logo

Хабарҳо

Гӯшаи кишоварз

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо
Мувофиқи маълумоти фаврӣ, имсол дар ҷумҳурӣ майдони умумии гармхонаҳо ба 66 гектар расонда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 3 гектар зиёд мебошад. Кишоварзон тавонис-танд майдони гармхонаҳоро самаранок истифода бурда, помидор, бодиринг ва сабзавоти дигар кишт намоянд ва ҳосили дилхоҳ ба даст оранд. То 12.03.2017 аз гармхонаҳои доимоамалкунандаи ҷумҳурӣ 200 тонна помидор, 93,3 тонна бодиринг ва 95,5 тонна сабзавоти дигар, ҷамъ 389 тонна маҳсулоти тару тоза ҷамъоварӣ шудааст.

Шудгор
Тибқи дурнамо, имсол  599913 гектар заминҳои кишоварзӣ шудгор мешаванд. То 12.03.2017 майдони 551110 гектар замин шудгор шуд, ки 92 %-и дурнаморо ташкил медиҳад.
Дар вилоятҳои Хатлон 292753  ( 98 %), Суғд 178214 ( 86 %), ВМКБ 4934 (55 %) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 77209 гектар (87 %) замин шудгор шудааст. Барои сари вақт ва бо сифати хуб ба анҷом расондани шудгори заминҳо 19159 трактор сафарбар шуда, аз онҳо айни ҳол 1615 - тоашон мавриди истифода қарор доранд.

Омодагии техника ба кишту кори баҳорӣ
Пешбурди соҳаи кишоварзӣ ба омодагӣ ва дастрасии техникаи кишоварзӣ вобастагии калон дорад.
Тибқи маълумоти омории моҳи марти соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҷумҳурӣ 26029 трактори гуногунтамға мавҷуд аст.  19159 трактор омодаи корҳои саҳроист. Барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ дар саҳро соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 36 техникаю мошинолот - 25 трактор, 8 тухмипошаки ғалла, 2 экскаватор ва 1 техникаи ёрирасон ворид карда шуд.
Барои таъмин намудани кишоварзон бо техникаю мошинолоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ 76 маркази хизматрасонии техникӣ (МХТ) фаъолият мекунад.

Чорводорӣ
Тибқи маълумоти оморӣ, то 1.03.2017 дар ҷумҳурӣ 2278208 сар чорвои калон (аз ҷумла 1169378  сар модагов), 5476523 сар гӯсфанду буз, 79604 сар асп ва 4883740 сар паранда ва 218990 оилаи занбӯри асал мавҷуд аст. Дар дуюним моҳи соли равон 20090,2 тонна гӯшт, 100718,3  тонна шир, 138,8  тонна моҳӣ ва 49240 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 70088  (аз ҷумла модагов 37041), гӯсфанду буз 181041, асп 1448 сар ва  оилаи занбӯри асал 5539 адад зиёд гардидааст.
Маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ
ва шуъбаи иқтисоди “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 195
20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ

19.07.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода ва Кристиа Фриланд

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Даромади софи бонк ба 15 миллион сомонӣ расид

Ба Кодекси мурофиавии иқтисодӣ тағйирот ворид мешавад

Масъулияти аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ баланд мегардад

18.07.2017


Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД

Мулоқот бо губернатори Токио

Машқҳои стратегии зиддитеррористӣ дар ВМКБ

«Мушкилкушо» ва «Комил» ба Қазон мераванд

Мурофиаҳои сайёри судӣ омили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Инвентаризатсияи заминҳо ба охир расид

ВАРЗОБ. Чорводорӣ рӯ ба беҳбудӣ

НАФАҚА. Камбудиҳо бартараф мешаванд

Варзиш

17.07.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Саид Оғо

Вохӯрӣ бо роҳбари минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ

Баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ

Баррасии роҳу усулҳои мубориза бо коррупсия

Дарёфти 1010 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ

Бехатарии саноатӣ ва ҷавобгарии 182 шахси масъул

Рӯйхати сиёҳ вуҷуд надорад

15.07.2017


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва сохтмони роҳ

Вохӯрии Ҷамолиддин Нуралиев бо Камен Захариев

250 000 сомонӣ ғолибонро интизор аст

Таъсиси Маркази илмӣ – таҳқиқотии технологияи инноватсионӣ

30 миллион сомонӣ қарзи аҳолӣ аз ҳаққи хизматрасонӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед