logo

фарҳанг

АЗ САНҶИД ТО СИПАНД. ҲАФТ ХОНИ НАВРӮЗ

Ҳафт хони наврӯз, пеш аз ҳама, бо ҳафтсин оғоз меёбад.
Аксари мардуми ориётабор аз рӯзгори куҳан то имрӯз хони наврӯзии худро бо номи ҳафт син, аз ҷумла санҷид, себ, сабза, суманак, сикка, сирко ва сипанд оро медоданд.

Санҷид бӯи хушу гуворо дошта, рамзи нишони дилдодагӣ ба табиатро ифода месозад. Он барангезандаи ишқу нишот ва шӯру шаафи ҷавонӣ ва намоди зоишу таваллуд мебошад. Баъзе аз донишмандон онро «муқаввои ақл» низ донистаанд. Ба ин сабаб, рамзи асосии санҷид ниҳодан ба хони наврӯзӣ намоде аз донишу хирад будааст.
Себ рамзи дувуми ҳафтсин мебошад. Дар тибби мардумӣ омадааст, ки кас ҳар рӯз як дона себ хӯрад, ӯро ба пизишк эҳтиёҷ намонад. Дар урфият мегӯянд, ки себ ду рух дорад: нимаи нахусти он ба дӯст ва нимаи дувуми он ба рухи ёр ташбеҳ шудааст.
Севумин сабза аст. Ин сабза, пеш аз ҳама, ба рӯиш, зинда ва бедор шудани табиат марбут мебошад ва рамзи сарсабзӣ, нумӯ ва хуррамии инсониятро бозгӯ менамояд. Мардуми ориёитабор сабзаро дар хони худ чун нишони тароват, боландагӣ, хуррамӣ мегузоштанд ва онро рамзи сари сол медонистанд.
 Чаҳорумин унсури суфраи идона суманак мебошад. Он дорои тамаддуни ғании кишоварзӣ будани мардуми моро баён сохта, нишони ғизо гирифтан ва паҳлавонӣ низ мебошад. Бесабаб нест, ки онро ғизои «мардофарин» ном мебаранд.
Рамзи дигари хони наврӯзӣ сикка мебошад. Он нишони дороӣ ва сарват, сахову баракат ва хайру эҳсон мебошад. Гузаштагони мо ба он хотир рӯи хони худ сиккаҳои симу зар мегузоштанд, ки дар соли нав рӯзгорашон бо баракат, фаровон, орому осуда сипарӣ шавад.
 Хони наврӯзиро сирка, ки рамзи шашуми он мебошад, оро медиҳад. Онро муқаввии ҳофиза ва қалб гуфтаанд. Он ба масобаи пизишкест, ки инсонро дармон мебахшад ва аз дарду офатҳо эмин нигоҳ медорад. Сиркоро рамзи ризову тасаллӣ низ қаламдод кардаанд. Барои гувориш ва ҳазм шудани таом аз анвои гуногуни сирко, ба мисли шарбатҳои ангур, себ, гелос, олуболу, шафтолу, зардолу тайёр мешавад истифода мекунанд. Ин ба сони муъҷизаест, ки чарбшӯст ва мухтассоти зиддисаратонӣ дорад.
Сипанд ё ҳазориспанд охирин «син»-и ҳафтсини хони наврӯзист. Онро донишмандон рамзи сабр ва таҳаммул донистаанд. Дар хони наврӯзӣ он намоди пойдорӣ ва муқовимат буда, инсон талош меварзад, то ба ҳадафҳои дарпеш -  гузоштаи худ бирасад. Дар тибби мардумӣ он аз доруҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, барои пешгирии бемориҳои зиддиуфунӣ, зуком ва тақвияти қувваи биноӣ истифода мешавад. Дар урфият мардуми мо онро «гиёҳи балогардон» номидаанд.
Донаҳои ҳазориспандро рӯи зарфи наврӯзӣ гузошта, бо фаро расидани Наврӯз онро ба хотири дафъи балоҳо месӯзонданд. Ба қавли машҳур он ба ҳазор дард даво будааст.
Гузаштагони мо густардани хони наврӯзиро ба дӯши духтари дӯзишае мегузоштанд, то баъд аз тановули маводи ғизоӣ пиронсолон дуо кунанд, ки соҳиби шавҳари хуб ва фарзандони накӯ гардад. Ин ҳам яке аз суннатҳоест, ки мардуми мо то имрӯз нигоҳ доштаанд.
Абдуғаффор ЮСУФОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.2017    №: 59    Мутолиа карданд: 422

23.11.2017


Қоҳир Расулзода Муҳаммад Аҳмад Султон Исо Ал-Ҷобирро ба ҳузур пазируфт

Баррасии ҳамкориҳо оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ

Водии Рашт дорои иқтидори бузурги сайёҳист

«Тоҷик Эйр» парвозҳоро ба Урумчи барқарор менамояд

Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон 50 миллион доллар ҷудо кард

Трамп гуфтугӯ бо Путинро судманд номид

Сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай ба Сочи меоянд

Амалиёти густурдаи низомӣ дар Сурия анҷом меёбад

Корхонаҳои калонтарин бояд ба тақвияти истеҳсолоти низомӣ омода бошанд

Бори нахуст теъдоди фавқулкомпютерҳои Чин аз ИМА бештар шуд

22.11.2017


Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров ва Ҷузе Алфонсо Зегбе Камарена

Густариши ҳамкориҳо бо Ҳиндустон

Дар Рашт таҷҳизоти инноватсионии тибби фосилавӣ ба истифода дода шуд

Мусобиқоти варзишӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҷоми ҷаҳонро ба Тоҷикистон меоранд

Ҷаҳон дар як сатр

Башор Асад ба Русия барои «наҷоти Сурия» изҳори сипос намуд

Небензя: «Теъдоди ҷангиёни «ДИ» дар Афғонистон ба 10 ҳазор нафар расидааст»

Земан: «Ҳамкориҳои Русия бо Чехия вусъат меёбанд»

Теъдоди аҳолии Чин ба 1,399 миллиард нафар расид

Ду ҳавопаймо тавассути интернет – музояда ба савдо рафт

NASA ба Моҳ астронавтҳоро яксола фиристоданист

21.11.2017


Муаррифии китоби «Пешвои миллат ва сиёсати забон»

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон

Ифтитоҳи бинои раёсати адлияи ВМКБ

«Шабе дур аз Ватан» дар Владикавказ намоиш дода мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

Туркманистон аз кишварҳои амнтарини дунё эътироф гардид

Конгресси ИМА аз алоқаи Трамп бо Русия ягон далел наёфт

Ҷустуҷӯи киштии зериобии Аргентина шурӯъ шуд

Олмон ба кӯдакон бастани соатҳои «доно» - ро манъ намуд

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед