logo

сиёсат

ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ. ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН ОИД БА НАТИҶАҲОИ САФАРИ РАСМӢ, ШАҲРИ ДУШАНБЕ, 27 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2017

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 27 феврали соли 2017 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф овард.
Сарони давлатҳо зимни гуфтушунидҳои дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми комил доиргардида, зикр намуданд, ки дар давраи 25 соли муқаррар гардидани муносибатҳои дипломатӣ, давлатҳои мо ҷиҳати таъсиси системаи устувору фарогири шарикии стратегӣ ва иттифоқии дуҷониба дар асоси эҳтироми соҳибихтиёрии давлатӣ ва тамомияти арзӣ, ҳусни эътимоду ошкоро ва ҳамкории мутақобилан судманд комёб гардиданд.
Президентҳо сатҳи устувору мусбати ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, гуманитарӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ бо қаноатмандӣ қайд намуда, ҷонибдории тағйирнопазири худро ба усулу уҳдадориҳои дар Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигарии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз 25 майи соли 1993 ва Аҳднома дар бораи ҳамкории иттифоқии ба асри XXI нигарондашуда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз 16 апрели соли 1999 асосёфта, тасдиқ карданд.
Ҷонибҳо омодагии худро ба таҳкими муколамаи сиёсӣ тасдиқ карда, роҳҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия ва ҳамкориҳоро оид ба масоили муҳимтарини байналмилалӣ муайян намуданд. Аҳамияти муҳими рушди робитаҳои байнипарламентӣ тасдиқ гардид. Изҳори бовар карда шуд, ки мақомоти олии қонунгузори ҳар ду кишвар саҳми муассирро дар рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба ва мутақобилан судманди миёни Тоҷикистону Русия идома хоҳанд дод.
Масъалаҳои муносибатҳои тиҷоратию иқтисодиро баррасӣ карда, Президентҳо аҳамияти авлавиятноки ҳамкориҳоро дар ин соҳа таъкид намуданд ва саъю кӯшиши минбаъдаро ҷиҳати тавсеаи он бо назардошти манфиати Тарафҳо иброз доштанд. Манфиатдории мутақобила ҷиҳати афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила, рушди ҳамкориҳои иқтисодии дарозмуддат ва таъмиқи соҳаи сармоягузории байни Тоҷикистону Русия зикр гардид.
Дар ин замина, президентҳо аз натиҷаи кори ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки моҳи январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, изҳори қаноатмандӣ карданд. Омодагии ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи қарорҳои Комиссияи байниҳукуматӣ, ки ба фаъол кардани ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиёту коммуникатсия, неруи барқӣ ва маҷмӯи саноати кишоварзӣ равона шудааст, изҳор гардид.
Тарафҳо аҳамияти фаъол кардани равандҳои ҳамгироиро дар минтақа, тавассути истифодаи ҳамаи имконоти минтақаи савдои озоди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъкид намуданд.
Сарони давлатҳо ният доранд ба самаранокии иҷрои барномаҳои қабулшудаи ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд. Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи истифодаи сарчашмаҳои энергияи барқароршаванда, аз ҷумла гидроэнергетика, яке аз самтҳои шарикии стратегии байни ду давлат мебошад. Ҷониби Русия ҷиҳати ҳамкории минбаъда бо ҷониби Тоҷикистон дар татбиқи иқтидори гидроэнергетикии он, бо назардошти талаботи афзояндаи кишварҳои минтақа ба неруи барқ ҳавасмандӣ изҳор намуд.
Ҷонибҳо имконияти афзун додани содироти неруи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшавандаро бо назардошти талаботи бозори энергетикии минтақа баррасӣ мекунанд.
Ҷонибҳо баҳри ҳавасмандсозии ҳамаҷонибаи фаъолияти сармоягузорӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштараки босамара, идомаи такмили шароит барои фаъолияти сармоягузорони Тоҷикистону Русия, андешидани тадбирҳои амалӣ барои роҳандозии оқилонаи технологияҳои муосир ва навсозии технологияҳои мавҷуда, аз ҷумла тавассути татбиқи лоиҳаҳои соҳаи истихроҷи маъданҳои кӯҳию металлургӣ ва сохтмон, саноати сабук ва хӯрокворӣ, соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ ва логистӣ ба мувофиқа расиданд.
Сарони давлатҳо таъкид карданд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи коммуникатсияи нақлиётӣ, аз ҷумла алоқаи ҳавоӣ, роҳҳои оҳан ва автомобилгард яке аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба маҳсуб меёбад.
Манфиатдории муштарак ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию гуманитарӣ миёни минтақаҳо ба сифати шакли самараноки таҳкими муносибатҳои тарафайн дар таъмини шароити зарурӣ барои рушди робитаҳои мустақим байни субъектҳои хоҷагидорӣ изҳор гардид. Дар баробари ин, аҳамияти форум ва конференсияҳои баргузоршуда оид ба ҳамкории байниминтақавӣ, инчунин фаъолияти Шӯрои соҳибкорӣ оид ба ҳамкории соли 2016 таъсисёфта зикр гардид.
Омодагии тарафайн ҷиҳати ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолият дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумла марбут ба офатҳои табиӣ ва садамаҳои техногенӣ, инчунин бартарафсозии оқибатҳои он, таъкид гардид. Ҷониби Тоҷикистон аз тасмимҳои собитнамудаи мардуми Русия ҷиҳати расондани кумакҳои башардӯстона ба мардуми бародари Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Зикр гардид, ки ҷиҳати таъмиқи ҳамкориҳо дар масъалаҳои такмили механизмҳои ҳуқуқии танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла оид ба таъмини шароити зарурии иҷтимоӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави якдигар, ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолият дар Федератсияи Русия, мубодилаи фаврии иттилоотӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират чораҳои мушаххас андешида хоҳанд шуд.
Тарафҳо зарфиятҳои бузурги таърихию фарҳангӣ, мероси ғании маънавии мардумони Тоҷикистону Русияро зикр намуда, густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои маориф, илму техника, санъат ва фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ минбаъд низ идома медиҳанд, ба роҳандозии робитаҳо дар он соҳаҳо фаъолона мусоидат мекунанд.
Тарафҳо барои рушди забону фарҳанги русӣ дар Тоҷикистон ва фарҳанги тоҷикӣ дар Русия ва баргузории вохӯриҳои мунтазам байни намояндагони соҳаи илм ва доираҳои ҷамъиятӣ мусоидат намуда, ҷиҳати ҳавасмандии ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимии олӣ ва илмию таҳқиқотии ду кишвар иқдом мегиранд.
Тарафҳо густариши робитаҳои фарҳангӣ, тайёр кардан ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кадрҳои соҳавӣ, иштирок дар чорабиниҳои байналмилалии якдигар, гузарондани чорабиниҳои омӯзишии устодони аршад, инчунин баргузории рӯзҳои фарҳангиро дар кишварҳои якдигар пазироӣ менамоянд. Ифтитоҳи бахши Маркази илмию фарҳангии Русия дар шаҳри Хуҷанд баҳри таҳкими минбаъдаи ҳамкории Тарафҳо дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф мусоидат хоҳад кард.
Оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт. Сарони давлатҳо кӯшишҳои тарафайнро ҷиҳати мусоидат ба таҳкими сулҳ, амният ва субот дар миқёси минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид карданд.
Президентҳо вазъиятро дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳокима намуда, аҳамияти мусоидатро ба он кишвар дар таъмини субот ва рушди минбаъда таъкид карданд. Тарафҳо ҳамоҳанг намудани амалҳоро ҷиҳати маҳви таҳдидҳои нисбати амнияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз самти ҷануб эҷодшаванда идома медиҳанд.
Масъалаҳои таъмини амниятро дар минтақа муҳокима намуда, бо мақсади муборизаи самаранок бар зидди таҳдиду чолишҳои муосир, Тарафҳо аҳамияти ҳамоҳангии амалкарди муштараки сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти амниятӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбию техникиро зикр намуданд.
Тарафҳо тазаккур доданд, ки кӯшишҳои муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳим дар таъмини амнияти минтақавӣ мебошад. Омодагӣ ҷиҳати амалисозии ҳамоҳангшудаи минбаъда мутобиқи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши Пойгоҳи ҳарбии Федератсияи Русия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2012 изҳор гардид.
Тарафҳо таъмиқи ҳамкориҳоро дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ дар заминаи созишнома ва барномаҳои дахлдор идома хоҳанд дод. Тарафҳо аҳамияти татбиқи минбаъдаи тавофуқотро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, бо мақсади муборизаи муассир бар зидди таҳдиду чолишҳо ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ таъкид намуданд.
Азми таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқу аслиҳа ва дигар таҳдиду чолишҳо баҳри таъмини амнияти миллӣ ва пойдории суботи минтақавӣ иброз гардид. Аҳамияти пешгирӣ аз паҳншавии идеологияи террористию экстремистӣ, дастгирии молӣ ва моддию техникии терроризм, инчунин амалкарди фаъоли ҷангиёни террорист таъкиди маҳз гардид. Ҷонибҳо ба рушди амалии ҳамкориҳои мутақобила оид ба самтҳои мазкур, ҳам дар сатҳи сиёсӣ ва ҳам миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси Тарафҳо таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Президентҳо изҳор доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар оянда низ ҳамкориҳоро дар арсаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, дар ҳошияи Созмони Милали Муттаҳид, инчунин дигар созмонҳои байналмилалӣ идома дода, ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷиро оид ба масоили муҳими минтақавӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ тақвият медиҳанд.
Сарони давлатҳо аҳамияти мубрами қатъномаи Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳидро аз 21 декабри соли 2016 дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як овоз қабул гардид, қайд карданд. Ҷониби Русия ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, ки бо мақсади татбиқи он даҳсола доир мегарданд, изҳори омодагӣ зоҳир намуд.
Президентҳо зарурати густариш ва таъмиқи ҳамкориҳоро дар ҳошияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ зикр намуданд.
Ҷонибҳо фаъолиятро ҷиҳати мутобиқгардонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба воқеияти муосир идома медиҳанд. Сарони давлатҳо ҷонибдории худро аз риояи усулҳои муттасилӣ бо назардошти раёсати Федератсияи Русия дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2017 ва раёсати дарпешистодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Созмон соли 2018 изҳор намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ният доранд минбаъд низ дар ҳошияи Созмони ҳамкории Шанхай бо мақсади пешбурди ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ғайра фаъолияти устуворро идома диҳанд.
Президентҳо фароҳам гардидани заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷонибаро зикр намуда, аҳамияти таъмини ҳамоҳангсозии устуворро ҷиҳати татбиқи мукаммал ва саривақтии санадҳои барномавӣ оид ба ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, инчунин манфиатнокии такмили онро таъкид карданд.
Сарони давлатҳо аҳамияти дар ҳошияи сафари расмӣ байни Тарафҳо ба имзо расидани созишномаҳои байниҳукуматиро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта, дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, дар соҳаи алоқаи ҳарбии фелдегерӣ, инчунин санадҳои байниидоравӣ – барномаи ҳамкорӣ байни мақомоти сиёсати хориҷӣ барои соли 2017, созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро зикр намуданд.
Изҳори бовар гардид, ки муносибатҳои муосири Тоҷикистону Русия, ки дар заминаи равобити таърихӣ тавсеа ёфтаанд, ба рӯҳияи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ва манфиатҳои бунёдии мардумони Тоҷикистону Русия комилан мувофиқ мебошанд.
Президентҳо итминони комил намуданд, ки татбиқи тавофуқоти ҳосилшудаи миёни Тарафҳо ба таъмиқи минбаъдаи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои иттифоқии ду давлат мусоидат мекунанд.
Сарони давлатҳо роҷеъ ба идомаи муколамаи доимии фаъоли сиёсӣ оид ба ҳамаи масъалаҳои мавриди манфиати мутақобила ба мувофиқа расиданд.
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии ҳайати Русия изҳори миннатдорӣ намуда, аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боздид аз Федератсияи Русия дар вақти барояш муносиб даъват ба амал овард. Даъват бо камоли майл пазируфта шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2017    №: 44-45    Мутолиа карданд: 871

18.03.2017


Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ

Баррасии ҷалби ширкатҳои Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳо

Вохӯрии Сумангул Тағойзода бо Пратибҳа Меҳта

Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон матраҳ гардид

ЛАХШ. Сар аз як гиребон

16.03.2017


«Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масоили об»

Ҷаласа дар ҳузури Азим Иброҳим

Боздиди сафири Тоҷикистон аз Донишгоҳи Венҷоу

Ҳадаф – муаррифии фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон

Ҷаҳон дар як сатр

Гӯшаи кишоварз

Судяи иёлати Гавайя фармони Трампро аз амал боздошт

Дар Димишқ се маргталаб худро тарконд

Ба 17 миллион яманӣ гуруснагӣ таҳдид мекунад

Озод кардани австрализани рабуда дар Афғонистон

Ҳавопаймои дубаҳраи чинӣ ба парвози нахустин омодагӣ мегирад

15.03.2017


Нақши осори Бедил дар рушди дипломатияи мардумии фарҳангӣ

Тоҷикистону Чин: тақвияти ҳамкориҳои илмӣ

Тантанаҳои наврӯзӣ 21 март оғоз мегарданд

Вусъати корҳои ободонӣ

Қолинбофӣ рушд меёбад

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон 30 гаравгонро озод карданд

ЮНИСЕФ: порсол дар Сурия 650 кӯдак ҳалок шуд

ИМА нисфи маблағгузории СММ – ро коҳиш медиҳад

Ҳалокат дар садамаҳои ҳавоӣ 2 маротиба афзудааст

Покистон аҳолиашро аз нав ба ҳисоб мегирад

13.03.2017


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР АКАДЕМИЯИ ВАО

Афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд матраҳ гашт

Баррасии таҳкими ҳамкориҳо

Мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт – 2017»

Мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон

Изҳори сипос ба «Ҷумҳурият»

Боб-ус-Сағир ҳадафи ҳамлаи террористӣ гашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед