logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҶАЛАСАИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ

Шоми 28 феврали соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ вориди шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон шуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари мизбон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба хотири пазироии меҳмони олимақом горди фахрӣ ва оркестри нафасӣ саф кашида, майдони фурудгоҳ бо парчамҳои Тоҷикистону Покистон, аксҳои сарони давлатҳои ду кишвар ва шиору навиштаҷот оро ёфта буд.
Дар маросими истиқболи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, аз тӯпхонаҳо шиллик парронда шуд.


1 март дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Иҷлосияи 13 - уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Созмони ҳамкории иқтисодӣ ниҳоди муътабари минтақавию байнидавлатии иқтисодӣ буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 узви он мебошад. Моҳи сентябри соли 2004 вохӯрии 8 - уми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои ин созмон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд.
Дар кори Иҷлосияи 13 - уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Эрон ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Покистон, ҳамчунин намояндагони Ҷумҳурии Туркияи Кипри Шимолӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд.
 Кори иҷлосия бо нутқи муқаддимавии раиси Иҷлосияи 12 - уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ - Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев  оғоз гардида, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Навоз Шариф раиси иҷлосияи 13 - ум интихоб шуд.
Зимни суханронии худ дар кори иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар давраи мавҷудияти худ Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба рушду тавсеаи бештару хубтари ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳои аъзо мусоидати фаъол карда, дар ин самт бо талошҳои муштарак заминаи ҳуқуқии ҳамкории ҷонибҳо дар самтҳои афзалиятнок ташаккул ёфтааст ва ҷиҳати густариши тиҷорати байни кишварҳо, рафтуомади мардум ва ҳамлу нақли транзитӣ шароити созгор фароҳам оварда шудааст.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки рушду тавсеаи робитаҳои гуногунҷанба бо кишварҳои аъзои созмон аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, саҳми онҳо дар гардиши савдои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 36 фоизро ташкил медиҳад.
Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти ҳамгироии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаи иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, низоми нақлиётию транзитӣ, сохтмони иншооти энергетикӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ ва татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги минтақавӣ пешниҳодҳои судманд намуданд.
Рушди ҳамкории минтақавӣ дар роҳи истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва таъмини амнияту суботи тамоми минтақа аз ҳадафҳои муҳими роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ шуд ва таъкид гардид, ки Тоҷикистон аз ҷалби ҳамсояи наздики худ – Афғонистон ба равандҳои ҳамгироии минтақавӣ ба хушнудӣ истиқбол намуда, аз фаъолияти фонди махсуси Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба барқарорсозии Афғонистон ва ҷараёни татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷдиди иншооти иҷтимоӣ дар ин кишвар ҷонибдорӣ менамояд.
Изҳори итминон карда шуд, ки Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва кишварҳои аъзои он дар татбиқи нақшаҳо ва ҳадафу вазифаҳои вобаста ба захираҳои об дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои давраи солҳои 2018 - 2028, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидааст, фаъолона иштирок менамоянд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар омодагии Ҳукумати Тоҷикистонро барои густариши муносибатҳои мутамаддин ва ҳамкориҳои васею воқеӣ бо ҳамаи кишварҳои хайрхоҳ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ таъкид намуда, изҳор доштанд, ки ин мавқеи созгори сиёсати хориҷии Тоҷикистон буда, бар усулҳои пазируфташуда ва халалнопазири дӯстии пойдор, баробарҳуқуқӣ ва эътимоду эҳтироми мутақобила асос ёфтааст. Изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои кори иҷлосияи имрӯза боз як омили муассире дар тақвияти бештари ҳамкориҳои судманди иқтисодии кишварҳои аъзои он мегардад.
Вобаста ба дурнамои ҳамкориҳои минтақавии давлатҳои аъзои созмон табодули афкори судманд доир гардида, аз ҷониби сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ Эъломияи Исломобод қабул карда шуд.
Дар хотима барои саҳми назаррас дар рушди илм ва соҳаҳои гуногун ба 7 нафар олим, аз ҷумла, ба намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов ҷоизаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаи илм ва технология супурда шуд.


1 март дар доираи иштирок дар кори Ичлосияи 13 - уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исломобод бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Барои рушду тавсеаи бештари ҳамкории байнидавлатӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир гардид ва таъкид шуд, ки дар давоми 25 соли барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия бо талошҳои муштарак ҳамгироии байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бемайлон густариш ёфта, сатҳу зинаҳои беҳтару хубтареро касб кардаанд.
Ҷонибҳо ҷиҳати рушди муомилоти иқтисодию тиҷоратӣ ва дарёфти роҳу усулҳои нави беҳтарсозии нишондиҳандаҳои гардиши савдои берунии байнидавлатӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.
Тақвияти кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳои энергетикаву коммуникатсия, ҷалби доираи соҳибкорию сармоягузории ҷониби Туркия дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди корхонаҳои муштарак ва ба роҳ мондани ҳамкории манфиатбори дуҷониба дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёти байналмилалӣ ва туризм, аз самтҳои афзалиятнок ва ояндадори робитаҳои густурдаи байнидавлатӣ арзёбӣ гардид.
Сарони давлатҳо ҷиҳати гузарондани нахустин Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Туркия, рӯзҳои фарҳангии ду давлат дар кишварҳои ҳамдигар, табодули донишҷӯёну омӯзгорон, хусусан афзун намудани шумораи квотаҳои таҳсил дар муассисаҳои олии таълимии Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва роҳандозии робитаи пайвастаи аҳли илму эҷод ба мувофиқа расиданд.
Ҳар ду ҷониб барои таҳкими муштаракоти дуҷонибаю минтақавӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва мусоидат ба раванди барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон ҳамфикрии хешро таъкид намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овард, ки дар фурсати муносиб бо сафари расмӣ ба Туркия ташриф оваранд. Даъват бо камоли майл пазируфта шуд.


1 март дар ҳошияи Иҷлосияи 13 - уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф баргузор шуд.

Аз дидори наву фурсати муносиб барои суҳбати самимӣ изҳори хушнудӣ карда, ҷонибҳо вазъи кунуниву дурнамои муносибатҳои гуногунҷанба ва масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Покистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст дар ҳама арсаҳо ва соҳаҳо ба ҳисоб мераванд.
Ҷонибҳо доир ба иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаи минтақавии сохтмони хати барқи баландшиддати CАSА - 1000, ҷалби имкониятҳои сармоягузории Покистон ба лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, инфрасохторӣ, нақлиётӣ ва транзитии Тоҷикистон ва рушди тиҷорати байни Тоҷикистону Покистон бо истифода аз долони иқтисодии Чину Покистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.
Ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Покистон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, созмонҳои ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамкории исломӣ баҳои баланд дода шуд.
Дар мулоқот ҳамзамон масоили ҳамкориҳои сохторҳои қудратӣ, ниҳодҳои мудофиавӣ ва хадамоти амниятии Тоҷикистону Покистон, иштироки фаъол дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва мусоидати бештар ба таъмини сулҳу амният дар кишвари Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.03.2017    №: 48-49    Мутолиа карданд: 987

28.04.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Ли Ки - Квон

Конфронси илмӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Марҳилаи дуюми барқарорсозии шабакаи обрасонии шаҳри Хоруғ оғоз мегардад

Интишори асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев ба забони қирғизӣ

Ҳунар ганҷи нуҳуфта аст

НУРОБОД. Таъсиси маркази маслиҳатдиҳии ҳуқуқӣ

Ҷаҳон дар як сатр

27.04.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо Пратибҳа Меҳта

Изҳори ҳавасмандӣ аз тақвияти ҳамкориҳо

Фестивали байналмилалии мусиқии «Еthno-jazz» баргузор мешавад

КҲФ огоҳ мекунад…

Мусобиқаи футбол дар Деваштич

Террористон набояд имкони бозгашт ба Қазоқистонро дошта бошанд

Истеъфои вазир дар Ҷопон

Аврупоро буҳрони нави муҳоҷират интизор аст?

Дар Доминикан обхезӣ мардумро бехонумон кард

Uber дар се сол аэротаксиҳоро ваъда медиҳад

Кишти пахта

Бунёди боғу токзор

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Кишти баҳорӣ

БАДАХШОН. 120 рӯзи ободонӣ ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

26.04.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал - Бодӣ

Тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ

Изҳори омодагӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо

Таҷрибаи Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ибратомӯз аст

Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён ҷамъбаст гардид

СУҒД. Авлавият ба таъсиси ҷойҳои нави кор

Варзиш

25.04.2017


Вохӯрии Нуриддин Саид бо Ясмин Гуедар

Дурнамои ҳамкориҳо матраҳ шуд

Оғози ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ

Натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ

РАШТ. ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед