logo

фарҳанг

НАВРӮЗ ВА НАҚШИ ОН ДАР РӮЗГОРИ ОРИЁИТАБОРОН

Наврӯз дар рӯзгори ақвоми ориёитабор, хусусан тоҷикону эрониён, бо тамоми ҷузъиёту суннатҳояш мақоми воло ва маърифати  зиндагии онҳоро ифода  мекунад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки  Наврӯз ба тору пуди мардуми мо танида, ҷаҳонбинии моро  ифода мекунад. 

Ин нуктаро олимону донишмандон дар мизи гирд, ки бо ташаббуси Академияи илмҳо, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Вазорати маориф ва илм дар мавзӯи «Наврӯз – падидаи фарҳангӣ  дар тамаддуни ҷаҳонӣ» баргузор шуд, зикр намуданд.
Бино ба гуфтаи Худойбердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ,  Наврӯз, ки дорои сифатҳои  инсонпарваронаи накӯкорӣ,  бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад,  ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфта,  дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Аз  ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ  пазируфтани Наврӯз гувоҳи  он аст, ки мардуми сайёра ба ин оини фарҳангиву  инсонпарварона  эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу  субот, покию садоқат,  зебоию бедорӣ эътироф менамоянд. 
Таъкид гардид, ки баъд аз ҷаҳонишавии Наврӯз ҳавзаи он хеле васеъ шуд. Ин ҷашн ҳоло дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Туркманистон,  Озарбойҷон, Қазоқистон,  Қирғизистон, Албания, Туркия, Чин, Покистон, Доғистон, Чеченистон, Македония, Гурҷистон,  бо шукӯҳу шаҳомат  таҷлил мешавад.
 Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2017    №: 59    Мутолиа карданд: 342

28.04.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Ли Ки - Квон

Конфронси илмӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Марҳилаи дуюми барқарорсозии шабакаи обрасонии шаҳри Хоруғ оғоз мегардад

Интишори асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев ба забони қирғизӣ

Ҳунар ганҷи нуҳуфта аст

НУРОБОД. Таъсиси маркази маслиҳатдиҳии ҳуқуқӣ

Ҷаҳон дар як сатр

27.04.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо Пратибҳа Меҳта

Изҳори ҳавасмандӣ аз тақвияти ҳамкориҳо

Фестивали байналмилалии мусиқии «Еthno-jazz» баргузор мешавад

КҲФ огоҳ мекунад…

Мусобиқаи футбол дар Деваштич

Террористон набояд имкони бозгашт ба Қазоқистонро дошта бошанд

Истеъфои вазир дар Ҷопон

Аврупоро буҳрони нави муҳоҷират интизор аст?

Дар Доминикан обхезӣ мардумро бехонумон кард

Uber дар се сол аэротаксиҳоро ваъда медиҳад

Кишти пахта

Бунёди боғу токзор

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Кишти баҳорӣ

БАДАХШОН. 120 рӯзи ободонӣ ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

26.04.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал - Бодӣ

Тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ

Изҳори омодагӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо

Таҷрибаи Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ибратомӯз аст

Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён ҷамъбаст гардид

СУҒД. Авлавият ба таъсиси ҷойҳои нави кор

Варзиш

25.04.2017


Вохӯрии Нуриддин Саид бо Ясмин Гуедар

Дурнамои ҳамкориҳо матраҳ шуд

Оғози ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ

Натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ

РАШТ. ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед