logo

порлумон

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ТАНЗИМ

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили мардумӣ, зимни ташреҳи лоиҳаи қонуни мазкур иброз дошт, ки он бо мақсади амалӣ намудани тағйиру иловаҳои аз 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ва бартараф намудани норасоӣ ва номутобиқатии санадҳои қонунгузории ҷорӣ, инчунин, истифодаи истилоҳоти ҳуқуқӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст. Назар ба гуфтаи мавсуф, ҷиҳати такмили лоиҳаи қонуни мазкур аз 54 таклифу пешниҳод 30 - тоаш қабул шуд.
Абдуманон Холиқзода, муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни  баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» иброз дошт, ки мақсад аз таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонун мутобиқ намудани меъёрҳои он ба таҳриру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудаанд, мебошад. Мувофиқи тағйироти воридгардида, минбаъд танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба вазифаҳои раис, муовини раис, сараудиторон ва роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоб таъйин гарданд. Дар ҳолате ки шаҳрвандии дигар мамлакатро дошта бошанд, аз вазифаи ишғолкарда озод мешаванд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2017    №: 73    Мутолиа карданд: 2235

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед