logo

иҷтимоиёт

БА ИСТИҚБОЛИ НУР

Ӯ ҳамқадами ҳамватанонаш дар фазои амну субот басар мебарад. Юсуф Шоҳиён, сарвари Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ноқили Талко», аз қадамҳои нахустин пайрави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буданашро собит намуда, бо азми қавӣ ба истиқболи нур меравад.

Ширкати «Ноқили Талко», нахустин дар Осиёи Марказӣ корхонаи истеҳсоли ноқилҳои барқи шиддаташон гуногун, 31-уми августи соли 2011 ба фаъолият шурӯъ намуда, дар асоси технологияҳои муосир сохта шудааст. Сехҳои истеҳсоли ноқилҳои коргоҳ бо таҷҳизоти ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ – «Sictra» (Италия), «Smarter» ва «Nanjing» (Чин), «Siemens» (Олмон) ва «Maillefer Exstrusion Oy» (Финляндия) муҷаҳҳаз гаштаанд.
Корхона дорои Сертификати мутобиқати системаи менеҷменти сифат ба талаби меъёри байналмилалии ISO 9001: 2009 буда, метавонад маҳсулоташро ба бозори кишварҳои аъзои Созмони ҷаҳонии савдо содир намояд. ҶДММ «Ноқили Талко» имкон дорад бо иқтидори ҳозирааш дар як сол аз 6000 то 8000 тонна алюминийи аввалияро коркард созад. Озмоишгоҳи он дар Феҳристи давлатии Системаи миллии сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми октябри соли 2015 ба қайд гирифта шуда, дорои шаҳодатномаи аккредитатсияи озмоишгоҳи санҷишӣ ва салоҳияти техникӣ мебошад. Сифати ноқилҳои истеҳсолшуда  мутобиқи меъёрҳои байналмилалии ISO 9001: 2009, IEC, DIN, ASTM ва байнидавлатии ГОСТ санҷида мешаванд. Се озмоишгоҳи корхона – физикию кимиёӣ, санҷиши шиддати паст ва шиддати миёна бо дастгоҳҳои истеҳсолии ширкатҳои Чин ва Олмон муҷаҳҳазанд.
Баъди таъсиси Комиссияи доимоамалкунандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот ҶДММ «Ноқили Талко» дар самти коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллӣ, васеъ намудани номгӯи истеҳсоли молу маҳсулоти ватанӣ ва ҷуғрофияи фурӯши он, мусбисозии тавозуни гардиши савдои хориҷӣ ва, дар ниҳоят, беҳсозии сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар саҳми назаррас мегузорад.
Туфайли гузарондани озмоиши симҳои аз хориҷи кишвар воридшуда маълум гашт, ки аксарашон пастсифатанд. Маҳсулоти корхона бошад, ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, дар ҳолати фаъолияти муназзам коргоҳ имкон дорад, ки эҳтиёҷи мардуми кишварро бо маҳсулоти ватанӣ қонеъ гардонад. Алҳол дар ҶДММ «Ноқили Талко» аз рӯи буришҳои гуногун ва шиддатҳои пасту миёна 17 тамға ва 380 номгӯи ноқил истеҳсол карда мешаванд.
Коргарон зери роҳбарии Юсуф Шоҳиён тӯли солҳои 2015-2016 ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидаанд. Барои муқоиса: агар то моҳи апрели соли 2015 аз ҳашт хати истеҳсолӣ чортояш кор мекард, баъди сари кор омадани сарвари навовару навҷӯ шаш хати истеҳсолӣ мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифт. Порсол ҶДММ «Ноқили Талко» маҳсулоти худро ба Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон содир намуд. Чунин тарзи фаъолият имкон медиҳад, ки корхона дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи сазовор дошта бошад.
Юсуф Шоҳиён ва аҳли корхона ният доранд, ки бо маҳсулоти хушсифати худ дар озмунҳои байналмилалии сохтмони хатҳои интиқоли барқии 500 кВ-и CASA-1000 ва иваз намудани хатҳои интиқоли барқии 0,4 кВ-и ноқилҳои рӯйпӯшнашуда (симҳои луч) ба ноқилҳои рӯйпӯшшудаи тамғаи СИП дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб ширкат варзанд. Дар баробари ин, ҳамкориҳоро бо Пажӯҳишгоҳи кимиёи ба номи В. И. Никитини Академияи илмҳо оид ба истеҳсоли ноқилҳои рӯйпӯши полиэтиленӣ ва пластикӣ тавсеа бахшида, содироти онро ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд ва дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намоянд.
Фаъолияти пурсамари сарвари ҶДММ «Ноқили Талко» Юсуф Шоҳиён бо ифтихорномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Сомон-Душанбе», Ташкилоти ҷумҳуриявии “Иттиҳоди ветеранҳои амалиётҳои ҳарбии ОКСВА-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра қадр гардидааст.
Сипеҳр Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД, нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2017    №: 57    Мутолиа карданд: 217

18.03.2017


Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ

Баррасии ҷалби ширкатҳои Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳо

Вохӯрии Сумангул Тағойзода бо Пратибҳа Меҳта

Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон матраҳ гардид

ЛАХШ. Сар аз як гиребон

16.03.2017


«Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масоили об»

Ҷаласа дар ҳузури Азим Иброҳим

Боздиди сафири Тоҷикистон аз Донишгоҳи Венҷоу

Ҳадаф – муаррифии фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон

Ҷаҳон дар як сатр

Гӯшаи кишоварз

Судяи иёлати Гавайя фармони Трампро аз амал боздошт

Дар Димишқ се маргталаб худро тарконд

Ба 17 миллион яманӣ гуруснагӣ таҳдид мекунад

Озод кардани австрализани рабуда дар Афғонистон

Ҳавопаймои дубаҳраи чинӣ ба парвози нахустин омодагӣ мегирад

15.03.2017


Нақши осори Бедил дар рушди дипломатияи мардумии фарҳангӣ

Тоҷикистону Чин: тақвияти ҳамкориҳои илмӣ

Тантанаҳои наврӯзӣ 21 март оғоз мегарданд

Вусъати корҳои ободонӣ

Қолинбофӣ рушд меёбад

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон 30 гаравгонро озод карданд

ЮНИСЕФ: порсол дар Сурия 650 кӯдак ҳалок шуд

ИМА нисфи маблағгузории СММ – ро коҳиш медиҳад

Ҳалокат дар садамаҳои ҳавоӣ 2 маротиба афзудааст

Покистон аҳолиашро аз нав ба ҳисоб мегирад

13.03.2017


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР АКАДЕМИЯИ ВАО

Афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд матраҳ гашт

Баррасии таҳкими ҳамкориҳо

Мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт – 2017»

Мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон

Изҳори сипос ба «Ҷумҳурият»

Боб-ус-Сағир ҳадафи ҳамлаи террористӣ гашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед