фарҳанг
СПИТАМОН. СИПАҲСОЛОР - ҲОМИИ ОЗОДӢ
Таърихи халқи тоҷик пурпечутоб ва моломол аз ҳаводиси ибратбахш аст. Саргузашти Спитамон, яке аз нахус-тин қаҳрамонҳои аҳди бостон бо ҳақиқату афсона сахт омезиш ёфта, дар мавриди лаҳзаҳои ҷудогонаи рӯзгор ва корномаҳои ӯ андешаву хулосаҳои мухталиф ҳукмфармост.
Чуноне аз рисолаи нави муаррих ва шарқшинос Луқмон Бойматов – «Спитамон» пайдост, таҳқиқот ва таълифот доир ба Спитамон ва муборизаҳои ӯ ба забонҳои гуногуни дунё шуда, нахустин маълумот дар бораи ӯ аз ҷониби муаррихи Юнони бостон Арриан то ба мо расидааст. Арриан, ки ба нигоштани фатҳу ғалабаҳои Искандари Мақдунӣ муваззаф буд, аз қаҳрамониву усули ҷангии Спитамон дар мавриди ҳифзи Осиёи Миёна ситоиш намуда, ба ӯ баҳои баланд медиҳад. Бино ба навиштаи Луқмон Бойматов, ошноӣ ва баррасии иҷмолии масоили марбут ба Спитамон нишон медиҳад, ки анҷоми пажӯҳиши ҷомеъ ва комили академӣ дар ин замина ҳанӯз дар пеш аст.
Бино ба таъкиди ӯ, аксари пажӯҳишгарони таърихи истилои Искандар аз шахсият ва тавонмандии Спитамон ба унвони диловартарин сипаҳсолори ориёӣ ва шоистатарин рақиби Искандар тавсиф кардаанд. Аз ҷумла, шарқшиноси маъруфи австриягӣ Ф. Шаҳермайр чунин менигорад: «Барои мардум фарде лозим буд, ки наҳзати муқовиматро рӯҳия бахшад ва ба ҳама вазъ омода ва бо тавфиқ битавонад сареан шӯълаҳои эътирозотро табдил ба оташи наҳзати умум намояд. Мардуми Суғд дар Спитамон ҳамин гуна шахс – ҳомии озодӣ ва муҳимтарин сипаҳсолорро, ки зидди Искандар истодагарӣ мекард, дарёфтанд». Воқеан ҳам, Спитамон бо шабехуну ҳуҷумҳои ногаҳонӣ ва тактикаи пухтаи ҷангӣ борҳо лашкари юнониёнро парканда карда, шикаст додааст ва Искандарро, ки ба чашидани ҳамешагии нашъаи ғалаба одат карда буд, сахт ошуфтаҳол намудааст.
Луқмон Бойматов дар рисолаи худ ба кушода додани симои воқеии Спитамон аз ҳар зовия дахл карда, аз ғаразҳои сиёсиву фарҳангӣ орӣ набудани баъзе аз навиштаҳои муаррихони даврони атиқаро ошкор месозад. Дар ин замина, ӯ кӯшиш кардааст, ки муборизаҳои милливу озодихоҳона будани ҷангу пархоши Спитамонро ба субот расонад.
Ба рӯйхати адабиёти истифодабурдаи муаллиф бо забонҳои англисиву русӣ назар кардан кифоя аст, то бидонем, ки рисола аз сарчашма ва фактҳои ҷолиби таърихӣ шодоб аст. Бо ин ҳама муаллиф таъкид мекунад, ки шӯриш ва ҷангҳои муҳофизатии Спитамон барои минбаъд зидди истилогарон мубориза бурдани насли оянда таҳрики ҷиддие медиҳад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.12.2016 №: 256-257 Мутолиа карданд: 2725