logo

туризм

ДУШАНБЕ ШАҲРИ САЙРУ САЁҲАТ

Душанбеи муосир бо биноҳои хуштарҳу баландошёна марказҳои савдо, хизматрасонӣ, фароғатию варзишӣ ва корхонаю иншооти бешумор маркази бузурги фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва саноатии Тоҷикистони азизи мост.
Душанбе барои рушди туризм дар Тоҷикистон нақши ҳалкунанда ва муассир дорад. Меҳмоннавозии суннатии халқи тоҷик ва махсусан амнияту осоиштагии шаҳри Душанбе, ба раванди инкишофи соҳаи туризм дар кишварамон, воқеан мусоидат намудааст.
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва вокзали Роҳи оҳан ҳамарӯза фаъолият дошта, имрӯзҳо ба садҳо сайёҳону меҳмонони ба шаҳр воридшаванда хизмат мерасонанд. 3 сентябри соли 2014 терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба истифода дода шуд. Терминали нав тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд гардида, бо саҳми муштараки давлатҳои Фаронса ва Тоҷикистон эъмор шудааст ва дар як соат метавонад ба 500 нафар мусофир хизмат расонад. Он аз лиҳози ҳандасаву меъморӣ хуштарҳ буда, намудҳои хизматрасонӣ дар самти бақайдгирии мусофирон ва ҳамлу нақли борҳо бо усулҳои муосир ба роҳ монда шудаанд. Дар баробари ин, иншооти мазкур бо таҷҳизоти пешрафтатарини тафтишу муоина, дастрас намудани бору амвол ва низоми сабти таъҷилӣ ҷиҳозонда шуда, метавонад дар як вақт ба чаҳор ҳавопаймо хизмат расонад. Толорҳо бо шабакаи интернет пайваст буда, ба мусофирону меҳмонони пойтахт хизматрасонии иттилоотӣ дар сатҳи баланд муҳайё мебошад. Шароити терминал имкон медиҳад, ки дар як сол ба як миллиону 200 ҳазор нафар мусофирон дар сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ хизмат расонда шавад.
Тибқи иттилои раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, соли 2016 ба пойтахт 1868 сайёҳ тавассути ширкатҳои сайёҳӣ ворид шудааст (соли 2015 – 1652 нафар). Барои фароғати сайёҳону меҳмонон дар пойтахт 61 ширкати сайёҳӣ, 40 меҳмонхона, марказҳои муосири хизматрасонию маишӣ, 66 тарабхона, 69 маркази савдо хизмат мерасонанд. Инчунин, дар пойтахт 26 бозор барои қонеъ гардондани талаботи сокинон ва сайёҳон фаъолият дорад, ки дар онҳо ҳамеша меваҳои лазиз ва сабзавоти тару тозаи Тоҷикистони офтобрӯяро фаровон дастрас намудан мумкин аст.
Душанбе шаҳри ҷавону дорои таърихи куҳан ва ғаниву рангин буда, дар  ҳудуди он ёдгориҳои меъмориву таърихӣ ва ҳайкалу муҷассамаҳо зиёданд. Сайёҳон зимни боздид аз осорхонаҳои шаҳр, аз қабили Осорхонаи миллӣ, Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон, осорхонаҳои устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Мирзо Турсунзода ва Осорхонаи асбобҳои мусиқии Гурминҷ Завқибеков бо таърихи пурғановат ва зиндагиномаи рангини мардуми тоҷик шинос мешаванд.
Душанберо шаҳри сарсабз мехонанд, зеро дар он  боғҳои фароғатӣ бо тарҳҳои замонавӣ бунёд шудаанд. Боғи «Ирам»-и шаҳр бо зебоӣ ва намунаҳои беҳтарину нодиртарини рустаниҳо ва намои миллӣ яке аз иншооти асосии сайёҳии шаҳр ба ҳисоб меравад. Ғайр аз ин, боғҳо ва гулгаштҳои ба номи устод Рӯдакӣ, «Пойтахт», Садриддин Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Ғалаба» барои сайру истироҳати сокинону меҳмонони шаҳр хеле мувофиқанд. Намои меъмории Душанбе пайваста мавриди таҷдид буда, барои сармоягузории ширкатҳои ватанию хориҷӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд. Дар робита ба ин, ҳунарҳои дастӣ, аз қабили кандакорӣ дар чӯб, заргариву мисгарӣ, коркарди сангҳои қимматбаҳо, зиннатбахшии маводи гуногун бахши муҳими истеҳсолоти пойтахт ва муаррификунандаи санъати миллии ҳунари тоҷикон мебошанд. Аз ин рӯ, имрӯз дар шаҳри Душанбе мағозаҳои махсуси армуғонфурӯшӣ барои меҳмонону сайёҳони хориҷӣ фаъолият дошта, дар қонеъгардонии талаботи сайёҳон мусоидат менамоянд.
Ш. ҚУРБОН, “Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2017    №: 29    Мутолиа карданд: 2092

18.03.2017


Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ

Баррасии ҷалби ширкатҳои Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳо

Вохӯрии Сумангул Тағойзода бо Пратибҳа Меҳта

Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон матраҳ гардид

ЛАХШ. Сар аз як гиребон

16.03.2017


«Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масоили об»

Ҷаласа дар ҳузури Азим Иброҳим

Боздиди сафири Тоҷикистон аз Донишгоҳи Венҷоу

Ҳадаф – муаррифии фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон

Ҷаҳон дар як сатр

Гӯшаи кишоварз

Судяи иёлати Гавайя фармони Трампро аз амал боздошт

Дар Димишқ се маргталаб худро тарконд

Ба 17 миллион яманӣ гуруснагӣ таҳдид мекунад

Озод кардани австрализани рабуда дар Афғонистон

Ҳавопаймои дубаҳраи чинӣ ба парвози нахустин омодагӣ мегирад

15.03.2017


Нақши осори Бедил дар рушди дипломатияи мардумии фарҳангӣ

Тоҷикистону Чин: тақвияти ҳамкориҳои илмӣ

Тантанаҳои наврӯзӣ 21 март оғоз мегарданд

Вусъати корҳои ободонӣ

Қолинбофӣ рушд меёбад

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон 30 гаравгонро озод карданд

ЮНИСЕФ: порсол дар Сурия 650 кӯдак ҳалок шуд

ИМА нисфи маблағгузории СММ – ро коҳиш медиҳад

Ҳалокат дар садамаҳои ҳавоӣ 2 маротиба афзудааст

Покистон аҳолиашро аз нав ба ҳисоб мегирад

13.03.2017


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР АКАДЕМИЯИ ВАО

Афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд матраҳ гашт

Баррасии таҳкими ҳамкориҳо

Мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт – 2017»

Мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон

Изҳори сипос ба «Ҷумҳурият»

Боб-ус-Сағир ҳадафи ҳамлаи террористӣ гашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед