logo

фарҳанг

«ФАРҲАНГСАРОИ ОРИЁӢ». БОРГОҲИ МАЪРИФАТ

Чун ба маҷмааи «Фарҳангсарои ориёӣ»-и шаҳри Истаравшан ворид мешавед, бо муҳити таърихиву фарҳангии ин шаҳри бостонӣ, аксҳои ҷолиб, маҳфилгоҳу китобхона, кандакориву гаҷкориҳои олӣ, минётураҳои классикӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва пайкараву манументҳои қадимиву муосир ошно мегардед, ки аксарашон мутааллиқ ба маданияти ориёиянд.
Ин боргоҳи маърифат соли 2008, замоне, ки 1150 – солагии Одамушшуаро Рӯдакӣ дар саросари кишвар таҷлил мегардид, ба истифода дода шуд. Ин ҳодисаи фараҳбахш он сол басо рамзӣ буд ва идомаи корҳои созандагиву бунёдкории Ҳукумати кишвар ба шумор мерафт.
- Замоне ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 - ро «Соли гиромидошти тамаддуни ориёӣ» эълон карданд, шефтагони ин  маданияти бостонӣ ба Тоҷикистон бо назари неку хайрҳона нигариста, хостанд баъзе аз иқдомҳои созандаи худро дар кишвари мо роҳандозӣ кунанд. Аз ҷумла, Обтин Сосонфар, доктори ҳуқуқи байналмилал, Масъуд Миршоҳӣ, раиси Анҷумани Рӯдакӣ ва Меҳрафзун Сосонфар, раиси Анҷумани мероси ниёгон аз Фаронса ғояҳои адабпарваронаи моро хуш пазируфтанд ва барои сохтмони «Фарҳангсарои ориёӣ» маблағ ҷудо намуданд, - изҳор медорад Раънои Зоирдухт, роҳбари ин маҷмаа, раиси бахши Истаравшании «Бунёди забони давлатӣ».
Шукӯҳу шаҳомати фарҳангсаро зуд ба гӯши аҳли адаб ва зиёиёни кишвар ва хориҷ аз он расид. Назаре афкандан ба «Дафтари ёддоштҳо» - и ин маҷмаа кофист, то бидонем, ки меҳмонону фарҳангиёни зиёде аз кишварҳои Амрико, Англия, Фаронса, Ҷопон, Покистон меҳмони арҷманди ин боргоҳ шудаанд. «Фарҳангсарои ориёӣ» - ро дар ин маврид метавон ба осорхонаи хурде шабоҳат дод, ки дохили онро муҳити неку наҷиби адабиёту санъат фаро гирифтааст. Меҳмонон дар қайдҳои худ бо муҳаббат аз тоҷикону Тоҷикистон сухан гуфта, сарзамини бостониву фарҳангпарвар будани Ватани моро эътироф кардаанд.
Ин бинои муҳташам дар муқобили бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҷойгир буда,  ҷавонон ва наврасони шаҳр, ки ташнаи маънавиятанд, бо ин даргоҳи адаб зуд робита пайдо карданд. Шумораи иштирокчиёни маҳфилу чорабиниҳо рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Дар ин ҷо маҳфили «Гули сухан» бо ҷалби шоирону нависандагон ҳар ҳафтае як маротиб гузаронда мешавад, ки баҳри талқини адабиёт ва тарбияи навқаламон ҳиссаи шоистае дорад. Ба ҷуз ин, ҳафтаномаи «Ганҷи ороста», ки сардабирии онро Раънои Зоирдухт ба зимма дорад, ба нашр расида, беҳтарин намунаҳои маҳсули эҷодии наврасону ҷавононро тарғиб менамояд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.01.2017    №: 3    Мутолиа карданд: 3196

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед