logo

ҳуқуқ

СОЛИ ҶАВОНОН ВА ПЕШГИРӢ АЗ ШИДДАТИ ИФРОТГАРОӢ

Ифротгароии динӣ беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб намуда, ба амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ эҷод кардааст. Дар ин марҳалаи ҳассос сокинони мамлакат, бавижа ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, ба дасисаю фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона дода нашаванд, Ватанро аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо ҳифз намоянд.
Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ин матлабро дар Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Ҷавонон омили суботу созандагӣ ва рушди устувор», ки бо ибтикори Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баён намуд.  Мавсуф зикр кард, ки сиёсати созанда ва мардумсолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такомули ҳамешагии сармояи инсонӣ дар роҳи ҷавон гардондани иқтидори кадрӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи тахассусии онҳо падидаи бесобиқа дар таърихи навини Тоҷикистон аст. Чунин муносибати хирадмандона барои рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар ва муаррифии шоистаи он дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад ва ба ин васила барои шинохти арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги гузашта заминаи боэътимод мегузорад.
Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҷавонон дар рушди ҷомеаи муосири тоҷик ва Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 барои пешгирии шиддати ифротгароӣ ва рафторҳои номатлуб дар байни ҷавонон мусоидат мекунад ва ҳавасмандии онҳоро барои пайгирӣ кардани корҳои неку писандида афзун мегардонад. Масъалаи фарогирии шумораи бештари бонувон дар корҳои давлатӣ ва хизматрасонӣ низ бар он далолат мекунад, ки дар сатҳи роҳбарияти олӣ бозандешӣ ҷиҳати ҷойгоҳи сазовори иҷтимоӣ додан ба занону духтарон дар меҳвари баррасиҳои ҳамешагӣ қарор дорад ва он дар бунёди ҷомеаи солими шаҳрвандии орӣ аз ҳар гуна хурофоту ифротгароӣ саҳмгузор хоҳад буд, - иброз дошт Файзулло Баротзода.
Воқеан, дар партави сулҳу суботи комили кишвар ва таъмини рушди устувори он бояд ба эътибор гирифт, ки хусусияти ташвишовар ва глобалӣ касб намудани проблемаи терроризм ва экстремизм барои давлатҳои миллии рушдкунанда хатари ниҳоят ҷиддӣ эҷод менамояд. Набояд фаромӯш кард, ки фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, хатари ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистию террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ дар корбурди бозиҳои геополитикии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҳузури қобили мулоҳиза ва боиси нигаронӣ доранд. Ин воқеияти талх, вале омӯзанда моро муваззаф месозад, ки корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиро дар ин самт боз ҳам пурзӯр намоем.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.04.2017    №: 79    Мутолиа карданд: 221

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд

Ташкили боз як воситаи алоқаи низомии ИМА ва Русия дар Сурия

Эҳтимоли аз музокирот оид ба «Брексит» даст кашидани Лондон

Парвоз дар «аэромобил» аз таксӣ қимат нахоҳад шуд

20.05.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Жан Асселборн

Густариши ҳамкориҳо бо Конфедератсияи Швейтсария

Фестивали расму оин ва таомҳои миллии кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе

Яъқуби Ҳикматулло – барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар

ҚАДРДОНИИ ҶАВОНОН ДАР ХУҶАНД

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп: «Дар таърих ноодилонатарин муносибат бо ман шуда истодааст»

Боздошти гумонбарҳо дар омодасозии кирдори террористӣ дар Лондон

Муборизаи муштараки роҳҳои оҳани кишварҳои ИДМ бо киберҳамлаҳо

Роҳандозии истифодаи бехатари интернет дар макотиби Русия

Чоряк миллиард сокини Замин маводи мухаддир истеъмол мекунад

Гӯшаи кишоварз


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед