logo

иҷтимоиёт

ЧОЙ. ДАҲ АМАЛИ МАМНӮЪ ДАР ИСТИФОДАИ ОН

Бо вуҷуди хусусиятҳои мусбат ва ба организми одам таъсири муфид доштан чой дар сурати истеъмоли нодуруст метавонад зарар ҳам расонад. Дар фарҳанги чойнӯшии чинӣ дар ин бобат тазкирае ҳаст бо номи «Даҳ амали мамнӯъ ҳангоми чойнӯшӣ», ки донистани он аз манфиат холӣ нест.

Манъи чойнӯшӣ ба меъдаи холӣ. Вақти чойи талх нӯшидан, табиати сарди чой дарун рафта, мисли «даромадани гург ба рама», метавонад талхадон ва меъдаро сард созад. Дар Чин аз қадим мегуфтанд, ки «ба дили гурусна набояд чой нӯшид».
Манъи нӯшидани чойи сӯзон. Чойи аз ҳад сӯзон гулӯ, сурхрӯда ва меъдаро озурда мекунад. Пайваста нӯшидани чойи ҳарораташ аз 62 дараҷа баланд деворҳои меъдаро реш-реш карда, бемориҳои гуногуни меъдаро меангезад. Ҳарорати чой набояд аз 56 дараҷа боло бошад.
Манъи нӯшидани чойи сард. Агар чойи ширгарм ва гарм шахсро бардам ва фикру чашмашро равшан кунад, чойи сард боиси ҷамъшавии балғам мегардад.
Манъи нӯшидани чойи аз ҳад талх. Миқдори зиёди кофеин ва танин дар чойи талх метавонад сабаби дарди сар ва бехобӣ шавад.
Манъи тӯлонӣ дам кардани чой. Дар ин маврид ғизонокии чой аз ҳисоби туршшавии витаминҳои С ва Р – и дар баргҳои чой мавҷудбуда ва дигар моддаҳои муфид коҳиш ёфта, миқдори микроорганизмҳои зарарнок, аз ҷумла бактерияҳо, меафзояд.
Манъи дамкунии чандинкарата. Вақти якум бор чой дам кардан 50 дарсади моддаҳои барги чой берун мешаванд, маротибаи дувум 30 дарсад ва бори сеюм ҳамагӣ 10 дарсад. Дар сурати минбаъд низ дам кардан моддаҳои зарарноки баргҳо мебароянд.
Манъи чойнӯшӣ пеш аз хӯрок. Миқдори зиёди чойи пеш аз ғизо нӯшида ба суюқшавии оби даҳон меорад, ғизо ба назар бемазза менамояд, ғайр аз ин, протеинро узвҳои ҳозима суст аз худ мекунанд. Яъне чойро  20 - 30 дақиқа пеш аз тановули хӯрок нӯшед.
Манъи чойнӯшӣ баъди хӯрдани ғизо. Дарҳол баъди хӯрокхӯрӣ бисёр чой ё об нӯшидан ба коҳиши тамаркузи оби меъда меорад, ки он боиси сустшавии ҳазм гашта, кори ҳама узвҳои ҳозимаро вайрон мекунад. Агар пас аз ғизо чой нӯшидан хоҳед, 20 - 30 дақиқа сабр кунед.
Манъи хӯрдани дору бо чой. Моддаҳои даббоғие, ки дар чой мавҷуданд, танин ҳосил мекунанд, ки аз он бисёр доруҳо таҳшин шуда, баъд ҳазм мешаванд. Аз ин рӯ, чиниҳо мегӯянд, ки чой таъсири доруро рад мекунад.
Манъи нӯшидани чойи дирӯза. Чойе, ки як шабонарӯз истодааст, на танҳо витаминҳоро гум мекунад, балки муҳити мусоид барои бактерияҳо мешавад. Аммо, агар чой дар ин муддат вайрон нашуда бошад, онро барои табобат истифода бурдан мумкин аст. Зеро он аз кислотаҳо ва фтор бой буда, ҳангоми шамолхӯрии даҳон, дарди забон, милкҳои хунрав, ҷароҳатҳои рӯи пӯст давои хубест. Ғарғараи даҳон пеш аз дандоншӯӣ ва пас аз хӯрдани ғизо на танҳо эҳсоси тароват медиҳад, ҳамчунин дандонҳоро мустаҳкам мекунад.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2017    №: 5    Мутолиа карданд: 1942

29.05.2017


Иштироки Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарвазирони давлатҳои ИДМ

Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Баррасии масъалаҳои мубориза бо коррупсия ва роҳҳои пешгирии он

Номаҳои шодбошӣ ба унвони Ҳошим Гадоев

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ. Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат - раҳнамои ҷавонон

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳаёти беш аз 24 миллион кӯдак зери хатар аст

Сарони G7 мубориза бо киберҷинояткоронро пурзӯр карданианд

НАТО ба эътилофи байналмилалӣ алайҳи “ДИ” ҳамроҳ мегардад

Маскав ба СММ лоиҳаи конвенсияи мубориза бо киберҷиноятро манзур сохт

Теъдоди ҷиноятҳои террористӣ дар Русия 10 маротиба коҳиш ёфт

28.05.2017


ХАТЛОН. Вохӯрии раиси вилоят бо ҷавонон

Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон. Чорабиниҳои идона дар Дубай ва Пекин

Як ҳамоиши муҳим

Гӯшаи кишоварз

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед