logo

сиёсат

ИЗҲОРОТИ МУШТАРАК АЗ НАТИҶАИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 14 -18 декабри соли 2016 боздиди давлатӣ аз Ҷумҳурии Ҳиндустон анҷом дод.  Маросими истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раштрапати Бҳаван ва мулоқотҳои ӯ бо Президент Пранаб Мукерҷӣ, муовини президент М. Ҳамид Ансорӣ ва Сарвазир Нарендра Модӣ сурат гирифтанд.
Президенти Тоҷикистон ва Сарвазири Ҳиндустон доираи васеи масъалаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуданд. Гуфтушунидҳо дар фазои гарму самимӣ, ки эътимоди мутақобилро инъикос мекунад ва хоси муносибатҳои ду шарики стратегӣ бо пайвандҳои амиқи таърихӣ, забонӣ, одобу русум, ҳунар ва фарҳанг аст, баргузор шуданд. Ҳар ду роҳбар аз ҳамкории наздики ду кишвари дунявӣ,  сулҳҷӯ  ва ҳамҷавор изҳори қаноатмандӣ карданд. Бо ишора ба таҷлили 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соли 2017, онҳо тааҳҳуди хешро ҷиҳати боз ҳам баландтар бардоштани сатҳи муносибатҳои дуҷониба баён намуданд.  
Сарвазир  Нарендра Модӣ аз сафари бомуваффақияти худ ба Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2015 ёдовар шуд ва аз меҳмоннавозии гарм, ки нисбат ба ӯ сурат гирифта буд, изҳори қадрдонӣ кард ва гуфтушунидҳоро бо Президент Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи июли соли 2015 дар Душанбе ва моҳи июни соли 2016 дар ҳошияи вохӯрии сарони кишварҳои аъзои СҲШ дар Тошканд самарабахш арзёбӣ намуд.
Ду роҳбар ҳамкориҳои дуҷонибаро дар ҳавзаҳои мудофиа ва амният баррасӣ намуданд ва қарор шуд, ки ҳамкориҳо дар ин самт минбаъд низ таҳкиму тавсеа хоҳанд ёфт. Тарафҳо аз баргузории бомуваффақияти машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар сатҳи муовинони вазир 17 ноябри соли 2016 ва вохӯрии Гурӯҳи кории муштарак оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа 2 ноябри соли 2016 истиқбол намуданд ва ба мувофиқа расиданд, ки ин гуна машваратҳо бояд дар баробари Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ, Гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза алайҳи терроризм ва машваратҳои мунтазам байни шӯроҳои амнияти миллӣ дар ростои манофеи муштарак идома ёбанд.
Ҳар ду роҳбар вазъияти минтақаро баррасӣ карданд ва таъкид намуданд, ки терроризм ва ифротгароӣ ба сулҳ, субот ва пешрафти ҳамаи кишварҳо таҳдиди ҷиддӣ мекунанд.
Ҳар ду роҳбар ба мувофиқа расиданд, ки терроризм дар ҳамаи шаклҳо ва зуҳуроташ бояд бидуни фарқ гузоштан байни террористи бад ё хуб маҳв гардад ва дар ин росто даъват карданд, ки  ба сарпарастӣ, ҳимоят, таъмини паногоҳҳо ва шароити амн ба террористон хотима гузошта шавад. Ҳар ду роҳбар бори дигар азми худро ҷиҳати тақвияти ҳамкории дуҷониба бар зидди терроризм, тавсеаи робитаҳо дар заминаҳои амнияту дифоъ ва инчунин роҳандозии фаъолият дар самти қабули ҳарчи зудтари Конвенсияи фарогир оид ба терроризми байналмилалӣ дар чаҳорчӯби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуданд.
Барои амнияту суботи минтақавӣ ҳар ду роҳбар алоқамандии муштаракро ба таҳкими сулҳ, субот ва рушд дар Афғонистон таъкид намуда, ба пешбурди раванди сулҳ дар Афғонистон бо роҳбарӣ ва соҳибии худи афғонҳо ва мусолиҳаи миллӣ даъват карданд. Ҳамчун ҳамсояи Афғонистон, Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкории худро ҷиҳати мусоидат ба сулҳу рифоҳи Афғонистон идома хоҳанд дод.
Ҳар ду роҳбар аҳамияти роҳандозии иқдомҳои муштаракро барои тавсеа ва гуногунсозии тиҷорати дуҷониба, ки феълан ҷавобгӯи имконоту иқтидори ҳамкориҳо нест, таъкид намуданд. Онҳо аз баргузоршавии вохӯрии соҳибкорони ду кишвар дар Душанбе моҳи марти соли 2016 ва иштироки намояндагони доираҳои расмӣ ва соҳибкорони Тоҷикистонро дар  ярмаркаҳо ва намоишгоҳҳои Ҳиндустон истиқбол намуданд. Ҷониби Тоҷикистон сармоягузории Ҳиндустонро дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар чаҳор минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон, даъват намуд. Бо ишора ба саҳми Ҳиндустон дар таҷдиди НБО-и Варзоб-1, ҷониби Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Тоҷикистон сохтмони як қатор неругоҳҳои барқи обии хурду миёнаро ба нақша гирифтааст ва дар ин замина ширкатҳои ҳиндустониро ба сармоягузорӣ даъват намуд.
Ҳар ду роҳбар бар аҳамияти беҳтар намудани иртиботи минтақавӣ барои татбиқи иқтидори бузурги тиҷоратӣ таъкид карданд ва дар ин замина ба аҳамияти Долони байналмилалии нақлиётии «Шимол – Ҷануб» ишора намуданд. Президент Раҳмон аз имзои Созишномаи сеҷониба байни Ҳиндустон, Эрон ва Афғонистон оид ба таъсиси Долони нақлиётию транзитии “Чорбаҳор”, ки дар баробари дигар долонҳо дастрасии Тоҷикистонро ба бандарҳои баҳрӣ ва инчунин ба бозори фарохи Ҳиндустон фароҳам месозад, истиқбол намуд.
Ҷониби Тоҷикистон аз Ҳиндустон ҳамчун шарик дар соҳаи рушд қадрдонӣ кард.  Ҳар ду тараф ба тарҳҳое, ки мавриди татбиқ қарор доранд ва инчунин тарҳҳое, ки дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, омӯзиш ва рушди захираҳои инсонӣ, маориф ва фарҳанг дар назар аст, ишора намуданд. Президент Раҳмон ба ҷониби Ҳиндустон барои таъсиси лабораторияҳои компютерӣ дар 37 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии  Тоҷикистон, ки дар ҷараёни сафари Сарвазир Модӣ ба Тоҷикистон моҳи июли соли 2015 эълон шуда буд, изҳори сипос кард. Ду роҳбар ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар самти истифодаи технологияҳои кайҳонӣ барои рушд дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунанд. Онҳо бори дигар ҳавасмандии худро ба ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ барои таъмини худкифоӣ дар маҳсулоти ғизоӣ таъкид намуданд. Ҷонибҳо нисбат ба аҳамияти тавлид ва тақсимоти устувори неруи барқ барои рушди минтақа изҳори ҳамфикрӣ карданд. Президент Раҳмон ташаббусҳои Эътилофи байналмилалии кишварҳои офтобиро (International Solar Alliance) баланд арзёбӣ намуд ва изҳор дошт, ки тарҳҳои барқи офтобӣ метавонанд дар минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон муфид бошанд.
Ду роҳбар дар хусуси истифодаи имкониятҳо ҷиҳати афзоиши хатсайрҳои парвоз миёни ду кишвар дастур доданд. Дар ин замина аз мақомоти дахлдори ду кишвар тақозо шуд, ки машваратҳои дуҷонибаи консулиро барои баррасии роҳҳои содагардонии судури раводидҳои соҳибкорӣ, табобатӣ, саёҳатӣ ва дигар намудҳои раводид ба мақсади мусоидат ба табодули байнимардумӣ танзим намоянд.
Сарвазир Модӣ ва Президент Раҳмон ба мувофиқа расиданд, ки  25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ ба таври шоиста  тавассути баргузории фестивалҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳамоишҳо ва дигар чорабиниҳои муштарак таҷлил хоҳад шуд. Ду роҳбар ба табодули бештари филмҳо, барномаҳои телевизионӣ ва маҳсули дигар эҷодиёти фарҳангӣ миёни мардумони ду кишвар даъват намуданд.
Роҳбарон аз ҳамкории хуби ду кишвар оид ба масъалаҳои бисёрҷониба ва ҷонибдории мутақобил аз ташаббусҳои ҳамдигар дар Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Президент Раҳмон ба ҷониби Ҳиндустон барои ҳаммуаллифии Қатъномаи СММ оид ба эълони солҳои 2018 - 2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор”, ки пайгирона аз ҷониби Тоҷикистон пеш бурда мешавад, изҳори сипос намуд.
Роҳбарон ба ислоҳоти фарогири сохторҳои СММ даъват намуданд. Президент Раҳмон ҷонибдории Тоҷикистонро аз номзадии Ҳиндустон барои узвияти доимӣ дар Шӯрои амнияти СММ дар сурати васеъ шудани ин ниҳод, таъйид намуд. Ӯ, ҳамчунин аз узвияти комили Ҳиндустон дар Созмони ҳамкории Шанхай истиқбол кард.
Президент Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мардуми Ҳиндустон барои пазироии гарм ва ҳусни меҳмоннавозие, ки нисбат ба ӯ ва ҳайати ҳамроҳ дар рафти сафараш ба Ҳиндустон сурат гирифтанд, изҳори сипос намуда, аз Сарвазир Модӣ ва Президент Мукерҷӣ ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват ба амал овард.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2016    №: 248    Мутолиа карданд: 1935

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед