logo

иқтисод

"ШАРОРА". ИНТИЗОРИ МАКТАББАЧАГОНЕМ

Бо назардошти он ки фарорасии фасли гармои тобистон торафт наздик мешавад, масъалаи таъмини истироҳату фароғати кӯдакону наврасон ба мавзӯи мубрам табдил меёбад.

Мақомоти шаҳрдорӣ  тасмим  гирифтааст, ки аз ҳозир дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Зимчурӯд», «Гулхан», «Шарора», «Орзу» ва дар майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ  корҳои ободонӣ, сохтмонӣ, таъмиру барқароркунӣ, таҷҳизондани биноҳо, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, кабудизоркунию ниҳолшинониро  роҳандозӣ намояд. Тибқи супориши мақомоти шаҳрдорӣ  мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансур  барои  ташкили  корҳо дар ин самт  вазифадор гардида, бояд то 15 майи соли 2017  корҳои омодагириҳоро дар истироҳатгоҳҳо ва майдончаҳо барои қабули наврасон ба анҷом расонанд. 
Дилбар Худойназарова, муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, оид ба  вазъи омодагиҳо барои қабули наврасон дар истироҳатгоҳи «Шарора», ки дар тавозуни шуъбаи маорифи ноҳия мебошад,  чунин иброз дошт:
- Бояд  зикр намуд, ки  соли гузашта  аз буҷети  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  беш аз 1 миллиону 350 ҳазор сомонӣ барои таъмири ҷории истироҳатгоҳи «Шарора», ки тайи  панҷ соли охир рӯйи таъмирро надида буд, ҷудо гардид.  Аз ҷумла, ошхона бо мизҳои хӯрокхӯрӣ ва курсиҳо, кату рахти хоб муҷаҳҳаз гардида, дару тирезаҳои замонавӣ шинонда шуданд. Ҳавзи шиноварӣ низ таъмир гашт.  Дар истироҳатгоҳ фаъолият дар ду баст ба роҳ монда мешавад. Дар басти  якум бо фарогирии 180 нафар, аз ҷумла 20 нафар аз  интернатҳо, дар басти дуюм бо фарогирии 180 нафар, аз ҷумла 20 нафар аз интернатҳо, ҳамагӣ   360 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Дар майдончаҳои  наздимуассисавӣ кӯдакон ва наврасони муассисаҳои таълимии ноҳия дар ду баст  50 – нафарӣ истироҳат мекунанд. Дар доираи маъракаи  150 рӯзи ободонӣ ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе аз ҷониби омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия  дар истироҳатгоҳи «Шарора»  корҳои тозаю озодагардонӣ гузаронда мешаванд.
Дар маҷмӯъ корҳои ободонӣ барои қабули хонандагон  хуб  ҷараён дошта, истироҳатгоҳ дар муҳлати муайяншуда аз таъмир бароварда мешавад.
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2017    №: 77    Мутолиа карданд: 207

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед