logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

АСРОРИ КОИНОТ
Барои кашфи асрори кайҳон одамон пажӯҳишҳои бисёр бурдаанд. Имрӯз таҳқиқи фазои коинот ва ҳаракати ҷирмҳои осмониро мутааллиқ ба олимони Ғарб медонанд, аммо маъхазҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостонӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар саргаҳи ин кашфиёт донишмандони форсу тоҷик қарор доштаанд.
Масалан, олими машҳури Фаронса Жак Рислер гуфтааст: «Таъсири астрономҳои мусалмон ба Ренесанси Аврупо мисли таъсири математикони онҳост». Яъне дар даврони Эҳё донишмандони қораи Осиё, аз ҷумла тоҷикон нахустин таҳқиқоти кайҳоншиносиро анҷом додаанд.
Курашакл будани Замин, дар атрофи меҳвари худ ва гирди Офтоб давр задани онро чандин аср қабл аз ғарбиён донишманди маъруф Берунӣ кашф кардааст. Аввалин маротиба дар ҷаҳон Берунӣ ҳисоб кардани масоҳати заминро ошкор сохт, ки дар Аврупо бо номи «қоидаи Берунӣ» маъруф аст.
Аввалин донишманде, ки дар ҷаҳон хамии мадори Офтобро муайян кардааст, ал - Фарғонии тоҷик аст. Асарҳои Фарғонӣ бештар аз 700 сол китобҳои асосии дарсии астрономии аврупоиён буд. Аввалин маротиба дар ҷаҳон доғҳои рӯйи Офтобро  ӯ маълум кардааст.
Қутбиддини Шерозӣ 300 сол қабл аз олими маъруфи Ғарб Декарт чигунагии рангинкамонро ошкор кард.
Тақвими нуҷумии Умари Хайём яке аз дақиқтарин тақвимҳо дар илми ҷаҳонист. Системаи солшумории пешниҳоднамудаи ӯ ҳатто аз солшумории григорианӣ, ки дар Аврупо маъруф аст, дақиқтар аст.
Камолиддини Форсӣ фарзияи мавҷӣ ва зарравии нурро пешниҳод кард. Баъдан дар Аврупо олимон Нютон, Декарт ва дигарон аз ӯ пайравӣ намуданд.
Аввалин маротиба Абубакри Розӣ исбот намуд, ки дар фазо ҷойи холӣ низ мавҷуд аст.
Донишмандони тоҷик (се бародари Мӯсои Хоразмӣ дар қарни 9 - 10) дарозии масоҳати Заминро бо усули ихтироъкардаи худ чен карданд, ки хеле маъруф аст.
Таҳияи Шаҳбози АБРОР


КАТИБАҲОИ СУҒДӢ
Ин навиштаҷот дар натиҷаи кофтуковҳои археологӣ аз маркази қадимаи давлати Суғд (Самарқанду Афросиёб) пайдо шудаанд. Катибаҳоро  бо хати суғдӣ дар зери тасвироти рӯйидевории биноҳои  Афросиёб навиштаанд. Як катибаи хурди аз Афросиёб пайдогардида, дар рӯйи дасти хизматгорзане сабт ёфтааст, ки дар рикоби бонуи худ равон аст.  Катиба чунин аст: “Аз наздикони бону”. Катибаи дигар шарҳест ба тасвири қабули сафири ҳокими Чағониён аз тарафи ихшиди Суғд. Дар катиба номи ҳокими  Чағониён – Турантош, номи сафир, ки худро “дапирпати (сардори дабирон) Чағониён Букарзате” меномад ва номи ихшиди Самарқанд ба шакли Аварҳумон омадааст. Сафир дар назди ихшид арзи сипосгузорӣ намуд ва ихшид ба ӯ рухсати сухан гуфтан дод, он гоҳ дапирпати чочӣ забон ба гуфтор кушод.  Дар ҳамин ҷо катиба қатъ мегардад. Катиба рӯйдодҳои таърихии нимаи дуюми асри 7-ро дар бар мегирад.  Ҷиҳати ҷолиби диққати катиба он аст, ки дар бораи одобу русуми сафорат ва қабули сафирон дар он давра маълумоти муҳиме медиҳад.
Таҳияи Мирзои ФИРӮЗ


ЗАБОНҲОИ ҶАҲОН
• Алифбои аз ҳама дарозтарин алифбои камбоҷагӣ мебошад, ки аз 74 ҳарф иборат аст.
• Замоне аломати амперсанд (G) яке аз ҳарфҳои алифбои англисӣ буд.
• Забони такӣ, ки бо он дар қисмати фаронсавии Гвинея сухан меронанд, ҳамагӣ аз 340 калима иборат аст.
• Дар асри 18 Бенжамин Франклин дар алифбои англисӣ зиёда аз 200 синоними калимаи «Drunk» - ро пайдо кард, ки «маст» - ро ифода мекарданд.
• Сокинони Папуаи Гвинеяи Нав тақрибан бо 700 забон гап мезананд, ки 15 дарсади забонҳои ҷаҳонро ташкил медиҳад.
• Дар Созмони Милали Муттаҳид 6 забони расмӣ амал мекунад: англисӣ, фаронсавӣ, арабӣ, чинӣ, русӣ ва испанӣ.
• Дар ҷаҳон аз ҳама бештар бо забони чинӣ ҳарф мезананд. 885 миллион нафар бо ин забон такаллуф менамояд. Дар ҷойи дуюм забони испанӣ (332 миллион нафар) ва дар зинаи сеюм забони англисӣ (322 миллион нафар) қарор доранд. Забони русӣ дар ин рӯйхат дар ҷойи 7 - ум (170 миллион нафар) ҷойгир шудааст.
• Дар қитъаи Африқо зиёда аз 1000 забон вуҷуд дорад.
• Дар хати чинӣ зиёда аз 40 000 аломат мавҷуд аст.
• Намояндагони адён, ҳуқуқшиносҳо ва табибон дар забони гуфтугӯии худ 15 000 калима, коргарон 5 - 7 ҳазор  калима ва фермерҳо қариб 1600 калимаро истифода мебаранд.
• Калимаи «вирус» аз забони лотинӣ маънои «заҳр» ва «антология» маънои «дастаи гул» - ро доранд.
• Дар аксарияти забонҳои олам калимаи «модар» бо ҳарфи «м» сар мешавад.
Таҳияи Умар АЛӢ


ФИЛАРМОНИЯИ ЭЛБА – ФАХРИ ҲАМБУРГ
11 январи соли равон дар Ҳамбург  маросими ифтитоҳи  Филармонияи Элба баргузор гашт.
Сокинони кишвар кушодашавии филармонияро солҳои зиёд боз мунтазир буданд ва, ба ин хотир, онро «сохтмони деринтизор» унвон мекарданд. Ин бесабаб нест, зеро санги асосашро ҳанӯз соли 2007 гузошта , ба нақша гирифта буданд, ки соли 2010 ба истифода медиҳанд. Вале бо баъзе сабабҳо, сохтмони Филармонияи Элба тӯл кашида, танҳо пас аз даҳ сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳарчанд барои бунёди бино 77 миллион евро ҷудо шуда бошад ҳам, маблағи ниҳоӣ 789 миллионро ташкил дод. Аммо, пас аз анҷоми сохтмон, олмониҳо дарк намуданд, ки маблағҳои сарфшуда барабас нарафтаанд, чунки шукӯҳу шаҳомати он касро ба ҳайрат меовард.
Филармонияи Элба аз ҷониби меъморони бюрои Herzog & de Meuron, ки Осорхонаи «Тейт»-и Лондон ва Майдони олимпии Пекинро сохтаанд, бунёд гардид. Қисми болоии иншоот бо шиша ва пӯлоди махсус оро ёфта, масоҳаташ 16 ҳазор метри мураббаъ мебошад. Қисми поёниаш аз хишти сурх, ки хоси сохтмонҳои Ҳамбург ба ҳисоб меравад, сохта шудааст.  Баландии бино, ки аз 26 ошёна иборат аст, 110 метр буда, вазнаш 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Филармония аз толори консерт бо 2100 ҷойи нишаст, толори мусиқии камеравӣ барои 550 тамошобин, меҳмонхонаи боҳашамат, ҳуҷраҳои пуршукӯҳ, тарабхонаҳо ва маркази матбуотӣ иборат буда, дар қисми болоии он 44 пентҳауз ҷойгир аст, ки онҳоро ҳар нафари дилхоҳ метавонад  хусусӣ гардонад.  
Чуноне иттилоъ дода мешавад, Филармонияи Элба ба хотири ривоҷу равнақ бахшидани Ҳамбург, ки на чандон шаҳри саноатии рушдёфта ба ҳисоб меравад, бунёд гаштааст.    
Таҳияи Ш. ШОКИР


ДЕННИС ТИТО – АВВАЛИН САЙЁҲИ КАЙҲОНӢ
Туризми кайҳонӣ намуди нави сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, хеле гаронарзиш мебошад.  Фикри ба роҳ мондани чунин навъи  саёҳат ҳанӯз нимаи дуюми асри XX, баъди аз ҷониби инсоният фатҳ шудани кайҳон, ба миён омад. Вале, дар он замон бисёриҳо ин фикрро хаёли хом мешумурданд.
Ниҳоят охири асри XX чунин имкон даст дод ва аввалин сайёҳ 28 апрели  соли 2001 ба кайҳон фиристода шуд. Ин шахси баландтолеъ, миллионери амрикоӣ  Деннис Тито мебошад. Ба ӯ мушарраф гашт, ки дар киштии кайҳонии  «Союз ТМ-32» - и Русия ҳамроҳи кайҳоннавардон Талгат Мӯсобоев ва Юрий Батурин 6 рӯзи ҳаёташро дар фазои беинтиҳо бигузаронад. Пас аз бозгашт  хушнудии  ӯро интиҳо набуд ва Деннис Тито иброз дошт, ки ҳангоми парвоз худро чун дар биҳишт тасаввур мекард.
Деннис Тито тамоми ҳаёти хешро ба омӯзиши кайҳоннавардӣ бахшида, дар дил ҳамеша орзуи парвоз ба кайҳонро дошт, ки ниҳоят  дар 60 - солагиаш ба мақсад расид. Барои ин саёҳат ӯ ба Агентии федеролии кайҳонии Русия 20 миллион доллари ИМА пардохт намудааст.
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА


ТУХМ АНДАРУНИ ТУХМ
Зани амрикоӣ тухмро шикаста, бо дидани бозёфти даруни он дар ҳайрат монд, хабар додааст нашрияи “Тengrinews.kz”.
Яке аз мурғон тухми калоне гузошт. Зан тухмро барои пухтан шикаста, дар даруни он ба ғайр аз зардӣ боз як тухми бутунро дида ҳайрон гардид. Видеоролики ин воқеаи нодир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода шуд.
Одатан тухм андаруни тухм хеле кам вомехӯрад. Мувофиқи тахминҳо ба пайдо шудани чунин тухмҳо сахт тарсидани мурғ ва дар ҳолати шокӣ қарор доштанаш сабаб шуда метавонад.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


ТОРТАНАКҲО. ФАҚАТ НАТАРСЕД!
Аз кашфиёти олимони амрикоӣ Мартин Нифеллер ва Клаус Билк Хофер ба хулосаи даҳшатнок метавон расид, ки инсониятро душмани гӯшношуниду чашмнодиде будааст, ки яроқи ҳастаӣ пеши он ҳақир аст. Дар назари аввал ин ду олим як тадқиқоти муқаррарӣ анҷом доданд. Аммо, натиҷааш дунёро дар назарашон торик сохт.
Онҳо ҳисоб карданд, ки тортанакҳои дунё соле чӣ миқдор ғизо мехӯранд. Маълум шуд, ки ин махлуқҳои назарногир дар як сол аз 400 то 800 миллион тонна ғизоро ҳал мекунанд. Хатарро нафаҳмидед? Вазни умумии 7 миллиард сокини сайёра 357 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Яъне тортанакҳо ҳамагӣ дар шаш моҳ метавонанд дар сайёра аз одамон ному нишоне нагузоранд.
Ним соли дигараш чӣ мехӯрда бошанд?

31 МИЛЛИОН БАРОИ ЗЕБОТАРИН УШТУР
50 ҳазор уштурро дар як ҷо дидан мехоҳед? Мушкил надорад. Беҳтарин восита ширкат дар Фестивали уштурҳост, ки ҳар сол дар Арабистони Саудӣ доир гашта, ҳазорҳо дӯстдорони «киштии биёбон»-ро ба ин мамлакат меорад. Бо вуҷуди дар минтақаи халиҷи Форс зиёд будани бемории хавфноки коронавирус ва маҳз шутурҳоро ба ин гунаҳгор ҳисобидан фестивал дар шоҳигарӣ як моҳ давом мекунад.
Арҷгузорони анъаноти миллӣ, ки «киштиҳои биёбон» кайҳо қисми таркибии он гаштаанд, ҳамчунин меҳмонони сершумор дар баробари тамошои мусобиқоти ҷолиб метавонанд шутурҳои писандомадаро дар музоядаҳои ҳаррӯзаи фестивал харид намоянд. Нархи ин чорпои фавқултоқат, ки метавонад  як моҳ дар даҳон гиёҳе ва ҳафтае қатраи об надошта бошад, аз 4 ҳазор то ба 270 ҳазор доллар мерасад.
Аммо воқеаи асосии фестивал озмуни «Уштури зеботарин» мебошад, ки имсол мукофотпулии он маблағи рекордии 31 миллион долларро ташкил дод.
Таҳияи Х. ҶОВИД


ТЕЛЕФОНИ ҒАЙРИОДӢ
Ихтироъкорон телефони мобилии «Caterpillar Cat B100»-ро пешниҳод карданд, ки  ҳангоми афтидан ҳатто дар даруни об осеб намебинад. Аз кор баровардани он низ кори саҳл нест.
«Caterpillar Cat B100» телефони мобилии муқаррарӣ буда, дар он системаи амалиётӣ вуҷуд надорад. Яке аз хусусиятҳои хоси ин телефон дар мустаҳкамиаш аст. Бо вуҷуди аз оҳан буданаш, сохти замонавӣ дорад. Телефон дар ҳарорати то 25 дараҷа хунукӣ ва 55 дараҷа гармӣ низ кор мекунад. Ҳангоми афтидан ба замин ҳам осеб намебинад. «Caterpillar Cat B100» клавиатура, экрани 2,2 дюйма, хотираи ғунҷоишаш 128 Мб, дастгирии захиракунандаи micro SD - и  64, Мб RAM дорад. Инчунин, дорои камераи банаворгирии иқтидораш 3 мегапиксела, тюнер ва медиаплейер аст. Дар он барои пайваст кардан бо гарнитура модули Bluetooth 2.0. Caterpillar Cat истифода мешавад.
Таҳияи Л. ШАРИФ


КИТОБҲОИ НОДИР
Дар шаҳри Амстердам китоби ғайриодиеро пешкаши хонандагон гардонданд, ки барои мутолиаи як саҳифаи он якчанд соат вақт сарф намудан лозим меояд. Баландии ин китоби аҷиб ду, паҳноияш як ва ғафсиаш якуним метрро ташкил медиҳад.
«Кодекси  гигас»  машҳур бо номи «Инҷили шайтон» бо вазни 72 килограмм  вазнинтарин китоб  дар олам эътироф шудааст. Ривоят аст, ки гӯё ин китоби машҳурро яке аз роҳибони чех дар давоми як шаб омода намудааст.
Гаронбаҳотарин китоб «Кодекси Лестер» буда, ба қалами рассом ва ихтироъкори машҳур Леонардо да Винчи тааллуқ дорад. Он на  китоби муқаррарӣ, балки дафтари калони кории мутафаккири барҷаста аст. Ӯ ин китобро чун дастгоҳи сабтҳои махсусу муҳим дар бораи олам мешумурд. Айни ҳол, дорандаи ин китоби машҳур Билл Гейтс  мебошад, ки  онро бо маблағи 30, 8 миллион доллари амрикоӣ нархгузорӣ намудааст.
Куҳантарин китоби оламро дар Булғористон  шахси номаълуме аз дохили  қабр пайдо кард. Дастнавис  аз шаш саҳифа иборат аст, ки ҳар  саҳифаи он бо тилло рӯйпӯш шудааст. Дар ороиши он  24 карат тиллои соф истифода шудааст. Китоб 2500 сол пеш навишта шуда, айни замон дар Осорхонаи миллии шаҳри Софияи Булғористон нигоҳ дошта мешавад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


МУҲОРИБА БО КӮРПАШАҲО
Зӯрозмоиҳо аз рӯи ин намуди варзиш якбора дар чанд мамлакати дунё баргузор мегарданд. Масалан, дар Италия касе пирӯз мешавад, ки дар 10 дақиқа бо  пашакушаки махсус битавонад бештар ин ҳашароти хунмакро бикушад. Ба гирандагони се ҷойи аввал барои ҳар як кӯрпашаи (хомӯшаки) кушта 10 евро тақдим мегардад. Дар Финляндия танҳо хомӯшакҳоеро мекушанд, ки дар тахтапушти инсон нишаста бошанд. Чӣ тавр бар онҳо ғолиб омад? - мепурсед шумо. Ба таври одӣ – ба тахтапуштатон сиропи ширин мемолед ва бо ҳашарот мубориза мебаред. Бале, бале, ҳамин тавр шумо баъд метавонед бигӯед, ки варзишгари умедбахш дар яке аз намудҳои варзиши тобистона ҳастед.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


АДАМ ЭЛДЕРСОН ШАХСЕ, КИ 9 УЗВ НАДОРАД
Адам Элдерсон аз ашхоси беназири дунёст, ки аз нуҳ узви организмаш маҳрум шуда бошад ҳам, чеҳрааш гирифтори ҳузн нест.
Соли 2013 вақте 35 сол дошт, табибон дар ӯ намуди нодири саратонро ошкор карданд, ки ҳуҷайраҳои он ҳама узвҳои пардаи шикамро печонда мегиранд. Чун беморӣ аз ҳад гузашта буд, духтурон ҷуръати ҷарроҳӣ накарда гуфтанд, ки Адамро ҳамагӣ ду сол мондааст.
Лекин Элдерсон ба ҳукми духтурон тан надода, ба ҷустуҷӯи табибоне афтод, ки метавонистанд, ёриаш диҳанд. Дар натиҷа, ҷарроҳи бритонӣ Брендон Моранро пайдо кард.
Моран тобистони соли 2015 Адамро, ки аҳволаш ниҳоят бад шуда, ҳамагӣ чанд ҳафтае аз умраш боқӣ монда буд, ҷарроҳӣ намуд. Ҷарроҳиеро, ки бо роҳбарии ӯ 17 соат давом ёфт, 30 мутахассис бонавбат гузаронданд. Дар натиҷа, нуҳ узви олудаи саратон – меъда, рӯдаи борик, рӯдаи ғафс, ғадуди зери меъда, сипурз, талхадон ва кӯррӯда, қисми зиёди ҷигар ва девори сари синаро гирифта партофта, ба ҷои аксари ин узвҳо донорияшро гузоштанд.
Айни замон Элдерсон худро ба дараҷае хуб ҳис мекунад, ки нияти зангирӣ дорад.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


Ҳодисаҳои асроромез, сарбаста, пурмуаммо ҳамеша шавқи инсонҳоро бармеангезанд
ДАР ҶУСТУҶӮИ АҶДОД
Динозаврҳои бузургҷусса ҳанӯз дар Замин ҳукмрон буданд, ки аллакай ҳамон вақт дар зери пойи онҳо ширхӯрҳои ҳақир давида мегаштанд. Ва баъд давраи шукуфоии онҳо расид. Шояд ба ин тағйир ёфтани иқлим сабаб шуда бошад. Зеро динозаврҳо мурданду майдон ба ширхӯрҳои хурдҷуссаи сернамуд холӣ гардид. Онҳо неруманду чолоку тездав набуданд, дандону нохунҳои тез, суму пӯсти сахт  надоштанд. Наметавонистанд ба дарандаҳои пӯлоддандон муқовимат намоянд. Пас, онҳо ба куҷо мерафтанд? Маълум, ки ба дуртар аз чашми вуҳуш, ба биёбонҳо, ҷангалзор, кӯҳу пуштаҳо.  Онҳо меваю дон, решаи гиёҳҳо, ҳашароту хазандаву ҷонварони хурдро мехӯрданд. Ҳамин тавр шаклгирӣ ва рушди гоминидҳо – приматҳо (гурӯҳи ширхӯрҳо), ки барои пайдоиши одами боақл «ашёи хом» шуданд, оғоз ёфт. Шароити сахти зиндагӣ гоминидҳоро маҷбур сохт, ки ба пойҳои қавӣ рост истанд, бо даст кор гиранд, аслиҳа, асбобҳо созанд ва барои муҳофизати худ дар гурӯҳҳои калон муттаҳид шаванд. Муттаҳидӣ ба онҳо имкони ба ҳам робита доштан, ҳамдигарро бо имову ишора фаҳмиданро фароҳам сохт. Яъне мағзи сари онҳо низ такмил меёфт.   
Ҳамин тавр намуди ҳақири ҷондор, ки нобуд шуданаш ногузир буд, ба зиндагии душвор тоб овард, дар муборизаи тезутунд бо дигар махлуқон ғолиб омад ва ҳуқуқи зист пайдо кард ва зери таъсири иқлим ва шароити зист аз гурӯҳҳои алоҳидаи гоминидҳо намудҳои нав ба нави онҳо: қоматбаланд, қавиҳайкал, хурдҷусса пайдо гаштанд ва онҳо аз ҳам ба монанди гургу гов тафовут доштанд. Вале дар натиҷаи интихоби табиӣ аз он намудҳои зиёд танҳо яке – Homo Sapiens (одами соҳибақл) боқӣ мондааст, дар бораи дигар намудҳои мувозӣ, масалан, неандерталҳо алҳол далели муътамаде нест. 
Аммо аз куҷо ин Homo Sapiens пайдо шуд?  Мегӯянд ва ҳам чунин мешуморанд, ки одами боақл натиҷаи эволютсияи яке аз шохаҳои гоминидҳо мебошад. Вале барои исботи ин гипотеза далел нест. Дар байни селаи дарёфтҳои пасмондаи гоминидҳо ҳамон ҷузъи пайвандкунандаи одами имрӯзаву аҷдоди дуродури ӯ – гоминидҳо пайдо нашуд.
Ҷустуҷӯи ин «ҷузъи гумшуда ва ё намерасида» кайҳо боз барои палеоантропологҳо як монеаи душворгузар гаштааст. Ҳоло мегӯянд, ки шояд ин «ҷузъи гумшуда» дар табиат умуман набудааст ва асрори пайдоиши одам тамоман дар дигар ҷост. 
«Омӯзиши фарқиятҳои сохтори ДНК – аи одамони кишварҳои гуногун имкон дод чунин хулоса барорем, ки одамизод аз як аҷдоди умумии ҷинси зан пайдо гаштааст. Одами имрӯза авлоди худро аз ягона модарбузурге идома медиҳад, ки қариб 350 ҳазор сол пеш зиста буд». Ин хабар дар соли 1983 дар маҷаллаи «Science News» нашр шуд ва ҳамаро ба шок овард. Инак, Момоҳаво маълум гардид, акнун Одамро бояд ёфт.  Иштибоҳ шуданаш ғайриимкон аст, зеро генетикҳои Беркли ДНК – аҳои зиёди митохондриро омӯхтанд. Ҳар як макромолекулаи чунин ДНК 35 генро дар таркиб дорад, ки ба кӯдак танҳо аз модар бе таъсири маводи генетикии падар мегузарад. Тағйирот дар чунин ДНК – аҳо танҳо бо таъсири мутатсия (асоси тағйироти хусусияти ирсии организм) ба амал омаданашон мумкин аст.
Дар натиҷа гипотезае рӯи роҳ омад, ки мувофиқи он қариб 350 ҳазор сол пеш эволютсия бо суръат ба амал омад, ки бо таъсири он раванди одамишавӣ ба таври бесобиқа рушд ёфт. Ҳодисаи ҳалкунанда дар ин самт пайдоиши гоминиди мутании ҷинси зан бояд бошад, ки дар як сол на ду – се маротиба, балки як маротиба обистан мешуд. Ва имрӯз генҳои ҳамон модарро шояд мо дар митохондрияҳои худ гирифта гаштаем.
Сабаби мутатсия кӣ ё чӣ гашта бошад? Алҳол танҳо тахмин задан ва сабабҳои зиёдеро овардан мумкин аст. Пайдоиши одам муъҷизаи Аллоҳ, парвардаи Кайҳон, таъсири табиат ва ё радиатсия… асту вале ҳодисаи тасодуфӣ набудааст. Зеро ҳатто материалисти ашаддӣ Фридрих Энгелс, яке аз асосгузорони марксизм, таъкид мекард, ки «табиат одамро сохтааст, то ки худро дарк созад», яъне Энгелс эътироф мекард, ки офаридани одам ҳодисаи тасодуфӣ набуда, мақсаднок аст. Пас, он гоҳ табиат боақл аст?
… Мегӯянд, ки гипотезаи пайдоиши инсон ба шумораи одамони рӯи Замин баробар аст. Онҳое, ки ба Худо бовар доранд, мегӯянд, ки Худо одамро офаридааст. Дигарҳо мепиндоранд, ки одам аз маймун пайдо шудааст. Хайр чӣ, ҳар кас метавонад озодона аҷдоди худро интихоб намояд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.04.2017    №: 72    Мутолиа карданд: 451

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Мексика заминларзаи мудҳиш боиси ҳалокати 139 нафар гашт

Гутерреш ҳафт хатари ҷиддӣ ба инсониятро ном бурд

ИМА дар Сурия бо Русия сабқат намекунад

Макрон: «Созишномаи Париж оид ба иқлим таҷдиди назар нахоҳад шуд»

Минагузории сарҳад бо Бангладеш

Чин ҳуқуқи моликияти зеҳнии ширкатҳои хориҷиро ҳифз мекунад

19.09.2017


Мулоқоти Сарвазир бо намояндагони ширкати «Grupo АСS»

Густариши ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ

Аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории Форуми байналмилалии «Помир Инвест»

Як нишасти муҳим

Кристин Лагард: «Дар дунё соле 2 триллион доллари ИМА пора мегиранд»

Пентагон ба Афғонистон боз сарбоз мефиристад

Дар Чин беш аз 5 ҳазор мансабдор мӯҷиби ҷазо гашт

Далай – Лама: «Русия бояд узви НАТО бо қароргоҳаш дар Маскав шавад»

СҲШ мубориза бо терроризм ва экстремизмро тақвият мебахшад

18.09.2017


Низомиддин Зоҳидӣ бо Ҳаҷимэ Китаока мулоқот намуд

Баррасии масъалаҳои зӯроварии хонаводагӣ

ИДМ муқовимат бо терроризмро пурзӯр менамояд

Ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Финляндия густариш меёбанд

Бунёди мактабҳои замонавӣ дар шаҳри Роғун

Зимни озодсозии Мусул 1,2 ҳазор сокини осоишта қурбон шуд

СММ: теъдоди гурезаҳои роҳинҷа метавонад то 1 миллион расад

Дар Ҳиндустон дуюм сарбанди калонтарини ҷаҳон мавриди истифода қарор гирифт

Марин Ле Пен барои террористҳо суди вижа мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед