logo

номаҳо

ЗИНДАГӢ ҲАМ НАМАК ДОРАД...

“Ҳарчи бештар ва самаранок истифода бурдани захираву имкониятҳои мамлакат аз заҳмати софдилонаи ҳар як фарди ҷомеа ва муносибати ғамхоронаву сарфакоронаи тамоми шаҳрвандон вобаста мебошад”, - таъкид доштаанд Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмини амнияти мамлакат ва таҳкими пояҳои иқтисодиву иҷтимоиро шиори доимии худ намудааст. Шукри он мекунем, ки мо шоҳиди амалишавии се ҳадафи миллӣ: истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан ва таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ҳастем.
Бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 январи соли 2014 навбати аввал ва  8 декабри соли 2016 навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”-ро ба истифода дода шуд. Тибқи маълумоти мутахассисон ҳоло иқтидори Маркази барқу гармидиҳӣ ба 400 мегаватт, яъне то 9,6 миллион киловатт – соат неруи барқ ва 235 гигакалория гармӣ дар як шабонарӯз мебошад.
Аз ҳисоби истифодаи гармии Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе - 2” имкони сарфаи қариб 200 мегаватт иқтидори иловагии неруи барқ пайдо шуд. Ин таъминоти аҳолии кишварро бо неруи барқ боз ҳам беҳтар намуд. Тамоми сокинони мамлакат аз 14 январи соли 2017 бо барқи доимӣ таъмин гардиданд.
Шодии мо ҳадду канор надорад, чунки ҳазорҳо хонаҳои истиқоматӣ, ки дар он зиндагонӣ дорем ва садҳо муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, шифохонаву дармонгоҳҳо, ки дар онҳо фарзандонамон таълиму тарбия ва хешу ақрабоямон шифо меёбанд, бо неруи барқу гармӣ таъминанд.
Дар ҳақиқат, дар вазъияти ноустувори молиявию иқтисодии дар ҷаҳон идомадошта сохта ба истифода додани чунин корхонаи замонавӣ бе тадбири Пешвои миллат амрест муҳол ва ба чашми кам дидану аз он самаранок истифода набурдан худ гуноҳ аст.
Ман ҳамчун як сокини шаҳри Душанбе миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба воситаи ин гӯша баён кардан мехоҳам. Зарур аст, ки ҳар кадоми мо пандҳои падаронаашонро сармашқи кори худ намуда, фарзандони худро дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва сарфаю сариштакорӣ тарбия намоем.
Мусаллам аст, ки Сарвари давлат адабу ҳунару фарҳангу забонамонро низ  рушд бахшид ва бештар муаррифӣ намуд, инчунин зиндагии моро беҳтару зебо кард. Мо ин ҳамаро шукр мегӯему сипос мегузорем. Албатта, зиндагӣ ҳам намак дорад ва бояд шукрашро ба ҷо биёрем. Ношукрӣ ба он касро кӯр мекунад.
Одинашоҳ ВАЛИЗОДА, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2017    №: 41    Мутолиа карданд: 1160

18.03.2017


Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ

Баррасии ҷалби ширкатҳои Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳо

Вохӯрии Сумангул Тағойзода бо Пратибҳа Меҳта

Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон матраҳ гардид

ЛАХШ. Сар аз як гиребон

16.03.2017


«Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масоили об»

Ҷаласа дар ҳузури Азим Иброҳим

Боздиди сафири Тоҷикистон аз Донишгоҳи Венҷоу

Ҳадаф – муаррифии фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон

Ҷаҳон дар як сатр

Гӯшаи кишоварз

Судяи иёлати Гавайя фармони Трампро аз амал боздошт

Дар Димишқ се маргталаб худро тарконд

Ба 17 миллион яманӣ гуруснагӣ таҳдид мекунад

Озод кардани австрализани рабуда дар Афғонистон

Ҳавопаймои дубаҳраи чинӣ ба парвози нахустин омодагӣ мегирад

15.03.2017


Нақши осори Бедил дар рушди дипломатияи мардумии фарҳангӣ

Тоҷикистону Чин: тақвияти ҳамкориҳои илмӣ

Тантанаҳои наврӯзӣ 21 март оғоз мегарданд

Вусъати корҳои ободонӣ

Қолинбофӣ рушд меёбад

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон 30 гаравгонро озод карданд

ЮНИСЕФ: порсол дар Сурия 650 кӯдак ҳалок шуд

ИМА нисфи маблағгузории СММ – ро коҳиш медиҳад

Ҳалокат дар садамаҳои ҳавоӣ 2 маротиба афзудааст

Покистон аҳолиашро аз нав ба ҳисоб мегирад

13.03.2017


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР АКАДЕМИЯИ ВАО

Афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд матраҳ гашт

Баррасии таҳкими ҳамкориҳо

Мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт – 2017»

Мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон

Изҳори сипос ба «Ҷумҳурият»

Боб-ус-Сағир ҳадафи ҳамлаи террористӣ гашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед