logo

иқтисод

ЗАМИН. АГАР ХОҲЕМ ЗИНДАГИЯМОН НАВРӮЗӢ БОШАД...

Таъмини амнияти озуқавории кишвар маҳз аз рушди соҳаи кишоварзӣ сарчашма мегирад.  Ин аст, ки имрӯзҳо ҳифзи замин ва истифодаи самараноку оқилонаи он ба яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа мубаддал гаштааст. Моҳияти масъалаи мазкур дар он зуҳур мегардад, ки баробари пешрафти ҷомеа ҷараёни таъсири фаъолияти инсон ба замин васеъ шуда, дар заминаи пешравии илму техника босуръат идома меёбад ва пешрафти илму техника зарурияти истифодабарии ҳамаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла заминро ба миён меорад.
Ҳоло вақти он расидааст, ки ҳолатҳои дигаргунсозӣ, гузаштан ба иқтисоди бозоргонӣ ва шаклҳои нави хоҷагидорӣ, усулҳои истеҳсолоти кишоварзӣ ва муомилоти байниҳамдигарии молию моддиро ба пуррагӣ тағйир дод. Зеро гузаштан аз тарзи заминистифодабарии ҷамъиятию давлатӣ ба инфиродӣ ва инфиродию кооперативӣ муносибатро ба замин ва шароитҳои истеҳсолӣ яку якбора дигар кард. Дар ҷумҳурӣ имконияти зиёд намудани майдони замини обии хуб маҳдуд, бар замми ин, тайи солҳои охир ҷараёни рушди  демографӣ ва барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ ҷудо шудани майдони зиёди заминҳои обӣ  боиси кам гаштани замин ба сари ҳар як сокини ҷумҳурӣ гардидааст. Агар ин тамоюл бо чунин суръат идома ёбад, пас то соли 2025 миқдори заминҳои киштшавандаи обӣ ба сари ҳар шаҳрванди кишвар то 0,08 гектар кам мешавад. Бинобар ин, барои дар сатҳи зарурӣ таъмин кардани амнияти озуқавории кишвар дурнамои азхуд намудани заминҳои нав бояд 830 - 835 ҳазор гектарро ташкил диҳад.
Дар шароити табиӣ барои пайдо шудани 1 см қабати ҳосилхези хок зиёда аз 300 сол лозим меояд. Аммо инсон бо рафтори беандешаю нодурусти худ метавонад ин неъмати офаридаи табиатро дар чанд лаҳза бебозгашт барҳам диҳад.  Ба ибораи дигар, имконияти пайдо шудани қабати ҳосилхези хок хеле маҳдуд ва ҷинси табиӣ қариб барқарорнашаванда мебошад. Тибқи дастовардҳои илмӣ,  ҷиҳати ҳосилхезгардонии хок истифодаи самараноку оқилонаи чорабиниҳои агротехникию агромелиоративӣ  аҳамияти калон дошта, аз ҷиҳати иқтисодӣ ниҳоят босамар мебошад.
Тӯли чанд даҳсолаи охир дар кишварамон  ҳазорҳо  гектар заминҳои нав азхуд шуданд, ки ин нишондиҳандаи хуб аст, вале таъкидан бояд гуфт, ки ин заминҳо ба гузарондани чорабиниҳои беҳдошти ҳолати мелиоративӣ эҳтиёҷи калон доранд. Бидуни амалисозии чорабиниҳои беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда самаранокӣ ва маҳсулнокии онҳо мунтазам паст шудан мегиранд. Бо назардошти он ки дар даҳсолаи охири замони  шӯравӣ чорабиниҳои беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳои обӣ дар сатҳи зарурӣ ва мутобиқи меъёрҳои илман асоснок гузаронда нашуда буданд, майдони заминҳои шӯршуда, дуборашӯршуда ва сатҳи обҳои зеризаминиашон баланд имрӯз хеле зиёд шудаанд. Чунки аз масофаи умумии шабакаҳои заҳбуру заҳкашҳо, ки зиёда аз 14 ҳазор километрро ташкил медиҳанд, айни ҳол қариб 70 фисади онҳо дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доранд.      
 Чунонки натиҷаи таҳлилҳои гузарондаи мутахассисони Институти хокшиносии кишвар дар самти омӯзиши ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон дар соли 2015 нишон дод, таъмир ва тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, ки яке аз омилҳои асосии паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ дар заминҳои корами обии шӯршуда ба ҳисоб меравад, дар ин минтақа суст ба роҳ монда шудааст. Дар бештари ҳолатҳои дидашуда заҳбурҳои кушода  аз рӯи чуқурии лоиҳавӣ тоза намешаванд ва дар бисёр маврид ҳатто яктарафа тоза карда шудаанд. Яке аз роҳҳои нест кардани намак дар заминҳои шӯршуда ин гузарондани обшӯйкунӣ ва яхобмонӣ дар фасли зимистон ва аввали баҳор мебошад. Мутаассифона, таҷрибаҳо собит намуданд, ки тайи солҳои охир обшӯйкунӣ ва яхобмонии заминҳои корами обии шӯрнок дар ягон ноҳияи мавриди таҳлилу омӯзиш  гузаронда нашудааст. Барои гузарондани корҳои назорати сатҳи обҳои зеризаминӣ дар заминҳои шӯршуда бояд чоҳҳои назоратӣ дар ҳолати корӣ бошанд, вале чунин чоҳҳо на ҳамеша таъмир ва мавриди фаъолияти дуруст қарор доранд.
Маъданнокии обҳои зеризаминӣ ва заҳкашу заҳбурҳои ноҳияҳои санҷидашуда  дар заминҳои шӯрнок ба 1-5 г/л ва дар баъзе ноҳияҳо  баъзан аз 5 г/л низ зиёд мебошад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар таркиби оби зеризаминӣ миқдори намакҳои тезҳалшаванда ва заҳрнок ниҳоят баланд аст. Шӯршавии заминҳои корами обёришаванда қариб дар ҳамаи ноҳияҳои назоратӣ  мушоҳида мешавад. Бинобар ин, бо сабаби нагузарондани чорабиниҳои беҳсозии ҳолати мелиоративии замин ҳар сол заминҳои корами обӣ боир шуда, аз гардиши кишоварзӣ баромада истодаанд. Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ, ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ ин рақам 12830 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 10247 га заминҳои обӣ ва 2583 га заминҳои лалмӣ мебошанд.  Заминҳои пурарзиши таъйиноти кишоварзӣ, бахусус заминҳои обёришаванда, бо сабаби бад гардидани ҳолати мелиоративӣ аз гардиши кишоварзӣ баромада истодаанд.
Хурсандибахш аст, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушду нумӯи соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.  Соли 2016 майдони умумии 1536 га (аз он 1498 га заминҳои обёришаванда) азхуд карда, ба гардиши кишоварзӣ ворид  шуданд. 
Дар сурати аз худ намудани заминҳои нав андешидани чорабиниҳои агротехникӣ, аз қабили истифодабарии нуриҳои маъданию органикӣ дар ҳаҷми зарурӣ, кишти зироатҳои ғилофакдор, инчунин, риояи ҳатмии киштгардон мувофиқи мақсад мебошад.
Барои оқилона истифода бурдани заминҳои корам ва беҳсозии ҳолати мелиоративии онҳо доимо тоза намудани заҳбуру заҳкашхо то нуқтаи лоиҳавӣ (ҳар 5 сол), таъмири шабакаҳои обгузаронӣ, ҷуйбору захбурҳо дар ҳудуди заминҳои обёришаванда дар давоми сол, обшӯйкунии асосӣ ва пешгирикунандаи заминҳои шӯр, ҷорӣ намудани заҳбурҳои биологӣ, тоза кардани заминҳои корам аз сангпораҳо, яхобмонии ҳатмии заминҳои аз намӣ таъминнабуда, риояи чорабиниҳои пешгирикунандаи агротехникӣ, гидротехникӣ ва мелиоративӣ оид ба ҳифзи заминҳо аз шусташавӣ (эрозия) манфиати зиёди иқтисодӣ доранд.
Бобишо ХОЛОВ,
директори Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.03.2017    №: 62    Мутолиа карданд: 565

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед