logo

фарҳанг

БОЗЁФТҲОИ НОДИРИ ФАРХОР

Ба гуфтаи мутахассисон бозёфтҳои солҳои охири бостоншиносон дар ноҳияи Фархор ба он далолат менамоянд, ки дар ин мавзеъ ёдгориҳои зиёде ниҳонанд.

Юсуфшоҳ Яъқубов, доктори илми таърих, иброз дошт, ки зимни боздид аз осорхонаи  шаҳраки Фархор бо як гурӯҳ устодони кафедраи таърихи дунёи қадим ва бостоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, таваҷҷуҳи онҳоро намоди нодире ба худ ҷалб намуд. Пас аз таҳқиқот маълум гашт, ки он сувастии чалипо (салиб) буда, рамзи нажоди ориёҳо мебошад. Андозаи намод 52 ба 50 сантиметр буда, вазнаш 5 килограммро ташкил медиҳад. Онро ба ҳазораҳои XI пеш аз милод нисбат дода, тахмин мекунанд, ки нишони давлати Каёниён мебошад.
Аз таърих маълум аст, ки сувастӣ рамзи офтоб, ҳаёт, зиндагии доимӣ, хушбахтӣ, бахтоварӣ ва нажоди ориёиҳо ба ҳисоб меравад. Вожаи сувастӣ аз забони қадимаи санскрит гирифта шуда, маънояш  дар паноҳи офтоб зистанро ифода мекунад. Лоиқи зикр аст, ки ин намоди нодир дар ҷаҳон ҳамто надорад.
Бозёфти дигари камназир аз гӯристони деҳаи Ҳаёти Нав пайдо шудааст. Соли 2008 гурӯҳи бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳо бо сарварии Юсуфшоҳ Яъқубов, дар мавзеи Золи Зар, ки ба асрҳои V – VI милодӣ мансуб аст, ба корҳои археологӣ машғул буданд ва дар яке аз гӯристонҳо сарсутун, зерсутун ва меҳробҳои арзишмандро пайдо карданд. Дар баробари ин, Юсуфшоҳ Яъқубов сутунчаи сангии зарҳалиро дарёфт, ки баландиаш 68 ва қутраш 21 ба 20 сантиметрро ташкил медод. Инчунин, муҳаққиқи тоҷик соли 2003 аз деҳаи Бобосафол тобутеро пайдо кард, ки ба ақидаи ӯ  он ҳатто дар Мисри Қадим низ истифода мешуд. Дар он ашхоси воломақоми мумиёшударо мегӯронданд. Тобути  ёфтшуда, ки аз он табангук, танбар ё  табангӯр ном мебаранд, дар Осиёи Марказӣ назир надорад.
Ин ва бозёфтҳои дигари бостонии шаҳраки Фархор аҳамияти бузурги илмӣ дошта, бозгӯи онанд, ки ин мавзеъ таърихи чандинҳазорсола дорад.
Сарвиноз ШОДМОНОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2017    №: 73    Мутолиа карданд: 253

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд

Ташкили боз як воситаи алоқаи низомии ИМА ва Русия дар Сурия

Эҳтимоли аз музокирот оид ба «Брексит» даст кашидани Лондон

Парвоз дар «аэромобил» аз таксӣ қимат нахоҳад шуд

20.05.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Жан Асселборн

Густариши ҳамкориҳо бо Конфедератсияи Швейтсария

Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе

Яъқуби Ҳикматулло – барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар

ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН ДАР ХУҶАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп: «Дар таърих ноодилонатарин муносибат бо ман шуда истодааст»

Боздошти гумонбарҳо дар омодасозии кирдори террористӣ дар Лондон

Муборизаи муштараки роҳҳои оҳани кишварҳои ИДМ бо киберҳамлаҳо

Роҳандозии истифодаи бехатари интернет дар макотиби Русия

Чоряк миллиард сокини Замин маводи мухаддир истеъмол мекунад

Гӯшаи кишоварз


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед