Хабарҳо
Баҳодур Миралибеков – беҳтарин ҳунарпешаи Осиёи Марказӣ
Ҳунарпешаи маъруфи тоҷик, саркоргардони Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский Баҳодур Миралибеков дар номинатсияи «Ҳунарпешаи беҳтарини Осиёи Марказӣ» сазовори Ҷоизаи миллии Қирғизистон «Оқ Илбирс» шуд.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, Баҳодур Миралибеков барои иҷрои нақши асосӣ дар филми «Хоби ҳамдуна»-и Румӣ Шоазимов соҳиби ин мукофот гаштааст.
Боиси тазаккур аст, ки Румӣ Шоазимов филми «Хоби ҳамдуна» - ро соли 2016 аз рӯи асари нависандаи англис Уилям Ҷейкобс «Дасти ҳамдуна» наворбардорӣ кардааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 203