logo

сиёсат

САФАРИ РАСМИИ ВЛАДИМИР ПУТИН БА ТОҶИКИСТОН

Имрӯз Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари расмии навбатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбари давлати ба мо дӯсту бародар, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Ба муносибати ташрифи меҳмони олимақом Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шиору навиштаҷоти шодбошӣ ва инъикосгари дӯстию муштаракоти қавии Тоҷикистону Русия оро дода шуда, ҳайати низомии Горди фахрӣ саф ороста буд.
Хотиррасон мекунем, ки сафари расмии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои 25 - солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии ду давлат ҷараён гирифта, чорабиниҳои зиёди сатҳи баланди сиёсиро фаро мегирад. Маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр худи ҳамин рӯз дар Қасри миллат баргузор мешавад. Дар доираи ин сафар, аз ҷумла мулоқоти хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, музокироти сатҳи олии дуҷониба, имзои бастаи санадҳои нави ҳамкорӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими байнидавлатӣ дар назар дошта шудааст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2017    №: 43    Мутолиа карданд: 1149

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед