logo

иҷтимоиёт

ДАҲШАТАФКАНӢ. БО ИН ЗУҲУРОТ МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА МЕБОЯД

Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлубе мебошанд, ки дар нимаи дуюми асри ХХ ва ибтидои асри ХХI  ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфтанд. Террористон бо таркондану оташ задани манзилҳои истиқомативу иншооти ҳаётан муҳим, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, таҳдиди куштан ва нобуд кардани ходимони давлатӣ ва сиёсӣ, ташвиқоти ғояҳои ифротӣ, созмон додани ташкилотҳои террористӣ ва содир намудани дигар ҷиноятҳои хавфнок дар дили мардуми осоишта тарс меафкананд. Онҳо аз тариқи сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, варақаву дастурҳои иғвоангез ва ваъдаҳои дурӯғин мехоҳанд сафи аъзои худро зиёд намоянд.

Мутаассифона, баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон низ  фирефтаи  таблиғоти бардурӯғи онҳо гардида, дар амалиётҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар кишварҳо иштирок доранд.  Ҳодисаи кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистон, аз вилояти Хатлон, ки бо ҳафт фарзанд, ҳамсар ва хоҳару шавҳари хоҳараш озими Сурия гашта, баъди се моҳи дар ҳайати гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҷангиданаш ба ҳалокат расидааст, боиси ташвишу нигаронист. Ин ҳодисаро расонаҳои хабарӣ таҳти унвони “Яке барои Ватан қурбон шуд, дигаре маро қурбон кард” ба нашр расонда, андешаҳои падари куҳансоли ӯро, ки ду фарзандаш, яке зимни барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва дигарӣ дар Сурия ба ҳалокат расидаанд, баён медорад.
Бояд гуфт, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амният дар тамоми кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин самт Ҳукумати мамлакат тадбирҳои саривақтӣ ва муассир андешидааст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз 12 ноябри соли 2016,  “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм  барои солҳои 2016 - 2020” тасдиқ карда шуд. Он самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муқовимат ба экстремизм  ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба ин зуҳуроти номатлуб мусоидаткунанда  мушаххас менамояд. Назорати иҷрои Стратегияи миллӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ вобаста ба иҷрои он ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.
Имрӯз дар Тоҷикистон тамоми имконоти муқовимат бо терроризм ва экстремизм фароҳам буда, аз аҳли ҷомеа тақозо мешавад, ки муборизаро бо ин зуҳуроти номатлуб пурзӯр намоянд. Танҳо дастаҷамъона метавонем амнияту осоиши хонадонамонро аз вуруди ғояҳои бегона, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, гаравидани онҳо ба ин зуҳурот ҳифз ва дар амн нигоҳ дорем.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2017    №: 7    Мутолиа карданд: 2210
22.07.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Содироти маҳсулот ба маблағи беш аз 230 миллион доллар

Таҷдиди НБО Қайроққум моҳи сентябр оғоз мегардад

ЛАХШ. Беш аз 750 ҳазор сомонӣ барои зарардидагон

20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ

19.07.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода ва Кристиа Фриланд

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Даромади софи бонк ба 15 миллион сомонӣ расид

Ба Кодекси мурофиавии иқтисодӣ тағйирот ворид мешавад

Масъулияти аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ баланд мегардад

18.07.2017


Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД

Мулоқот бо губернатори Токио

Машқҳои стратегии зиддитеррористӣ дар ВМКБ

«Мушкилкушо» ва «Комил» ба Қазон мераванд

Мурофиаҳои сайёри судӣ омили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Инвентаризатсияи заминҳо ба охир расид

ВАРЗОБ. Чорводорӣ рӯ ба беҳбудӣ

НАФАҚА. Камбудиҳо бартараф мешаванд

Варзиш

17.07.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Саид Оғо

Вохӯрӣ бо роҳбари минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ

Баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ

Баррасии роҳу усулҳои мубориза бо коррупсия

Дарёфти 1010 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ

Бехатарии саноатӣ ва ҷавобгарии 182 шахси масъул

Рӯйхати сиёҳ вуҷуд надорад

15.07.2017


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва сохтмони роҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед