logo

сиёсат

ҲАШАРИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Субҳи 8 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи Модар чун анъанаи накуи баҳорӣ ва рамзи Иди байналмилалии Наврӯз бо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сомони Эмомалӣ дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар пойтахт иштирок карданд.
Ниҳолшинонӣ тибқи нақшаи асосии ободонию бунёдкорӣ ва азнавсозии пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе дар майдони боғи Нишони давлатӣ сурат гирифта, ба хотири зебою озода кардани хиёбонҳои шаҳр дарахтони зиёди ороишию ҳамешасабз, ки ҳамзамон ба саломатии инсон фоида дошта, боиси болидахотирию рӯҳбаландии сокинону меҳмонон мегарданд, шинонда шуданд.
Шурӯъ аз рӯзҳои аввали фасли баҳор Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири мусоидат ба беҳдошти ҳифзи табиат ва ободонии ҳар як гӯшаву канори мамлакат маъракаҳои умумии ниҳолшинонӣ ташкил менамоянд. Чунин тадбирҳои созандагӣ рӯзҳои 2 феврал дар майдони Наврӯзгоҳи пойтахт ва 4 марти соли 2017 дар боғи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сурат гирифтанд.
Супоришҳое, ки Сарвари давлат рӯзи 2 феврал ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе бобати боз ҳам обод кардани хиёбонҳо ва мавзеъҳои сайру гашти сокинон дода буданд, то имрӯз иҷро гардиданд. Ҳамон рӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулини дигар идораҳои давлатӣ барои омодагӣ ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз, доир ба тезондани корҳои ободонию бунёдкорӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, баҳри ободу зебо гардондани гулгашту хиёбонҳо, Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон, хиёбони назди фурудгоҳ, майдони муҷассамаи Садриддин Айнӣ, инчунин роҳҳои марказии пойтахт дастуру ҳидоятҳо дода буданд. Тавре маълум гардид, то имрӯз масъулини шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои ҳидоятҳои Пешвои миллат  қад - қади дарёи Душанбе дар маҳали Наврӯзгоҳи пойтахт ва дигар мавзеъҳо дарахтони зиёди ороишию сояафкан шинондаанд.
Рӯзи 4 март дар ноҳияи Хуросон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар боғи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”, ки моҳи феврали соли 2016 дар майдони 160 гектар дар ҳудуди хоҷагии фермерии “Асадулло” бунёд шуда буд, дарахтони олу шинонданд. Дар ҳамин ҷо роҳбарияти хоҷагии фермерии “Асадулло” иқдом гирифтанд, ки ба хотири саҳмгузорӣ дар ободонии пойтахт бештар аз 4 ҳазор адад ниҳолҳои гуногуни ороишию мевадиҳанда, аз қабили бодом, писта, арча, ар - ар, каштан, сосна, мажевелник ва дуб ба пойтахт тақдим намоянд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти идораҳои дахлдор, ки фаъолияташон ба корҳои ободонӣ равона гардидааст, дастур дода буданд, ки то Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ин дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт шинонда шаванд.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ, ки дар майдони Нишони давлатӣ, роҳрави хиёбони Дӯстии пойтахт ва Боғи устод Рӯдакӣ сурат гирифт, аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва фарзандонашон асосан дарахтони ороишию сояафкани аз Аврупо ба Тоҷикистон воридгардида шинонда шуданд.
Дар маҷмӯъ имрӯз беш аз 430 адад ниҳоли дарахтони нодиру ҳамешасабз, аз ҷумла беш аз 70 ниҳоли каштан, 120 дарахти олуи канзанӣ, 95 адад ниҳоли магнолияи ҳамешасабз, 120 адад дарахти кипарис ва мажевелник шинонда шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои нигоҳубини хуби ин дарахтон, тозаю озода кардани муҳити атроф ва дигар тадбирҳо ба хотири таҷлили сазовори Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар идораҳои давлатӣ дастуру супоришҳо доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.03.2017    №: 53    Мутолиа карданд: 629
22.06.2017


Вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Улуғбек Розуқулов

Баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Баррасии таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ

Тавсеаи муносибатҳо бо Кувайт

Ҷаҳон дар як сатр

Мухолифини Сурия ба президентии Асад дар марҳилаи гузариш ризоият доданд

Дар Филиппин мактабро аз чанги ҷангиён раҳо сохтанд

Шоҳи саудӣ вориси нави тахтро интихоб намуд

Аз боронҳои сел даҳҳо ҳазор ҷопонӣ тарки манзил кард

Дар Қазоқистон ислоҳоти тиб роҳандозӣ мешавад

21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон

"Роҳи Ваҳдат"

Як нишасти муҳим

Ҷаҳон дар як сатр

Португалия: оқибати фоҷиабори сӯхтори ҷангал

Си Ҷинпин: «10 соли наздик барои БРИКС «давраи тиллоӣ» хоҳад шуд»

Соли 2040 дар Замин беш аз нисфи неру барқароршаванда хоҳад гашт

Дар Брюссел музокирот оид ба Брексит оғоз ёфт

Нахустин қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Остона расид

Варзиш

19.06.2017


Баррасии масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Ҳю Филпотт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед