logo

Хабарҳо

Як мулоқоти муҳим

Чанде пеш дар шаҳри Душанбе вохӯрии раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода бо донишҷӯёне, ки дар пойтахт таҳсил доранд, сурат гирифт.

Рустам Ҷӯразода зимни суханронии худ дар вохӯрӣ иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории мулоқот шинос шудан бо сатҳи донишандӯзӣ ва шароити зисту зиндагонии донишҷӯёни ноҳия дар шаҳр мебошад. Айни замон,  дар макотиби олии кишвар беш аз 2250 хатмкардаи муассисаҳои таълимии ноҳия таълиму тарбия мегиранд. Танҳо дар мактабҳои олии пойтахти кишвар 457 нафар хатмкардаи муассисаҳои таълимии ноҳия таҳсил доранд.
Соли гузашта 130 нафар хатмкарда шомили мактабҳои олии кишвар шуданд. Аз ҷумла, тибқи квотаи президентӣ 67 нафар духтарон донишҷӯ гардиданд. Беш аз 35 нафар ҷавонони ноҳия дар макотиби олии кишварҳои хориҷа – Федератсияи Русия, Булғористон, Малайзия ва Индонезия ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Баъди муколама ва табодули афкор аҳли нишаст иброз доштанд, ки аз ин ба баъд чунин дидору мулоқот бо аҳли зиё ва донишҷӯёни муқими пойтахт ва шаҳрҳои дигари кишвар муттасил баргузор шавад. Иртиботи ҳамешагӣ ягона роҳи ҳалли ҳар гуна мушкилот аст. Саргармӣ ба таҳсил таваҷҷуҳи ҷавононро на ба созмонҳои ифротӣ, балки ба омӯзиши илму маърифат ҷалб мекунад. Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯз ҳама шароити лозимиро барои таҳсил фароҳам овардааст. Кулли донишгоҳҳои кишвар аз имконоти вижаи омӯзишӣ бархӯрдоранд. Бояд аз чунин ғамхориву имкониятҳо истифода бурд.
Б. ШАФЕЪ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 76

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд

Ташкили боз як воситаи алоқаи низомии ИМА ва Русия дар Сурия

Эҳтимоли аз музокирот оид ба «Брексит» даст кашидани Лондон

Парвоз дар «аэромобил» аз таксӣ қимат нахоҳад шуд

20.05.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Жан Асселборн

Густариши ҳамкориҳо бо Конфедератсияи Швейтсария

Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе

Яъқуби Ҳикматулло – барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар

ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН ДАР ХУҶАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп: «Дар таърих ноодилонатарин муносибат бо ман шуда истодааст»

Боздошти гумонбарҳо дар омодасозии кирдори террористӣ дар Лондон

Муборизаи муштараки роҳҳои оҳани кишварҳои ИДМ бо киберҳамлаҳо

Роҳандозии истифодаи бехатари интернет дар макотиби Русия

Чоряк миллиард сокини Замин маводи мухаддир истеъмол мекунад

Гӯшаи кишоварз


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед