logo

иқтисод

ГУМРУК. ЯК МАВЗӮИ МУҲИМ

Фаъолияти озмоишгоҳи гумрукии марказӣ барои мусоидат ба таъмини декларатсиякунонии пурра ва дурусти молҳои ҳассос равона шуда, дар чаҳорчӯбаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ роҳандозӣ мешавад. Санҷиши молҳое, ки монандкунии онҳо экспертизаи гумрукиро талаб мекунанд, ба дӯши ин озмоишгоҳ гузошта шудааст. Таҳлили ҳуҷҷатҳои дастрасшуда нишон медиҳанд, ки соли 2016 дар 30%-и ҳолат нисбат ба 18 намуди моли профили таваккал бе таъйини экспертиза боҷи гумрукии минималӣ, яъне 5%-а татбиқ шудааст.
- Таҳлили бозор нишон медиҳад, ки ҳиссаи намудҳои мухталифи молҳои гурӯҳи таваккал, ки дар нуқтаҳои савдои шаҳру ноҳияҳои мамлакат вомехӯранд, ба маълумоти омории гумрук дар аксари мавридҳо мувофиқат намекунанд.  Ин шаҳодати он аст, ки ҳангоми барасмиятдарории гумрукии молҳои профили таваккал то ҳол суистифода аз вазифаҳои хизматӣ ҷой дорад, инчунин саркашӣ аз  пардохтҳои гумрукӣ дида мешавад, - мегӯяд  сардори озмоишгоҳи гумрукии марказии Хадамоти гумрук  Мансур Саидов.
Чунончи, аз дидбонгоҳи гумрукии “Ҳисор” - и раёсати дар шаҳри Турсунзодабуда қарорҳо оид ба таъйини экспертиза барои муайян кардани рамзи молии маводи ба суроғаи “Комбинати металлургии Тоҷик” ва ҶДММ “АО Санг” ворид гардиданд. Маълум гардид, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба суроғаи “Комбинати металлургии тоҷик” 294016 тонна хокаи ба оташ тобовар ворид ва дар мавқеи молии 3824 тасниф шудааст. Натиҷаи тадқиқоти озмоишгоҳ собит сохт, ки маводи мазкур хокаи ба оташ тобовар буда, дар рамзи молии 3816 тасниф мешавад ва бояд аз он андоз ва боҷҳои гумрукӣ ба пуррагӣ ситонда шавад. Дар асоси хулосаи озмоишгоҳи гумрукии марказӣ аз ҷониби ширкати мазкур ба буҷети давлат 637012 сомонӣ пардохт гардид. Ё ин ки 65 тонна тахтасанги ба суроғаи ҶДММ “АО Санг” воридшуда, дар ҳуҷҷатҳои роҳбаладӣ рамзи молии 2512 сабт гаштааст, ки аз он боҷи ҳадди ақалли 5%-а гирифта мешуд.  Экспертиза ошкор кард, ки тахтасанг аз санги оҳакдор буда, дар мавқеи молии 6802 қарор дошта, аз он боҷи ҳадди ниҳоии 15%-а гирифта шавад. ҶДММ “АО Санг” ба буҷет 84921 сомонӣ пардохти гумрукӣ супурд.
ҶДММ “Амазон” 108406 тонна нӯшокиҳои беалкоголро ворид намуда,  бо рамзи молии 2202 (ҳамчун нӯшокиҳои обии бо консентранти мевагӣ ранг ва хушбӯйкарда) ҳуҷҷатҳо пешниҳод намуд. Тадқиқоти озмоишгоҳ муайян сохт, ки нӯшокиҳо дар таркибаш ҳамагӣ 40% афшураи меваи табиӣ дошта, ба рамзи молии 2009 тааллуқ доранд. Ширкат барои нодуруст декларатсия кардани мол  ба буҷети ҷумҳурӣ 278118 сомонӣ пардохти гумрукӣ супурд.
Озмоишгоҳи гумрукии марказӣ ба мақсади пурзӯр  намудани назорат оид ба пурра ва дуруст ситондани боҷу хироҷи гумрукӣ ва муайян кардани рамзи дурусти молҳо семинарҳои амалӣ мегузаронад, ки ба пешравии кор ва беҳтар гаштани натиҷаҳо мусоидат мекунад.
Дар аксар ҳолатҳо молҳои профили таваккалӣ таҳияшаванда аз ҷониби нозирони барасмиятдарор ва мутахассисон оид ба пур намудани эъломияи гумрукӣ, ба назар гирифта намешаванд, ки боиси кам ситондани пардохтҳо ба буҷет мегардад, - гуфт Мансур Саидов.
Мирзои ФИРӮЗ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.04.2017    №: 69    Мутолиа карданд: 172
28.06.2017


Хатлон. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ хуб ҷараён дорад

Ба хотири ғановати дастархони мардум

ШОҲҶОИЗА ВА ЧОР МЕДАЛИ БОНУВОНИ ТОҶИК

«КАФС». КОРХОНАИ НАВИ ХИШТ

Ҷаҳон дар як сатр

Покистон: оташгирии мошини нафтбар ва ҳалокати 140 нафар

Тоҷикистон ба низоми PosTransfer шомил мегардад

Аҳолии Қазоқистон ба 18 миллион нафар расид

Пас аз 7 сол Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ аз Чин мегузарад

Бишкек, Тифлис ва Миср - дар даҳгонаи арзонтарин шаҳрҳои дунё

Бердимуҳаммадов ба тараннуми фаъолтари дастовардҳои Туркманистон даъват намуд

22.06.2017


Вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Улуғбек Розуқулов

Баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Баррасии таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ

Тавсеаи муносибатҳо бо Кувайт

Ҷаҳон дар як сатр

Мухолифини Сурия ба президентии Асад дар марҳилаи гузариш ризоият доданд

Дар Филиппин мактабро аз чанги ҷангиён раҳо сохтанд

Шоҳи саудӣ вориси нави тахтро интихоб намуд

Аз боронҳои сел даҳҳо ҳазор ҷопонӣ тарки манзил кард

Дар Қазоқистон ислоҳоти тиб роҳандозӣ мешавад

21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед