logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ШЕЪРҲОИ КӮТОҲ ВА ПАНДҲОИ ҲАКИМОНА

Макун, то тавонӣ дили халқ реш,
В - агар мекунӣ, меканӣ бехи хеш.
***
Гурба шер аст дар гирифтани муш,
Лек муш аст дар масофи паланг.
                                                    Саъдӣ

Барои дунё ду нафар бош: яке барои худат ва яке барои дигаре, барои худат зиндагӣ кун ва барои дигаре зиндагӣ бош.

Ториктарин соати шаб соатҳои пеш аз тулӯи офтоб аст, пас ҳамеша умед дошта бош.

Сарбозеро гуфтанд:
Чаро ба ҷанг намеравӣ?
Гуфт:
Ба Худо савганд, ки ман як тан аз душманонро нашиносам ва ишон низ маро нашиносанд; пас душманӣ миёни мо чун сурат бандад?
                                                                                                                              Убайди Зоконӣ
Таҳияи Лола РИЗОЕВА

БОЗОР СОҲИБ ДОРАД
Ҳорун-ар-Рашид ба Баҳлӯл амр мекунад:
- Туро соҳиби бозори Бағдод мекунам. Дарҳол ба бозор рафта, корҳои онро ба тартиб дарор.
Баҳлӯл вориди бозор шуда, рост ба назди нонво меравад.  Он ҷо хамирро тарозу карда мебинад, ки нонво вазни хамирро камтар кашида, нон пухта ба мардум бо нархи вазни том мефурӯшад. Аз нонво мепурсад:
– Ҳой меҳнаткаш, корҳо чӣ тавр аст? Оё дар корат баракате ҳаст?
Нонво шикоят карда, посух медиҳад:
– Ин чӣ замона? Дар фурӯшу дар харидам баркате нест!
Баҳлӯл  ба назди нонвои дигар меравад. Хамири нони он ҷойро ҳам бар кашида мебинад, ки нонро бо вазни том пухта мефурӯшад. Аз нонво суол мекунад:
– Ҳой меҳнаткаш, хаста набошӣ! Оё дар корат баракате ҳаст?
Нонвой шукргузорона ҷавоб медиҳад:
– Шукри Худовандам! Дар корам баракати зиёд аст!
Баҳлӯл аз бозор баромада ба назди халифа Ҳорун рафту вазифаи нав талаб кард. Халифа дар ҳайрат афтода, пурсид:
– Чанд соат пеш корҳои бозорро ба тартиб дарорӣ гуфта, туро соҳиби бозор кардам! Чӣ шуд?
Баҳлӯл иброз медорад:
– Бозор соҳиб дорад, худаш ҷазову подошро муайян карда, корҳои онро ба тартиб даровардааст.
Таҳияи Р. КАРИМОВ

1. КАШФИ ПРОКСИМАИ СЕНТАВР b
Созмони аврупоии тадқиқоти ситорашиносӣ мавҷудияти сайёраи Проксимаи Сентавр b-ро тасдиқ кард. Вай дар атрофи ситораи наздиктарин ба Замин – паканаи сурх - Проксима Сентавр, дар масоҳати 4,25 соли рӯшноӣ давр мезанад. Сайёра аз рӯйи тахминҳо дар минтақаи зиндагибоби ситора – дар шароити ба таври максималӣ мувофиқ ба Замин ҷойгир аст.
Олимони донишгоҳи Марсел (Фаронса) ҳисоб карданд ва таркиби эҳтимолии қаъри Проксимаи Сентавр b – ро маълум карда, ба хулоса омаданд, ки эҳтимол дар сайёра уқёнус – яке аз аломатҳои ҳаёт мавҷуд бошад.
Акнун ба ситорашиносон муқаррарсозии қутри сайёраи нав лозим аст. Ин имкон медиҳад, ки шароити мавҷудияти сайёраро беҳтар муайян созанд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН

Ҳодисаҳои асроромез, сарбаста, пурмуаммо ҳамеша шавқи инсонҳоро бармеангезанд.
ФЕНОМЕН
Нимашаб, тамошои осмони пурситора ҳар шахсро, ки ҳанӯз рӯҳаш гирифтори танбалӣ ва қалбаш санг нагаштааст, мафтун месозад. Умқи пурасрори абадият дар пеши назари одами баҳайратзада кушода мешавад, ӯро ба андеша водор месозад, ки ибтидо чист, ҳамааш аз куҷо оғоз ёфтааст…
«Агар, навистаанд Н. Непомняший ва А. Низовский дар китоби худ «100 асрори бузург», дар бораи пайдоиши дунё иттилое гирифтанӣ шавем, ягон маълумотномаро мекушоему ин назарияро мехонем: Коинот ва Замин дар натиҷаи «таркиши азим» - е пайдо шудаанд. Яъне, дар ибтидо ҳамаи модда – ҷисм дар як «нуқта» ҷамъ буд, ки аз ҳад зиёд гармӣ дошт, баъд ин «нуқта» бо қувваи беҳад таркид. Дар натиҷа аз абрҳои беҳисоби ба атроф парокандашудаи тафсон оҳиста – оҳиста атомҳо, моддаҳо, сайёраҳо, ситораҳо, галактика ва ахиран ҳаёт пайдо шуданд. Ва имрӯз низ васеъшавии дунё идома дорад, кай ба охир мерасад: мумкин, замоне ки ба сарҳадҳои худ бирасад.  
Назарияи дигари пайдоиши дунё низ ҳаст. Мутобиқи он Коинот, Замин, ҳаёт, одамон ва ҳама чизи дигар офаридаи Эҷодгари Бузург, Офарандаи Беҳамто, яъне Худо мебошанд. Материалистон ба ин назария механданд, ҳол он ки қисми зиёди инсонҳо ба ин боваранд, ки оламро Аллоҳ офаридааст. Ва, аз ин рӯ, мо наметавонем ин назарияро нодида гирем.
Материалистҳо будани Неруи фавқулодаи бошуурро, ки Коинотро офаридааст, «ғайриилмӣ» медонанд. Мегӯянд, ки вай бо формулаҳои математикӣ шарҳ дода намешавад. Илмӣ он чизест, ки бо формулаи математикӣ шарҳ меёбад. Аммо яке аз мушкилоти тарафдорони «таркиши азим» дар он аст, ки ягон пешниҳоди онҳо дар хусуси пайдоиши олам тавассути «таркиши азим» бо формулаҳои математикӣ исботи худро наёфтааст. Мутобиқи назарияи «таркиши азим» ҳолати ибтидоии Коинот монанд ба нуқтаи ҳаҷман беинтиҳо хурд, беинтиҳо зич ва беинтиҳо тафсон буд. Ин ҳолати Коинот бошад, ба мантиқи математикӣ намегунҷад ва ба ақл ҳам рост намеояд, зеро исботнашаванда аст. Дар борааш ягон ҳарфи илмӣ ҳам гуфта намешавад. Аз ин рӯ, ин ҳолат дар байни олимон «феномен» ном гирифт.  
Имрӯз дар атрофи «феномен» олимони физикаю математика, файласуфон ва диндорон ақидаҳои ҷолибу ба ҳам зид иброз медоранд. Аммо, ҳатто назарияи эҳтимолияти Эйнштейн ҳам дар ҳалли он оҷиз мондааст. Ҳоло ақидае роиҷ аст дар байни олимон, ки Коинотро Ақли Кулл, ки ба тасаввуроти одам намегунҷад, яъне Худо офаридааст, зеро худ аз худ чизе пайдо шуданаш ғайриимкон аст. Ин ақидаро олимони илмҳои дақиқ, ҷоизадорони Нобел, назариядонони беҳамто Ҷорҷ Уэйлд ва Уилям Маккри низ ҷонибдоранд ва гуфтаанд, ки пайдоиши Олам ба қудрати Парвардигор аст.
Баъзе олимон назарияи «каму зиёдшавии Коинот» - ро пешниҳод сохтаанд. Ба ақидаи онҳо, Коинот беҳудуд аст, гоҳ – гоҳе дар як нуқта ҷамъ мешавад ва боз то ба як сарҳади муайяне расидан, васеъ мегардад. Чунин Коинот на оғоз ва на интиҳо, танҳо давраи васеъшавӣ ва зичшавӣ дорад. Баробари ин, муаллифони ин назария таъкид мекунанд, ки Коинот ҳама вақт буд, бо ин онҳо саволро дар бораи «оғози пайдоиши дунё» аз байн мебардоранд.  Вале гап дар сари он аст, ки то ҳол механизми «каму зиёдшавии Коинот» - ро ягон олим пешниҳод накардааст. Физикдон Стивен Вайнберг дар китобаш «Аввалин се дақиқа» менависад, ки баъди ҳар як «каму зиёдшавии Коинот» бояд миқдори таносуби шумораи фотонҳо нисбат ба шумораи нуклеинҳо зиёдтар шавад, ки ин боиси хомӯшшавии «каму зиёдшавӣ» мегардад. Аз ин мебарояд, ки «каму зиёдшавии Коинот» интиҳо дорад, пас, Коинот оғоз ҳам доштааст… Ва мо боз ба мушкилоти ибтидои Коинот – ба асрори зери парда бармегардем…
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ

ДАРАХТ. ЯК ПАРДОХТИ АҶОИБ
Дар деҳаи Амбикапури вилояти Чхаттисгархи Ҳиндустон мактабест, ки усули пардохти маблағи таҳсилро ба таври ғайриодӣ ба роҳ мондааст. Бар ивази пардохти маблағи таҳсил волидайн бояд ҳамроҳи фарзанд ҳадди ақал як дарахт шинонда, то ба камол расиданаш онро нигоҳубин кунанд. Агар рафту дарахт хушк шуд, бар ивази он бояд дарахти нав шинонанд.
Чунин ташаббус аз тарафи яке аз тоҷирони маҳаллӣ пешниҳод шуда, барои оилаҳое пешбинӣ шудааст, ки имкони пардохти маблағи таҳсилро надоранд. Ҳадаф танҳо аз пардохти ҳаққи таълим озод намудани хонандагони оилаҳои камбизоат набуда, балки таблиғи ҳифзи табиат низ мебошад.
Айни ҳол, дар мактаб 35 хонандаи синну солашон аз 4 то 5 - сола таҳсил мекунанд. Ба ин васила тӯли чанд соли охир зиёда аз 700 дарахт парвариш шудааст.
Таҳияи  Р. КАРИМӢ

ДАРАХТОНИ ДАРОЗУМР
МАФУСАИЛ
Мафусаил арчаи кӯҳист, ки 4841 сол умр дорад ва куҳансолтарин ҷони зинда дар рӯи замин маҳсуб мешавад. Маскани ҷойгиршавии дарахтро пинҳон медоранд, то издиҳоми мардум ба нашъунамои он халал нарасонанд. Мафусаил дар Парки миллии Калифорния байни кӯҳҳои Инё ва Уайт – Маунтис мерӯяд. Аз ин дарахти қадимтар Прометей ном дошту 4900 сола буд. Онро соли 1964 олимон бо иҷозати ҳукумат барои таҳқиқот буриданд.

САРВИ ЗАРДУШТ
Ин сарв дар деҳаи Абаркӯҳи Эрон мерӯяду 4000 сол умр дорад. Сарв 25 метр баландӣ ва 18 метр ғафсӣ дорад. Тахмин меравад, ки ин дарахтро худи Зардушт шинондааст, аммо ин иштибоҳ аст. Чунки  сарв якуним - ду ҳазор сол аз Зардушт бузургтар аст.

ТИС ЛЛАНГЕРНЕВ
Синну соли дарахтонро бо мушкилӣ муайян мекунанд. Аммо дарахте, ки дар деҳаи Ллангернев, дар Уэлси Шарқӣ ҷойгир аст, аниқ 4000 сол умр дорад. Ғафсии тани он 11 метр ва мувофиқ ба синну солаш аст.
Таҳияи Холназар КАСИРОВ

ДИЛИ ИНСОН. КРИСТИАН БЕРНАРД. АВВАЛИН НАФАРЕ, КИ ОНРО ИВАЗ НАМУДААСТ
Соли 1967 ҷарроҳи Африқои ҷанубӣ Кристиан Бернард ҷарроҳии нодиреро анҷом дод. Ӯ дили Дениз Дарвали 25 - соларо, ки дар садамаи нақлиётӣ  ҳалок шуда буд, бо  дили бемори Луис Вашканскоми  55 - сола иваз намуд. Кристиан дар ҷаҳон нахустин нафарест, ки  ин корро анҷом додааст.  Луис баъди анҷоми ҷарроҳӣ 18 рӯз зиндагӣ намуд. Аммо на аз бемории дил, балки аз бемории газаи шуш фавтид.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ

ЗУДТАРИН ГОЛ ДАР ТАЪРИХИ ФУТБОЛ
Голҳои зудтарин дар таърихи футбол аслан дар зарфи чанд сония аз маркази майдон зада мешаванд. Аз ҳама зудтарин гол дар таърихи футбол дар зарфи ду сония аз ҷониби футболбози дастаи ҷавонони «Ал Ҳилол» - и Арабистони Саудӣ Навафалал Абед дар соли 2009 зада шудааст. Вале, ин голро дар таърихи футбол ба ҳисоб нагирифтанд, зеро дертар худи бозӣ бекор карда шуд.
Расман голи зудтарини рекордӣ дар футболи касбӣ ба футболбози 35 – солаи рус Михаил Осипов мутааллиқ аст. Ӯ дар ҳайати «МИТОС» (Новочеркаск) дар дидор бо тими «Олимп» аз Геленҷик ҳунарнамоӣ карда, зарфи 2,68 сония ба задани голи таърихӣ шарафёб гаштааст. Бархе расонаҳои хабарии Русия тасдиқ кардаанд, ки тӯб дар 2 сония вориди дарвоза гардидааст.
Васоити ахбори оммаи Англия ин голро дар таърихи футбол чун зудтарин гол пазируфтаанд.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ

«CITU MONTESSORI  SCHOOL»  МАЪРУФТАРИН МАКТАБ ДАР ОЛАМ
Ҷагдиш Ганди, сокини шаҳри Лакнауи Ҳиндустон, ҳамчун муассиси калонтарин мактаб дар олам эътироф шудааст. 
42 сол муқаддам Ҷагдиш  баъди хатми коллеҷ дарк намуд, ки орзуи асосиаш дар зиндагӣ аз худ номи нек гузоштан аст. Бо ин мақсад ӯ бо  маслиҳати ҳамсараш Бхарти 300 рупияи ҳиндӣ қарз намуда, як иморати хурдро иҷора гирифт ва мактаби шахсии «Citu Montessori  school» - ро  асос гузошт. Рӯзҳои аввал дар ин муассиса 5 нафар таҳсили илм менамуданду халос. Соли 1999  шумораи  хонандагон ба  22612 расид. Айни замон, дар мактаб 47000 хонанда таҳсил намуда,  шумораи омӯзгорону кормандонаш ба 3800 нафар расидааст. Ин даргоҳ ҳамчун калонтарин муассисаи таълимӣ шомили  китоби «Рекордҳои Гиннес» гардид.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО 

ДУГОНИКҲОЕ, КИ СОЛҲОИ ГУНОГУН ТАВАЛЛУД ШУДАНД
Дар иёлоти Аризонаи Америка ба дунё омадани дугоникҳо Сойер ва Эверетт ба таври аҷоиб рӯй дод. Онҳо бо якчанд дақиқа тафовут аз тавлидашон, дар солҳои гуногун ба дунё омадаанд.
Шаби Соли нав Холли Шэйро, ки ҳомила буд баробари шиддат гирифтани дард ба таваллудхона бурданд. Сойер 31 декабри соли 2016 соати 23:51 ва бародари ӯ Эверетт 1 январи соли 2017 соати 00:01 ба дунё омаданд.
Мувофиқи маълумоти ВАО дар ИМА рӯзи 31 декабр ҳодисаҳои ба ҳамин монанд боз дар шаҳри Атлантаи иёлати Ҷорҷия ва шаҳри Сан - Диегои Калифорния ба қайд гирифта шудаанд.
Таҳияи М. ПАЙК

СТУДЕНТ ВА ПРОФЕССОР
Дар таҷрибаи мо баҳсҳои зиёди устодонро бо шогирдон дидаем. Вале, ҷолибияти ин баҳс ҳамин аст, ки ҷилави суҳбат дар дасти шогирд аст.
Студент: Профессор, сардӣ вуҷуд дорад?
Профессор: Саволи ноҷо, албатта вуҷуд дорад. Магар ту онро ҳис накардаӣ?
(Студентон барои чунин савол ба ҳоли ҷавон хандиданд)
Студент: Вале дар асл, ҷаноб, сардӣ вуҷуд надорад. Тибқи қонунҳои физикӣ он чизеро, ки мо сардӣ мепиндорем, на сардӣ, балки далели набудани гармист. Ҳангоме ки ҳарорат ба сифр баробар мешавад, тамоми материя беҳаракат ва карахт мегардад. Пас, метавон хулоса кард, ки сардӣ вуҷуд надорад. Яъне, сардӣ мафҳуми сохта мебошад.
(Толорро хомӯшӣ фаро гирифт)
Студент: Профессор, торикӣ вуҷуд дорад?
Профессор: Албатта. Магар шаб торикӣ нест?
Студент: Шумо боз ҳам хато кардед, профессор. Торикӣ низ вуҷуд надорад. Дар асл, торикӣ далели набудани рӯшноист. Мо метавонем рӯшноиро бисанҷем на торикиро. Шумо наметавонед, ки торикиро чен кунед. Шуои нур метавонад торикиро рӯшан созад, вале чӣ гуна метавон фаҳмид, ки фазо то кадом андоза торик аст? Ҳамин тавр не ? Акнун, ҷаноб, бигӯед, оё марг вуҷуд дорад?
Профессор: Албатта. Ҳаёт вуҷуд дорад ва марг акси он аст.
Студент: Шумо боз ҳам хато кардед, профессор. Марг на акси зиндагӣ, балки далели набудани ҳаёт аст.
Профессор хомӯшона ба курсӣ нишаст. Номи студенте, ки дар баҳс профессорро мулзам кард, Алберт Эйнштейн буд, ки соли 1921 дар риштаи физика соҳиби мукофоти Нобел гашт.
Ш. ШОКИРОВ, тарҷума аз русӣ

СЕҲРИ ЧАШМҲО
• Замони ба шахси дӯстдоштаатон нигаристан гавҳараки чашмонатон 45 дарсад калон мешаванд.
• Дар дунё ҳеҷ кас чашмонашро кушода атса зада наметавонад.
• Ҳаҷми гавҳараки чашмони инсон вақти таваллуд шуданаш чӣ хеле, ки  бошад, дар давоми умраш бетағйир мемонад. Гӯшҳо ва бинӣ баръакс, аз сабзидан ҳеҷ гоҳ намемонанд.
• Кайҳоннавардон замони ба фазо баромаданашон гириста наметавонанд, зеро таҳти таъсири ҷозиба (гравитатсия) ашки чашмонашон ба пулакчаҳои хурд табдил ёфта, чашмонро ба сӯзиш меоранд.
• То дуҳафтаина шудани кӯдак аз чашмонаш заррае ашк намебарояд.
• Ҳар як чашм зиёда аз 107 миллион ҳуҷайра дошта, ҳамаи онҳо равшаниро эҳсос менамоянд.
• Кӯдаки навзод танҳо ашёҳои дар масофаи 38 сантиметр воқеъбударо дида метавонад. Вақти фарзандашро макондани модар рӯйи ӯ аз кӯдак тақрибан дар ҳамин масофа ҷойгир аст.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ

ВЕНЕТСИЯ.   ШАҲРИ БОЛОИ ОБ
25 марти соли 421 дар мувофиқа бо се давлати шоҳигарӣ аз Падуӣ дар ҷазираи Реалто сохтмони шаҳри Венетсияро таҳрезӣ намуданд. Соли 466 аллакай Венетсия яке аз шаҳрҳои зебои обии замони худ шинохта шуд. Венетсиягиҳо барои идомаи зиндагӣ дар ҳар як ваҷаби хушкии байни об хона месохтанд. Онҳоро ҳамчун шиноварон ва савдогарони машҳури моҳӣ  этироф мекарданд. Ногуфта намонад, ки ҷазираи Реалто дар аввал хело хурд буд, аммо мардум бо заҳматҳои зиёд он маконро обод карданд. Аввалин хонаҳое, ки он ҷо қомат афрохтанд, чӯбин буданд. Баъзеи онҳо то ҳол побарҷоанд.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА

ПОСУХ БА МУАММОИ КӢ БА КӢ КӢ МЕШАВАД?
Хонандаи рӯзнома Гулнора Азизова аз  шаҳри Душанбе, корманди китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар, ба муаммои “Кӣ ба кӣ кӣ мешавад?”, ки дар  № 237 (23059) дарҷ гардидааст, чунин посух фиристод:
Он мард ба падараш ҳам хусуру ҳам фарзанд;
Мард ба занаш ҳам шавҳару ҳам набера;
Духтар ба модараш ҳам фарзанду ҳам хушдоман;
Модар ба духтараш ҳам модару ҳам зани бародараш мешавад.
Хонандаи дигар Ташриф Маҳмадзода чунин пайвандҳои хешутаборӣ дарёфтааст:
Кӯдак ба падараш ҳам фарзанду ҳам абера;
Модари кӯдак ба шавҳараш ҳам ҳамсару ҳам набера;
Мӯйсафед ба занаш ҳам ҳамсару ҳам бобо;
Зани писар ба мӯйсафед ҳам синҳору ҳам хушдоман аст.
Таҳияи Мирзои ФИРӮЗ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.01.2017    №: 4    Мутолиа карданд: 785

17.01.2017


Вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдо

Мулоқот бо мудири иҷроияи Сандуқи саудии рушд

Боғи «Истиқлол» ба макони сайру тамошо табдил меёбад

Иштироки Лутфия Абдулхолиқзода дар Форуми байналмилалӣ

"ТОҶИКСТАНДАРТ". Назорат пурзӯр мегардад

Санҷишҳо нишон доданд...

Пардохти нафақаи беш аз 12 ҳазор нафар қатъ гардид

Як ҳафтаи варзиш

16.01.2017


Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти таҷлили Ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ

Барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ бо Монако

Вусъати корҳои ободонӣ

Данғара. Ифтитоҳи корхонаи дӯзандагӣ

Бунёди маҷмааи варзиш дар Конибодом

КАДР. Норасоӣ эҳсос мешавад

ОБТАЪМИНКУНӢ. Вазъ беҳтар мегардад

ҶАРИМА - 464 ҳазор сомонӣ

Таъсиси чор озмоишгоҳи ҳозиразамон дар ДАТ

ДТТ: авлавият ба ҷавонони ихтироъкор

13.01.2017


Шарҳи ВКХ ба изҳороти мансабдорони афғон

Баррасии татбиқи лоиҳаҳои муштарак

Озмуни беҳтарин сенария эълон гардид

Дастгирӣ аз лоиҳаи сохтмони роҳи оҳан

Сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуд

Сипосномаи академияи илмҳо ба рӯзнома ва хабарнигори "Ҷумҳурият"

Як қадам ба пеш дар бораи маркази илмӣ - таҳқиқотии технологияи инноватсионӣ дар АИ

Донишҷӯёни хориҷӣ забони тоҷикӣ меомӯзанд

Соли ҷавононро чорабиниҳои зиёд интизоранд

Таъсиси 6 ихтисоси нав дар ДДТТ

12.01.2017


Масъалаҳои истифодаи захираҳои об баррасӣ гаштанд

Озмуни ҷумҳуриявии «Биё бо ҳам бихандем»

Беш аз 11 миллион сомонӣ ба бонувони соҳибкор

Хуҷанд. Таъсиси шабакаи телевизионӣ

ТИБ. Аз доруҳои қалбакӣ то ришваситонӣ

Робитаҳои тиҷоратӣ густариш меёбанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед