logo

энергетика

CASA – 1000. АФЗОИШИ ТАВАҶҶУҲИ БУЗУРГТАРИН ШИРКАТҲОИ ҶАҲОНӢ БА ИН БАРНОМАИ ФАРОМИЛЛӢ

Моҳи декабри соли гузашта котиботи Шӯрои байниҳукуматии CASA-1000 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб вохӯрии қаблазтендерии ширкатдорони эҳтимолии  қисмати барномаро оид ба бунёди зеристгоҳҳои пуриқтидори барқӣ бо иштироки беш аз 75 намояндаи ширкатҳо ва созмонҳои  бонуфузтарини ҷаҳон, назири АВВ, АВЕА,СЕЕС,  GE – Alstom Ciemens, CET, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, Бонки ҷаҳонӣ, USAID, доир намуд. Тавре торнамои барномаи CASA -1000 (CASA -1000. org.) хабар додааст, намояндагони ширкату созмонҳо, ки  иштирокашон дар татбиқи қисматҳои барнома имконпазир аст, бо тафсилоту вижагиҳои бунёди зеристгоҳҳои пуриқтидори ҷамъсозию интиқоли барқ дар мавзеъҳои Сангтӯдаи Тоҷикистон ва Навшаҳри Покистон, маҷмӯъ ва раванди хариди таҷҳизоту ашёи зарурӣ, муҳлат ва шарту шароити дигари  бунёди ин қисмати татбиқи  барномаи CASA -1000 шинос шуданд. Котиботи Шӯрои байниҳукуматӣ тасмим гирифт, ки  пешниҳоди дархостҳо барои иштирок дар тендер то 27 апрели соли равон идома ёбад. Ин имкон медиҳад, ки ба татбиқи барнома шумораи бештари ширкату созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ  намоянд.
Раванди ҷалби созмону ширкатҳо  барои бунёди зеристгоҳҳои Сангтӯдаю Навшаҳр моҳи октябри соли 2016 ҷараён  гирифт. Маълумоти муфассал оид ба ин зеристгоҳҳо дар сомонаҳои расмии ҳамаи кишварҳои фарогири барнома ба забонҳои англисӣ ва русӣ ба табъ расидааст.
Барномаи минтақавии CASA - 1000 (Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ) марҳилаи муҳимтарин дар таърихи ҳамкориҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон маҳсуб ёфта, татбиқи он интиқоли неруи барқро аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон таъмин  менамояд. Инфрасохтори истеҳсолии барнома омода буда, ҳаҷми неруи барқи зиёдатӣ дар кишварҳои Осиёи  Марказӣ, бе назардошти ба кор андохтани иқтидорҳои нави энергетикӣ, барои ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ интиқол додани он  дар ҳаҷми пешбининамудаи барнома басанда мебошад. Ҳамчунин, як қисмати барнома (бунёди зеристгоҳи Даткаи Қирғизистон) омода аст. Барнома бунёди хатҳои баландшиддати интиқоли барқро аз Датка то Хуҷанд (500 кВ, 447 км), аз Сангтӯда то Кобул ва Пешавар (750 км), зеристгоҳҳои пуриқтидор бо тавоноии 1300 мВт дар Сангтӯдаю Навшаҳр ва 300 мВт дар Кобул, сохтмони  таҷҳизоти зиёди дигари ёрирасон, ҷамъсозӣ  ва интиқоли неруи барқро дар бар мегирад. Ҳадафи асосии барнома таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, бунёди бозори минтақавии хариду фурӯши  барқ ва суди умумӣ бардоштани ҳамаи кишварҳои фарогири барнома, таъсиси ҷойҳои нави кор ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Маблағи умумии барнома қариб 1 миллиард доллари ИМА-ро ташкил  медиҳад.
А.САЙВАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.01.2017    №: 4    Мутолиа карданд: 761

17.01.2017


Вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдо

Мулоқот бо мудири иҷроияи Сандуқи саудии рушд

Боғи «Истиқлол» ба макони сайру тамошо табдил меёбад

Иштироки Лутфия Абдулхолиқзода дар Форуми байналмилалӣ

"ТОҶИКСТАНДАРТ". Назорат пурзӯр мегардад

Санҷишҳо нишон доданд...

Пардохти нафақаи беш аз 12 ҳазор нафар қатъ гардид

Як ҳафтаи варзиш

16.01.2017


Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти таҷлили Ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ

Барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ бо Монако

Вусъати корҳои ободонӣ

Данғара. Ифтитоҳи корхонаи дӯзандагӣ

Бунёди маҷмааи варзиш дар Конибодом

КАДР. Норасоӣ эҳсос мешавад

ОБТАЪМИНКУНӢ. Вазъ беҳтар мегардад

ҶАРИМА - 464 ҳазор сомонӣ

Таъсиси чор озмоишгоҳи ҳозиразамон дар ДАТ

ДТТ: авлавият ба ҷавонони ихтироъкор

13.01.2017


Шарҳи ВКХ ба изҳороти мансабдорони афғон

Баррасии татбиқи лоиҳаҳои муштарак

Озмуни беҳтарин сенария эълон гардид

Дастгирӣ аз лоиҳаи сохтмони роҳи оҳан

Сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуд

Сипосномаи академияи илмҳо ба рӯзнома ва хабарнигори "Ҷумҳурият"

Як қадам ба пеш дар бораи маркази илмӣ - таҳқиқотии технологияи инноватсионӣ дар АИ

Донишҷӯёни хориҷӣ забони тоҷикӣ меомӯзанд

Соли ҷавононро чорабиниҳои зиёд интизоранд

Таъсиси 6 ихтисоси нав дар ДДТТ

12.01.2017


Масъалаҳои истифодаи захираҳои об баррасӣ гаштанд

Озмуни ҷумҳуриявии «Биё бо ҳам бихандем»

Беш аз 11 миллион сомонӣ ба бонувони соҳибкор

Хуҷанд. Таъсиси шабакаи телевизионӣ

ТИБ. Аз доруҳои қалбакӣ то ришваситонӣ

Робитаҳои тиҷоратӣ густариш меёбанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед