logo

иқтисод

ПАХТА. БО ҲАШАРОТ ВА КАСАЛИҲО ЧӢ ГУНА МУБОРИЗА БАРЕМ?

Пахта зироати асосии кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, солҳои охир ба рушди соҳа аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Дар натиҷаи роҳандозии тадбирҳои саривақтии агротехникӣ пахта ҳосили хуб медиҳад. Лекин сари вақт мубориза набурдан бар зидди зараррасонҳо ва касалиҳо зимни инкишофи интенсивии онҳо барои гирифтани ҳосили хушсифат монеаи ҷиддӣ пеш меорад.
Ҳимояи рустаниҳо аз организмҳои зараррасон ва касалиҳо нақши муҳим дорад.
Аз ҳашароти зараррасон дар киштзорҳои пахта бештар кирми ғӯза, кирми тирамоҳӣ, сафедболакҳо, ширинчаҳо, трипси тамоку, тортанаккана ва аз касалиҳо пажмурдашавии вертисиллёзӣ, пажмурдашавии фузариозӣ, пӯсиши реша ва гоммоз зарари калон мерасонанд.
Муборизаи барвақтӣ бар зидди ҳашароти зараррасон ва касалиҳо нақши муҳим дорад. Дар давраи нашъунамои ниҳолҳо вобаста ба шароити иқтисодии хоҷагиҳои пахтакор мубориза бар зидди ҳашароту касалиҳо бо усулҳои агротехникӣ, кимиёӣ ва биологӣ ба амал бароварда мешавад.
Тавассути сари вақт ҷамъ овардани ғӯзапоя, боқимондаҳои зироатҳо, шудгори тирамоҳӣ ва нест кардани алафҳои бегонаи атрофи майдонҳо миқдори зараррасонҳои зимистонгузаронро  70 – 80 % кам кардан мумкин аст.
Яке аз усулҳои пурсамари ҳозиразамони пешгирии паҳншавии ҳашароти зараррасон ва ба қадри имкон кам кардани миқдори онҳо васеъ истифода бурдани домҳои феромонӣ мебошад. Домҳои феромониро ба ҳар як гектар ду ё сетогӣ дар вақти бегоҳирӯзӣ мегузоранд.
Озмоишҳо нишон доданд, ки дар як шабонарӯз ба домҳои феромонии истеҳсоли Ҳиндустон аз 82 то 95 ва ба домҳои феромонии истеҳсоли Молдова 23 – 28 фард шапалаки кирми пахта афтидааст, ки ин нишондоди баланд мебошад. Ба хоҷагиҳои пахтакор тавсия дода  мешавад, ки домҳои феромониро васеъ истифода баранд.
Дар майдони пахта дар қитъаҳои хурд рустаниҳои шаҳддиҳанда (шибит, кашнич, райҳон, ҷамбил, хуҷаста, ҳино коштан хуб аст. Дар вақти гулкунии мавсимӣ рустаниҳои шаҳддиҳанда миқдори зиёди ҳашароти фоидаоварро (энтомофагҳоро) ҷалб менамоянд, ки ин паҳншавии зараррасонҳои пахтаро пешгирӣ менамояд.
Баъди ба итмом расидани кишти пахта сари вақт нобуд сохтани алафҳои бегонаи гирду атрофи заминҳо, ки ҳашаротҳо дар онҳо тухми худро мегузоранд, зарур аст.
Барои коркарди пахта дар давоми нашъунамо бар зидди ҳашароти зараррасон пеститсидҳои Конфидор, Кинмикс, Аплауд,  БИ – 58 (нав), Рогор – С, Суми – алфа, бар зидди касалиҳо ва барои коркарди тухмӣ доруҳои Субтилбен – 26 D, Бранатак ва дар давоми нашъунамои пахта пошидани доруи Субтилбен – 26 D тавсия дода мешавад.
 Чораҳои  пешниҳодшударо сари вақт истифода бурда, ҳосили хушсифат  ба даст овардан имконпазир аст.
Қаҳҳор ҚАҲҲОРОВ,
мудири кафедраи ҳифз ва карантини  рустаниҳои  ДАТ  ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур,  доктори илмҳои кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2017    №: 73    Мутолиа карданд: 291

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед