logo

сиёсат

2016 - СОЛИ ТАТБИҚИ ИҚДОМҲОИ ВАТАНДӮСТОНА

Соли 2016 дар таърихи соҳибистиқлолии давлати ҷавони Тоҷикистон соли хотирмону таърихӣ маҳсуб мешавад. Дар ин сол мардуми шарафманди кишвари офтобрӯяи мо дар фазои сулҳу осоиштагии комил 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди созандагию ободкориҳо истиқбол гирифтанд. Соли 2016 - ро метавон бо боварӣ соли пайванди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳалаҳои нави рушду тараққиёт ва қадамҳои устувору созанда ба сӯи ояндаи босаодат маънидод кард.
Дар ин соли таърихӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини рушди бемайлони иқтисодию иҷтимоии мамлакат тадбирҳои пурарзиш ва саривақтӣ анҷом дода шуданд. Фаъолияти кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои сол то ба имрӯз андешидани силсилаи тадбирҳои муҳим дар роҳи ободонию шукуфоии беш аз пеши кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистонро фаро мегирифт.
Дар раванди беҳбудбахшии сатҳи зиндагии мардум ва таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳо, ифтитоҳи як зумра иншооти наву замонавии таъйиноти гуногун, дидору вохӯриҳои судманд бо аҳли заҳмату сокинони зафарманди ин шаҳру ноҳияҳо, таҳлилу вазифагузорӣ дар машваратҳои корӣ, суҳбату мулоқотҳо бо намояндагони соҳаҳои гуногуни сохтори давлатӣ ва ба имзо расондани амру фармонҳои гуногунтаъйинот нақши мусоид гузоштаанд.
Дар моҳҳои аввали соли 2016 бо иқдомҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як зумра қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тағйир додани номи як қатор шаҳру ноҳияҳо ва иншооти ҷуғрофии мамлакат ба имзо расида, ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд. Дар асоси ин қарорҳо ва ҷонибдории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи ноҳияи Ҳисор ба шаҳри Ҳисор, ноҳияи Тавилдара ба ноҳияи Сангвор, ноҳияи Ҷиргатол ба ноҳияи Лахш, ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ноҳияи Ҷиликӯл ба ноҳияи Дӯстӣ, ноҳияи Қумсангир ба ноҳияи Ҷайҳун, ноҳияи Шӯрообод ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, шаҳри Қайроққум ба шаҳри Гулистон, шаҳри Чкалов ба шаҳри Бӯстон, ноҳияи Ғончӣ ба ноҳияи Деваштич ва обанбори Қайроққум ба обанбори «Баҳри тоҷик» табдил дода шуд.
Ҳар соли фаъолияти серҷанбаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, ҳамчунин, баргузории сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, иштирок дар чорабиниҳои муҳими сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва ифтитоҳи иншооти наву замонавии таъйиноти гуногун, боздидҳои расмию давлатӣ ва корӣ ба давлатҳои дигар ва машваратҳои корию суҳбатҳои самимӣ бо намояндагони сохторҳои давлатӣ, аҳли заҳмат ва сокинони шарафманди кишварро фаро мегирад. Бо ҳар ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз сатҳи кӯча то марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо ба таври назаррас ободу зебо гардида, теъдоди зиёди иншооти маъмурию истиқоматӣ, хизматрасонию истеҳсолӣ ва дорои таъйиноти дигари иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Ҳамаи ин тадбирҳо, пеш аз ҳама, барои фароҳам овардани зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ва рушди бахшҳои ҳаётан муҳими ҷомеа роҳандозӣ мегарданд.
Ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва тадбирҳои дигари хуррамгардонии мамлакат бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли 2016 дар саҳни ҳавлӣ ва атрофи Қасри миллат оғози расмӣ бахшида шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин рӯзҳои моҳи феврал, ҳамчунин, бо сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор ва ба ноҳияи Хуросон ташриф оварда, дар маъракаи оғози бунёди Боғи намунавии ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат ширкат варзиданд.
Ибтидои соли 2016 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар расми ифтитоҳи бинои нави истиқоматӣ барои афсарону кормандони сохторҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар пойтахти мамлакат, ҳамчунин, бо иштироки бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш», телевизиони «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма, ки маҳз бо иқдоми Сарвари давлат сохтмонашон оғоз гардида буд, Маҷмааи бузурги тиҷоратии «Душанбе мол», корхонаҳои гуногуни истеҳсолию хизматрасонӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, мактабу иншооти гуногуни маориф ва боғчаҳои бачагона мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, сохтмони эстакада дар маҳаллаи 82 оғоз гардид.
Дар самти беҳбудбахшии сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар мамлакат дар соли 2016 низ тадбирҳои судманд андешида шуданд. Баҳори ин сол Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» - ро мавриди истифода қарор доданд, ки дар ҷумҳурӣ ва минтақа беназир аст. Лоиҳаи бунёди Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дар солҳои шӯравӣ тасдиқ шуда, солҳои дароз сохтмони он ба таъхир афтода буд. Бо дастгирии Сарвари давлат ва ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат баъди беш аз 30 сол имкон фароҳам омад, ки лоиҳаи сохтмони марказ тибқи меъёрҳои муосир таҳия гардида, дар асоси он маҷмааи тандурустӣ ба истифода дода шавад.
Дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як маркази саломатӣ ва бинои 5 - ошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба оғози сохтмони бинои муосири истиқоматии 9 - ошёна асос гузошта шуд. Дар ҳамин ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолият ва таҷрибаи ибратбахши кишоварзон шинос шуданд. Ҳангоми шиносоӣ бо таҷрибаи кишоварзони ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Рӯдакиро пойгоҳи калони таъмини сокинони пойтахт ва  атрофи он бо маҳсулоти кишоварзӣ арзёбӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати истеҳсоли ҳарчи зиёди маҳсулоти барвақтии воридотивазкунанда дастуру ҳидоятҳо доданд.
Дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти мамлакат дар тантанаҳои наврӯзӣ ва ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз иштирок карда, дар ҳамин рӯзҳои ҷашнӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла корхонаи бузурги истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаксин Ғаюр - Суғдсемент» - ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти фермаи чорводории инноватсионии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Афзали Зарзамин» шинос шуданд ва дар хоҷагии деҳқонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ба кишту кори баҳорӣ оғоз бахшиданд. Дар ҳамин рӯзҳо дар ноҳияи Мастчоҳ мактаби нав дар деҳаи Андарвашт ва муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ гардида, барои бунёди шаҳраки наву замонавии Меҳробод санги асос гузошта шуд.
Дар шаҳри Исфара бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи корхона ва муассисаҳои хизматрасонӣ ва бинои маъмурии прокуратураи шаҳр мавриди истифода қарор гирифта, дар шаҳри Конибодом як корхонаи азими саноатӣ - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Нафтрасон ба кор оғоз намуд. Дар ҳамин ноҳия Президенти мамлакат бо фаъолияти корхонаи коркарди меваи хушки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меваи қанд» аз наздик шинос шуда, ба корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди Исфара – Конибодом - Ҷаббор Расулов оғоз бахшиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳо ба истиқболи сазовори Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ашт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13 ба номи Камоли Хуҷандӣ, Кохи фарҳанг, чойхона ва дар шаҳри Гулистон маркази таълимии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, бо корҳои ободонӣ дар осоишгоҳи «Баҳористон» шинос шуданд. Тантанаҳои таҷлили Ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо баргузории чорабиниҳои «Сайри гули лола» ва Корвони наврӯзӣ анҷом ёфтанд.

(Идома дорад)

Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА,
доктори илмҳои таърих, профессор,
Самариддини АЙНИДДИН,
муовини роҳбари Хадамоти матбуоти
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Субҳиддин ШАМСИДДИНЗОДА,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2017    №: 8    Мутолиа карданд: 1759

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед