logo

иқтисод

ОБ. ТАВАҶҶУҲИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ БЕШТАР МЕГАРДАД

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Имрӯз кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" ҷидду ҷаҳд менамояд.  Зеро масъалаҳои экологӣ, бахусус, масоили вобаста ба об дар маркази таваҷҷуҳи  ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. 
Мушкилоти оби нӯшиданӣ дар оғози асри ХХI ба мавзӯи дараҷаи аввал табдил ёфт. Мувофиқи пешгӯиҳо соли 2025 шумораи аҳолии кишварҳое, ки аз об танқисӣ мекашанд, ба 3 миллиард хоҳад расид.  Вале, аксари чунин кишварҳо зербинои зарурӣ ва низоми идораи нигоҳдории самаранок ва истифодаи обро надоранд. Рушди биоэнергетика, баланд шудани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ солҳои охир ба паст рафтани сатҳи камбизоатӣ таъсири манфӣ расонда, ба зарурияти бештари истифодаи об дар соҳаҳои кишоварзӣ ва энергетика оварда мерасонад. Надоштани дастрасии қишрҳои камбизоати аҳолӣ ба обрасонии зарурӣ ва хизматрасонии канализатсионии бехавф барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо монеа эҷод мекунад.  
Тағйирёбии иқлим ва зиёдшавии шумораи аҳолӣ вазъиятро вобаста ба об боз ҳам мураккаб мегардонад. Инсоният ба марҳалае расидааст, ки ҳалли минбаъдаи масъалаҳои марбут ба об танҳо тавассути рушди технологияҳои сарфаи об ва ба ҳадди назаррас баланд бардоштани самараи истифодаи захираҳои обӣ, инчунин, дигаргунӣ дар муносибати одамон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи истифодаи сарфакоронаи об имконпазир аст. 
Истифодаи самараноки об ба низоми муассири иқтисодии идораи захираҳои обӣ вобастагии зич дорад. Зарурати сармоягузорӣ ба инфрасохтори об баҳри баланд бардоштани сатҳи муассири он бевосита аз сиёсати дурусти иқтисодӣ дар бахши об вобаста аст. Нигоҳдории фаъоли инфрасохтори обӣ дар баробари тавсеа ва рушди инфрасохтори кишварҳои тараққикунанда дорои аҳамияти стратегӣ мегардад.
Мувофиқи  маълумоти  Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ - ЮНИСЕФ ва Шӯрои машваратии СММ дар сайёра аз ҳар 6 нафар 1 нафар (зиёда аз 894 миллион нафар) ба оби сифатноки нӯшиданӣ дастрасӣ надошта, 2,5 миллиард нафар, аз ҷумла, 1 миллиард кӯдак аз беҳдошти санитарӣ  бебаҳра  монда, зиёда аз 4 ҳазор кӯдак ҳар рӯз бинобар норасоии оби нӯшиданӣ ва ғайрисанитарӣ ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шуда, мефавтанд.
Дар ин росто, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи  ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расондааст. Яке аз масъалаҳои ҷиддӣ, ки Тоҷикистон дар назди худ гузоштааст, дар доираи муносибатҳои интегратсионӣ ҷалб намудани таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба мушкилоти таъминот бо оби тоза, ҳифзи муҳити зист,  захираҳои об, истифода ва танзими оқилонаи онҳо мебошад.
Тоҷикистон дорои захираи беш аз 800 миллиард километри мукааб об аст. Тақрибан 64 миллиард мукаабметр оби дарёҳои минтақа, ки 56 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Аз оби дарёҳои кишвар танҳо 15 дарсад дар дохил ва боқимонда пурра аз ҷониби кишварҳои поёноб истифода мешавад. Айни замон, ба мақсади дастрасии аҳолии кишвар ба оби тозаи нӯшиданӣ  бо дастгирии ҷонибҳои мададрасон як қатор лоиҳаҳо мавриди татбиқ қарор доранд. Ин ҳадаф ҷузъи ҷудонопазири Стратегияи миллии рушд ва Стратегияи паст  кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба об дар сатҳи давлатӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.        
Бобо МИРЗОЕВ,
мудири кафедраи
иқтисодиёти КАС, дотсент,
Ҷаҳонзеб РАСУЛОВ,
ассистенти кафедраи фалсафа
ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.01.2017    №: 16    Мутолиа карданд: 1724

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед