logo

иқтисод

КОНҲО. ОМӮЗИШ ВА КОРКАРДИ ОНҲО АЗ ДИДГОҲИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки мавриди таваҷҷуҳи кормандони Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад, додани иҷозатнома ба ширкатҳои хориҷӣ барои омӯзиши геологӣ ва коркарди конҳо мебошад. Иҷозатномадиҳӣ ба ширкатҳои хориҷӣ барои се сол қатъ гардид. Сабаби асосиро роҳбари корхона Ҷумъазода Мурод чунин шарҳ дод: «Бисёр ширкатҳои хориҷӣ бе техника ва технология иҷозатномаи омӯзиши геологӣ ва коркарди ин ё он конро харид намуда, ниҳоят дар сурати ҷавобгӯ набудани он ба қонунгузории кишвар ширкатҳо ба чандин қазияҳои мухолиф рӯ ба рӯ мешаванд. Ширкатҳои хориҷии дар конҳои Назарайлоқ ва Зиддӣ ба омӯзиши геологӣ машғулбуда аз қабили онҳоанд. Бархе аз ширкатҳо ҳатто бо истифода аз иҷозатнома дар биржаҳои байналмилалӣ маблағи иловагӣ ба даст меоваранд».
Масъалаи мазкур борҳо мавриди муҳокимаи комиссияи давлатӣ қарор гирифта, қатъ намудани иҷозатномадиҳӣ ба муддати се сол натиҷаи баррасии масъала ҷиҳати ба танзим даровардани коркарди минбаъдаи маъдан дар кишвар мебошад. Минбаъд, танҳо дар сурати мувофиқ будани талаботи ширкатҳо ба қонунгузории кишвар ва ҳалли пурраи масъалаҳо иҷозатнома дода мешавад. Феълан, Ҳукумати мамлакат мақсад гузоштааст, ки бо ба инобат гирифтани масъалаҳои ҷойдошта Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешрафти соҳа «Дар бораи қаъри замин» - ро таҳия намояд.
Албатта, дар раванди ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон рушди соҳаи саноат дар заминаи истифодаи захираҳои маъдани маҳаллӣ бо назардошти бурдани корҳои ҷустуҷӯию иктишофии сарватҳои зеризаминӣ хеле муҳим аст.
Зимнан, дар ин самт «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2012-2020» амал мекунад. Зиёда аз 50 лоиҳа дар ин барнома ҷой шудааст, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ маблағгузорӣ карда мешаванд. Мақсади асосии барнома ҳам афзунгардонии заминаи ашёи минералӣ барои мунтазам фаъолият кардани корхонаҳои саноатӣ мебошад. Зина ба зина таъминсозии талаботи саноатии кишвар бо захираи ашёи минералӣ имконияти кам намудани вобастагии иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз воридоти ашёи маъдан фароҳам меоварад. Масалан, яке аз маъданҳои асосӣ барои истеҳсоли гилхок, ки барои «Ширкати алюминийи тоҷик» лозим мебошад, боксит аст. Захираи он дар ҷаҳон кам шуда истодааст. Аз ин бармеояд, ки нархи маҳсулот минбаъд ба тадриҷ баланд мешавад, дастрас карданаш низ  душвор мегардад. Зарурат пеш омадааст, ки дар кишвар маъдани хокаи алюминийдор омӯзиш, кашф ва мавриди истифода қарор дода шавад. Дар натиҷаи ҷустуҷӯйи маъдани алюминийдор минтақаи Курговати ноҳияи Дарвоз ояндадор ҳисобида шуд, ки зиёда аз 1,5 миллиард тонна хокаи алюминий  дорад. Барои ҳамчун кон ва ё захира эътироф гардидани ин маъдан маблағи муайян ҷиҳати лоиҳакашӣ ва беш аз панҷ намуд омӯзиши геологӣ, ки ҳанӯз иҷро нашудаанд, зарур мебошад. Чанд соли ахир Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани фазои молиявию хоҷагидории «Ширкати алюминийи тоҷик» корҳои зиёд анҷом дода истодааст, тахфифҳои гуногун пешниҳод месозад. Мутахассисони геология бар он назаранд, ки ҳангоми ба эътидол омадани фаъолияти ширкат таваҷҷуҳ ба омӯзиши минбаъдаи конҳо ва истифодаи маъдан дар истеҳсолот бештар мешавад. Бояд гуфт, ки дар корҳои ҷустуҷӯии геологӣ бештар ширкатҳои маҳаллӣ натиҷаҳои хуб ба даст овардаанд.
Айни замон, дар зери замини кишварамон беш аз 600 кон ва 800 зуҳуроти канданиҳои фоиданок кашф ва омӯхта шудаанд ва ин сарватҳои табиӣ қисман барои истифода дар саноат омодаанд.
О. ВАФОБЕКЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2017    №: 13    Мутолиа карданд: 1590

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед