logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. СОМОНАҲОИ СУДҲОИ ВИЛОЯТ ФАЪОЛ НЕСТАНД. ЧАРО?

Таъмини дастрасӣ ба иттилоот, ба шахс ё ниҳоди дахлдор сари вақт супурдани санадҳо ҷузъи умдаи кори мақомоти судӣ арзёбӣ гардад ҳам, он дар вилояти Хатлон дар баъзе ҳолатҳо сарфи назар мешавад.
Агар рӯйхати мурофиаҳои судӣ насб мешуд...
Зимни пайгирии мавзӯъ мо рӯйхати мурофиаҳои судии дар ҳамон рӯзҳо баррасишавандаро ба ҷуз аз суди вилояти Хатлон дигар дар ягон эълонтахтаҳои судҳои шаҳру навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппа пайдо карда натавонистем. Ҳайратангез ин аст, ки қабл аз наззораи дохили биноҳо аз ҷониби муаллифи матлаб ҳама раисони судҳо аз ҷой доштани он гуна рӯйхат дар лавҳаҳои иттилоотиашон хабар медоданд.
Ин дар ҳолест, ки ба қавли муовини аввали раиси суди вилояти Хатлон Темур Бойзода, онҳо дастури Суди Олиро ба инобат гирифта, раисони судҳои ҳамаи шаҳру ноҳияҳоро барои насби чунин рӯйхатҳо муваззаф карда буданд. Мавсуф зикр кард, ки агар рӯйхат дар ҷойи намоён овезон бошад, шаҳрвандон бо сарсонӣ дари ҳар як судяро накӯфта, вобаста ба кай ва аз тарафи кадом судя баррасӣ шудани парвандаи мавриди таваҷҷуҳашон зуд маълумот пайдо карда метавонанд.
Интизорие, ки  57 рӯз давом кард
Мувофиқи кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ ва маъмурию граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъд аз эълони ҳукм, ҳалнома ё таъйиноти судӣ нусхаи бо асл баробари он бояд дар давоми 5 шабонарӯз ба дасти тарафҳо супурда шавад. Дар сурати сари вақт дастрас нагардидани санадҳои мазкур маҳкумшуда, ҳимоятгар ё хешу табори ӯ, даъвогар ва дигар ҷонибҳои ба парванда расман дахлдор метавонанд доир ба ин хунукназарии раисикунандаи мурофиа ба мақомоти марбута шикоят баранд. Дар робита ба ин, кулли мусоҳибон, яъне раисони судҳои аксар шаҳру навоҳии вилоят кӯшиданд, то моро мутмаин созанд, ки дар мақомоти зери роҳбарии онҳо ягон дафъа ҳолати вайрон кардани муҳлати муайяншуда ба мушоҳида нарасидааст.
Аммо адвокати маслиҳатхонаи ҳуқуқии шаҳри Қӯрғонтеппа Фарҳод Тоиров ҳангоми суҳбат бо мо аз як ҳолати нақзи ҳуқуқи зерҳимояаш аз тарафи суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки боиси ташвиши зиёд гардидааст, ёдовар шуд.
- Суди ноҳия 28 - уми сентябри соли 2016 вобаста ба парвандаи граждании ба даъвои Нуқра Эмомқулова ва Маҳсиддиновҳо алоқаманд, бо мақсади рӯёндани қарз ҳалнома баровард. Вале он пас аз 37 рӯз фақат иқтибос аз ҳалнома ба дасти зерҳимояи ман супурда шуд. Мо аз болои рафтори кормандони суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба суди вилояти Хатлон, Суди Олӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Президент шикояти пешакӣ бурдем. Аҷиб ин аст, ки дар асоси ҳамон шикояти пешакӣ бо як мактуби раиси суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, аз 8 декабри соли 2016, парвандаро ба суди вилоят ирсол карданд, ки ин хилофи талаботи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Бо гузашти 57 рӯз ниҳоят ба мо муяссар шуд, ки нусхаи пурраи ҳалномаро бигирем.
Ҳалли мушкилот ба манфиати кор аст
Ҳукумати мамлакат бо тасвиби “Тартиби талаботи ягона барои веб - сайт ва шабакаи маҳдуди баҳисобгирии мақомоти идораи давлатӣ” ҳанӯз соли 2011 кулли ниҳодҳоро муваззаф карда буд, ки ба низоми ҳукумати электронӣ гузаранд ва ба хотири иттилоотонии зудҳангоми мардум сомонаҳои расмӣ таъсис диҳанд, ки мақомоти судӣ истисно нестанд. Агар судҳои ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Бохтар ва чандтои дигар ҳанӯз ҳам сомонаи худро фаъол накарда бошанд, пас сомонаҳои гурӯҳе аз ноҳияҳо аз рӯзи ифтитоҳ то кунун ягон маълумот надоранд. Фаъолтарин сомонаҳо аз суди вилоят (www.sudikhatlon.tj) ва шаҳри Кӯлоб (www.sudikulob.tj) мебошанд, ки навгониҳои моҳи феврали соли 2017 дар онҳо ҷой дода шудаанд. Қисмати ками сомонаҳо, ба ҷуз иттилооти нимаи аввали соли 2016, дигар чизе барои хондан нагузоштаанд.
Паҳлуи дигари масъала ин аст, ки дар сомонаҳо ба рафти баррасии парвандаҳо равшанӣ андохта нашуда, пешниҳоди рӯйхати онҳо ба ёди касе наомадааст. Номи қаблии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ дар сомонаи мақоми татбиқкунандаи қонун - суди ноҳия (www.sudijrumi.tj) ҳанӯз иваз нашудааст.
Он мушкилоте, ки зикрашон дар боло рафт, дар доираи ду барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки муҳтавои асосиашон аз таъмини қонунияту адолат ва такмили кори мақомоти судӣ иборат аст, мебоист давоми солҳои 2011 - 2017 пурра рафъ гарданд. Вале, чуноне аз натиҷаи тадқиқи мо бармеояд, дар судҳои вилояти Хатлон ҳанӯз ҳам баъзе камбудию норасоиҳо ҷой доранд. Ҳалли саривақтии ин мушкилот аз ҷониби мақомоти судӣ танҳо ба манфиати кор аст. 
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2017    №: 77    Мутолиа карданд: 203

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед