logo

ҳуқуқ

ХАТЛОН. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

Сарфи назар аз коҳиши чашмраси  шомилшавии  бархе ҷавонон ба  гурӯҳҳои террористию ифротӣ ҳамоно ин масъала боиси ташвиш аст.

Абдурраҳмон Аламшоҳзода, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, зимни як конфронси илмӣ, дар шаҳри Қӯрғонтеппа иттилоъ дод, ки 90 дарсади афроди ҷонибдори ифротиёну террористон мутаваллиди солҳои 1986-1990 ҳастанд. Вай афзуд: “Дар он солҳо бинобар ҷанги шаҳрвандӣ дар мактабҳо таҳсил ва дар хонаҳо тарбияи дуруст ҷараён намегирифт. Ҳоло дар мамлакат сулҳу оромӣ ҳукмфармост. Барои ҷавонон шароити мусоиди кору таҳсил фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ, онҳо бояд дар сафи пеши муқовимат бо ифротгароию терроризм бошанд”.
Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҷаласаи вижае, ки дар ноҳияи Бохтар баргузор гашт, аз ноогоҳии бархе ҷавонон изҳори ташвиш намуд. Мавсуф зикр сохт, ки дар баъзе оилаҳо ба тарбияи фарзандон ҷиддӣ машғул намешаванд, бахши маънавиёт ва дин вазифаи базиммадоштаашро пурра иҷро намекунад. Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотию ташвиқотӣ дар сатҳи баланд роҳандозӣ нашудаанд. Барои рафъи ин гуна ҳолатҳои нангин бояд фаъолони ҷомеа, хусусан уламои дин, ба дигарон намунаи ибрат бошанд. 
Бо вуҷуди муборизаи беамони мақомоти дахлдор бар зидди экстремизму терроризм ҳанӯз ҳам решаи ин “вабои аср” дар вилояти Хатлон пурра барканда нашудааст. Ба гунаи мисол, моҳи гузашта суди вилояти Хатлон сокини 22-солаи ноҳияи Панҷ Умедҷон Мингёровро барои тавассути шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” зери номи сохтаи “Абухалил” гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ”-ро бо истифода аз наворҳои видеоию аксҳо таблиғ карда, барои ба сафи он пайвастан ташвиқот бурдааст. Ба қавли раисикунандаи мурофиа С. Муҳиддинзода, ҳамзамон, Мингёров мувофиқи талаботи ҷараёни дар Тоҷикистон мамнуъэълоншудаи “Салафия” намоз мехондааст. Бо ҳамин далелҳо вай бо моддаи 3071, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати панҷ сол равонаи зиндон гардид.
Нафари дигар, ҷавони 23-сола, сокини ноҳияи Бохтар Баҳодур Тӯхтаев низ ҳангоми дар Федератсияи Русия қарор доштан, моҳи августи соли 2016 дар сомонаи болозикр бо номи “Ey Ummat Tril Jihod Farzi Ayn Boldi” саҳифа кушода, 26 акси хусусияти ифротгароию даҳшатафканидоштаро “класс” мондаю дар интернет паҳн намудааст. Ва ӯ ба ҳамин васила дигаронро барои иштирок дар муқовиматҳои мусаллаҳона бар зидди ҳукумати қонунии Сурия ташвиқ кардааст. Номбурда 2 декабри соли гузашта зимни кӯшиши парвоз ба Туркия боздошт гардид. Суди вилояти Хатлон Баҳодур Тӯхтаевро тибқи моддаи 67, қисми 3, Кодекси ҷиноятӣ 13 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ин дар ҳолест, ки аввали ҳамин сол суди вилояти Хатлон ҳашт сокини аз 21 то 46-солаи  ноҳияи Қубодиёнро бо ҷурми фаъолияти ифротгароӣ, иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ ва майл ба амалҳои зархаридӣ ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда буд.
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон эзоҳи зерин илова шуда буд: “Шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлат то анҷом ёфтани воҳиди мусаллаҳ ва анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳ ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар ҳаракатҳои ӯ таркиби дигар ҷиноят набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад”. Ин ва дигар паҳлуҳои муҳими масъалаи мавриди назар зимни вохӯрию мулоқот ва нишастҳо бояд ба мардум фаҳмонда шаванд, то насли наврас ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротгарою даҳшатафкан наафтад.
Зокир ҲАСАН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2017    №: 80    Мутолиа карданд: 74

26.04.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал - Бодӣ

Тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ

Изҳори омодагӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо

Таҷрибаи Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ибратомӯз аст

Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён ҷамъбаст гардид

СУҒД. Авлавият ба таъсиси ҷойҳои нави кор

Варзиш

25.04.2017


Вохӯрии Нуриддин Саид бо Ясмин Гуедар

Дурнамои ҳамкориҳо матраҳ шуд

Оғози ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ

Натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ

РАШТ. ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕАФЗОЯД

ҲИКМАТИ ОЗОДАГОН". ДАЪВАТ БА МУБОРИЗАИ БИДУНИ СИЛОҲ

ИНТИҚОЛИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МОҲӢ

Ҷаҳон дар як сатр

Аз Хома рондани “Ҷабҳат ан - Нусра”

Си Ҷинпин Доналд Трампро ба худдорӣ даъват намуд

Ҳукми қатл ба 20 ҷонибдори Мурси

Ҷек Ма роботҳоро на рақиб, балки шарики инсон мешуморад

Занбӯруғ – куҳантарин мавҷудоти рӯи Замин

24.04.2017


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ

Вусъати ҳамкориҳо дар бахши тандурустӣ

Марди накуном намирад ҳаргиз

Ғалабаи хонандаи тоҷик дар бозиҳои XII Делфи

ДАЪВАТ. Сафи ихтиёриён меафзояд

ЗАФАРОБОД. То ҳосилнокӣ беҳтар шавад...

РОҲҲО агар ободанд...

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Қирғизистон ҷангие дастгир шуд, ки нияти амалҳои террористӣ дар кишварҳои ИДМ – ро дошт

Пентагон: «ДИ» пойтахташро аз Раққа ба Дайр - уз - Зор кӯчонд

Арабистони Саудӣ хароҷоти ҳарбияшро 30 дарсад кам кард

Дар Британия як рӯзро бидуни истифодаи ангишт гузаронданд

Суди Имреа телефони мобилиро ба саломатӣ зарарнок ҳисобид

21.04.2017


Тоҷикистон амнтарин кишвари Осиёи Марказӣ эътироф шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед