logo

иҷтимоиёт

НУСРАТУЛЛО МАХСУМ. ОБ ВА ЗАМИН

Нусратулло Махсум аз рӯзҳои нахустини фаъолият дар вазифаҳои масъули давлатӣ, аз ҷумла солҳои 1926 - 1929 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва аз соли 1929 то 1933 раиси Комиҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистонро ба уҳда доштанаш, ба масъалаи обу замин таваҷҷуҳи хос дошт.

Мекӯшид, ҳар як ваҷаб замин оқилона ва самаранок истифода шавад. Вай ба мавзеъҳои дурдаст сафар карда, медид, ки зиндагии мардуми кӯҳистон чандон хуб нест. Пешниҳод кард, ки танҳо бо роҳи муҳоҷиркунонии аҳолии кӯҳистон ба таҳдашт метавон заминҳои нави бекорхобидаро азхуд карда, ба кишти  пахтаю дигар зироатҳои кишоварзӣ оғоз намуд. Ӯ дар ин бора чунин навиштааст. «Дар кишвари мо замини бекорхобида зиёд аст. Бояд масъалаи ба водиҳо кӯчондани деҳқононе, ки дар кӯҳсор зиндагӣ ба сар мебаранду хоҷагии худро ба роҳ монда наметавонанд, ҳал карда шавад». 
Дар натиҷа соли 1931 бунёди калонтарин сохтмони Тоҷикистон - системаи обёрии водии Вахш оғоз гардид, ки он ҳамон солҳо бояд 94 ҳазор гектарро обшор менамуд. Баъди ин иқдому ташаббуси ватандӯстонаи Нусратулло Махсум ба  сохтмони овозадори Вахш ихтиёриёни деҳоти кӯҳистон ва ҷавонони зиёде ҷалб гардиданд. Маҳз бо дастони бунёдкоронаи халқи тоҷик ин иншооти муҳим пеш аз муҳлат мавриди истифода қарор гирифт. Чунин ташаббусҳои наҷиби Нусратулло Махсум аз ҷониби аҳли адаб ва рӯзноманигорон низ сари вақт дастгирӣ ёфт. Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ  аз нахустин адибоне буд, ки дар ин мавзӯъ достоне бо номи «Ҷанги одаму об» - ро эҷод кард. Ин достон дар вазни «Шоҳнома» - и Абулқосим Фирдавсӣ иншо гардида, хонандаро ба таърихи обёрӣ ва чашмасорону водиҳои сарсабзу хуррам ошно менамуд.
Ҳамон солҳо дар Осиёи Миёна ислоҳоти обу замин гузаронда мешавад, вале дар Тоҷикистони навтаъсис он пурра амалӣ намегардад. Ин ҳолатро Нусратулло Махсум чун масъалаи доғи рӯз маънидод намуда, аз ҷумла навиштааст: «Боиси зикр аст, ки бо як қатор сабабҳо ислоҳоти замин дар ҷумҳурӣ мисли кишварҳои ҳамсоя сурат нагирифт. Мо аз ҷиҳати замин танқисӣ намекашем, аз як тараф заминҳои фарохи бой дорем, аз тарафи дигар, дар баъзе ноҳияҳо барзиёднуфусӣ дида мешавад. Бинобар ин, вазифаи кунунии мо на ислоҳоти замин, балки обёрии заминҳои бекорхобида ва муҳоҷиркунонии дохилӣ мебошад».
Дар айёми Истиқлолияти давлатӣ бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо чун саргаҳи обҳои зулолу тоза дар ҷаҳон шинохта шуд. Акнун он иқдомеро, ки ҳанӯз солҳои 30-юми асри гузашта ҷонфидои миллат Нусратулло Махсум оғоз кард, имрӯз идома дорад. Чашмаҳои софу зулол ва дарёҳои фаровони диёр, аз ҷумла рӯди пуртуғёни Вахш, дар хизмати халқ қарор гирифтааст.
Маҷид САЛИМ, нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2017    №: 73    Мутолиа карданд: 137

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд

Ташкили боз як воситаи алоқаи низомии ИМА ва Русия дар Сурия

Эҳтимоли аз музокирот оид ба «Брексит» даст кашидани Лондон

Парвоз дар «аэромобил» аз таксӣ қимат нахоҳад шуд

20.05.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Жан Асселборн

Густариши ҳамкориҳо бо Конфедератсияи Швейтсария

Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе

Яъқуби Ҳикматулло – барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар

ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН ДАР ХУҶАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп: «Дар таърих ноодилонатарин муносибат бо ман шуда истодааст»

Боздошти гумонбарҳо дар омодасозии кирдори террористӣ дар Лондон

Муборизаи муштараки роҳҳои оҳани кишварҳои ИДМ бо киберҳамлаҳо

Роҳандозии истифодаи бехатари интернет дар макотиби Русия

Чоряк миллиард сокини Замин маводи мухаддир истеъмол мекунад

Гӯшаи кишоварз


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед