоштаанд, миннатдории самимона баён менамоям.
Бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе - 2” - ро лоиҳаи комплексӣ ё маҷмааи истеҳсолӣ гуфтан ҷоиз аст, зеро дар доираи он дар баробари насби лӯлаҳои гармигузар ба масофаи зиёда аз 20 километр ва бунгоҳи гармитақсимкунӣ, ҳамчунин, сохтмони зеристгоҳи барқии 220/110 киловолтаи «Шаҳринав», «Хонақо», хати интиқоли барқи 110 - киловолта байни зеристгоҳҳои мазкур, сохтмони 17 километр роҳи мошингард, сохтмони 4 муассисаи таълимӣ барои 6240 нафар хонанда ва як пули мошингард дар болои дарёи Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
    Ҳоло иқтидори Маркази барқу гармидиҳӣ бо дарназардошти навбати аввал ба 400 мегаватт, яъне то 9,6 миллион киловатт – соат неруи барқ ва 235 гигакалория гармӣ дар як шабонарӯз расонда шуд. Гармие, ки истеҳсол мешавад, барои қонеъ гардондани манзили сокинони шаҳри Душанбе, муассисаҳои иҷтимоиву таълимӣ ва дигар иншооти пойтахти мамлакат равона хоҳад гардид.
Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки ба анҷом расидани лоиҳаи имрӯза бозгӯи сатҳи баланди шарикии созанда ва ҳамкории босуръат рушдёбандаи Тоҷикистону Чин дар соҳаи энергетикаи кишвар ба ҳисоб меравад.
Лоиҳаи навбати дуюм дар доираи шартномаи байни ширкатҳои «Барқи тоҷик» ва «ТВЕА» - и Ҷумҳурии Мардумии Чин бо маблағи умумии беш аз 2,7 миллиард сомонӣ анҷом дода шудааст.
Баробари пайваст шудани иншооти имрӯза ба шабакаи ягонаи энергетикии мамлакат иқтидори умумии марказҳои барқу гармидиҳии кишвар ба 800 мегаватт баробар мешавад, ки 50 фоиз ё 400 мегаватти он ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост меояд.
Инчунин, дар натиҷаи ба кор оғоз намудани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе – 2” имкон пайдо мегардад, ки дар як шабонарӯз 7,2 миллион киловатт – соат неруи барқ истеҳсол карда шуда, дар натиҷа таъмини шабонарӯзии неруи барқ дар мамлакат нисбат ба соли гузашта 16 фоиз афзоиш меёбад. Агар солҳои охир дар фасли тирамоҳу зимистон ба аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ 45 - 48 миллион киловатт - соат неруи барқ интиқол шуда бошад, пас бо оғоз гардидани фаъолияти маркази имрӯза ин нишондиҳанда 52 - 55 миллион киловатт - соатро ташкил хоҳад дод. Маркази мазкур метавонад қариб 60 фоизи талаботи шаҳри Душанберо бо неруи барқ қонеъ намояд.
Тибқи маълумоти коршиносон аз ҳисоби истифодаи гармии Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе - 2” имкони сарфаи қариб 200 мегаватт иқтидори иловагии неруи барқ пайдо мегардад, ки ин таъминоти аҳолии кишварро бо неруи барқ боз ҳам беҳтар менамояд. Чунонки сокинони шаҳри Душанбе дар хотир доранд, чанд сол пеш масъалаи таъминот бо гармӣ ва кам кардани истифодаи неруи барқ ба яке аз масъалаҳои бисёр мушкил табдил ёфта буд. 
Бо сабаби норасоии гази табиӣ ва нокифоя будани таъминот бо оби гарм дар фасли зимистон ҳоло пойтахти кишварамон ба яке аз истифодабарандагони бузурги неруи барқ табдил ёфтааст. 
Тибқи маълумот, агар дар фасли гармо дар пойтахт дар як шабонарӯз то панҷ - панҷуним миллион киловатт – соат неруи барқ истифода шавад, дар фасли зимистон ин нишондиҳанда то ба 14 – 15 миллион киловатт - соат мерасад. 
Аз ҷониби дигар, бо дарназардошти он, ки Маркази барқу гармидиҳӣ бо истифода аз ангишт фаъолият мекунад, мо имкон пайдо менамоем, ки аз захираҳои дохилии кишвар фаровон истифода карда, ҳаҷми истеҳсоли ангиштро низ афзоиш диҳем.
Бояд гуфт, ки баробари ба фаъолият оғоз кардани корхона зиёда аз 700 нафар шаҳрвандони кишвар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд. Дар ҷараёни корҳои сохтмони иншооти мазкур зиёда аз 1600 нафар мутахассисону сохтмончиёни Тоҷикистону Чин фаъолона ширкат намуда,   мутахассисон ва сохтмончиёни иншооти энергетикии кишвар таҷрибаву малакаи касбии худро дар ин самт такмил доданд.
Дар баробари ин, барои таъмин намудани фаъолияти муназзами марказ 150 нафар мутахассисони тоҷик дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба таҳсилу таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Дар раванди корҳои сохтмон 100 нафар мутахассисони тоҷик аз ҳамкасбони чинии худ таҷрибаи идоракунии марказро аз худ намуда, имрӯз дар дастгоҳҳои назоратии марказ мустақилона фаъолият мекунанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Айни замон бо мақсади пайваст кардани шоҳлӯлаи гармидиҳӣ ба шабакаҳои гармигузаронии шаҳр ва дигар иншооту биноҳо корҳои васлкунӣ идома доранд.
Баробари ба истифода супурдани маркази мазкур мушкилоти гарм намудани манзилҳои зисти сокинон ва фаъолияти муназзами корхонаву муассисаҳо дар фасли тирамоҳу зимистон дар самти истифодаи неруи барқ се баробар кам гардида, дар навбати худ имконият фароҳам меорад, ки барқи аз ин ҳисоб сарфашуда ба шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт интиқол дода шавад.
Дар робита ба таъмини сокинони пойтахт бо гармӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони корхонаву идораҳо ва аҳолии пойтахтро бори дигар хотиррасон менамоям, ки корҳои таъмиру барқарорсозии шабакаҳои буғ ва оби гарм ва пайвастани хонаҳои истиқоматиро ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд анҷом дода, ба масъалаи истифодаи самараноку сарфакоронаи гармии истеҳсолшаванда ва неруи барқ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Боз як афзалияти дигари маркази нави барқу гармидиҳиро зикр бояд кард, ки дар он бо истифода аз дастовардҳои навтарин ва усулҳои муосири техникиву технологӣ барои безараргардонии партов ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дуди ангишт аз полоиши барқӣ (электрофилтр) гузаронда мешавад ва баъдан тавассути дастгоҳи махсус поксозӣ шуда, 99,8 фоизи он безарар гардонда мешавад. Баъдан хокистари ангиштсанг ба сифати партови истеҳсолӣ барои истеҳсоли семент истифода мегардад.
Ин ҳама нишонаи он мебошад, ки Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе - 2” ҳамчун лоиҳаи муваффақи энергетикӣ манфиатбахш будани худро собит месозад ва ба кор оғоз намудани он, бешубҳа, боз як қадами устувор ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ, яъне амалӣ гардидани ҳадафи стратегии кишварамон мебошад. Вале бояд гуфт, ки ҳарчи бештар ва самаранок истифода бурдани захираву имкониятҳои мамлакат аз заҳмати софдилонаи ҳар як фарди ҷомеа ва муносибати ғамхоронаву сарфакоронаи тамоми шаҳрвандон вобаста мебошад. Зеро дар баробари афзоиши истеҳсоли неруи барқ шумораи корхонаҳои саноатӣ ва аҳолӣ низ зиёд гардида, талабот ба неруи барқ торафт афзуда истодааст.
Аз ин хотир, зарур аст, ки дар баробари дигар чорабиниҳо барои нигоҳ доштани тавозун байни истеъмолу истеҳсол, воридот ва истифодаи технологияҳои каммасрафи барқӣ ва сарфаи неруи барқ дар тамоми бахшҳои иқтисодиёти кишвар ҳамаи чораҳо амалӣ карда шаванд.
Мехоҳам бо қаноатмандӣ зикр намоям, ки иншооти имрӯза боз як нишонаи заҳмати софдилонаи энергетикҳои мамлакат дар соли ҷашни муқаддаси биступанҷсолагии Истиқлолияти давлатӣ ва туҳфаи арзанда ба сокинони пойтахти давлати соҳибистиқлоламон мебошад.
Бори дигар ҳамаи сокинони пойтахтро ба муносибати оғози фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе – 2” табрик гуфта, ба бунёдкорону мутахассисон ва ҳамаи онҳое, ки дар сохтмони иншооти муҳим саҳми ватандӯстона гузоштаанд ва фаъолияти минбаъдаи онро таъмин мекунанд, саломатӣ ва барори кор орзу менамоям.
Ҳамеша сарбаланду муваффақ бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.12.2016    №: 241    Мутолиа карданд: 6303
28.06.2017


Хатлон. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ хуб ҷараён дорад

Ба хотири ғановати дастархони мардум

ШОҲҶОИЗА ВА ЧОР МЕДАЛИ БОНУВОНИ ТОҶИК

«КАФС». КОРХОНАИ НАВИ ХИШТ

Ҷаҳон дар як сатр

Покистон: оташгирии мошини нафтбар ва ҳалокати 140 нафар

Тоҷикистон ба низоми PosTransfer шомил мегардад

Аҳолии Қазоқистон ба 18 миллион нафар расид

Пас аз 7 сол Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ аз Чин мегузарад

Бишкек, Тифлис ва Миср - дар даҳгонаи арзонтарин шаҳрҳои дунё

Бердимуҳаммадов ба тараннуми фаъолтари дастовардҳои Туркманистон даъват намуд

22.06.2017


Вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Улуғбек Розуқулов

Баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Баррасии таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ

Тавсеаи муносибатҳо бо Кувайт

Ҷаҳон дар як сатр

Мухолифини Сурия ба президентии Асад дар марҳилаи гузариш ризоият доданд

Дар Филиппин мактабро аз чанги ҷангиён раҳо сохтанд

Шоҳи саудӣ вориси нави тахтро интихоб намуд

Аз боронҳои сел даҳҳо ҳазор ҷопонӣ тарки манзил кард

Дар Қазоқистон ислоҳоти тиб роҳандозӣ мешавад

21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед