logo

сиёсат

СОҲИБКОРӢ МУҲАРРИКИ РУШДИ ИҚТИСОДИ КИШВАР

Н. ҲИКМАТУЛЛОЗОДА, вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ

- Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат замоне ироа шуд, ки ҷумҳурии мо ба марҳилаи нави рушд ворид шудааст. Натиҷаҳои назаррасе, ки дар соли 2016 кишвари азизамон ноил гардид, ба заҳмату кӯшишҳои пай дар пай ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут аст.
Қобили тазаккур аст, ки дар Паёми Президенти ҷумҳурӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари зикр намудани дастовардҳо, ҳамзамон камбудию  монеаҳои ҷойдошта дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ба таври возеҳ баён гардида, ҷиҳати рафъи онҳо ба вазорату идораҳои марбута супоришҳои дахлдор дода шуд. Аз ҷумла, Вазорати рушди иқтисод ва савдо муваззаф гардид, ки дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдор дар асоси омӯзишу таҳлилҳои ҳаматарафа бо мақсади суръат бахшидан ба раванди саноатикунонӣ, рушди истеҳсолот ва содирот механизми пешниҳоди дастгирии давлатӣ ва имтиёзҳоро ҷиҳати воридоти таҷҳизоту технологияҳои нав пешниҳод намояд.
Ҳамзамон, Ҷаноби Олӣ аз теъдоди зиёди мақомоти санҷишу назорат ва санҷишҳои бемавқеъ, ки ба рушди соҳибкорӣ монеа эҷод мекунанд, изҳори нигаронӣ карда, ба сохторҳои марбута  супориш доданд, ки масъалаи мазкурро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ҷиҳати беҳтаркунии вазъи мавҷуда ҳарчи зудтар таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кунанд.
Бо назардошти дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паём баён гардид, кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо тасмим гирифтаанд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати онҳоро таъмин намуда, саҳми худро дар рушди иқтисоди миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ гузоранд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2016    №: 258    Мутолиа карданд: 2206

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед