logo

Хабарҳо

НОРАК. Шаҳрро зебоӣ мебахшем

Шаҳри Норак яке аз мавзеъҳои асосии гаштугузори сайёҳони хориҷӣ ва дохилист. Аз ин сабаб, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба тозагӣ ва сарсабзии ин гӯшаи диёр аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.

Бино ба маълумоти Субҳон Ҷӯраев, сардори шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳр, аз моҳи декабри соли 2014 корхона барои татбиқи барномаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Норак», ки ҷиҳати амалисозии он байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишнома ба имзо расид, фаъолият бурда истодааст.
Маблағи барнома 5 миллиону 40 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва ду миллиони он қарзи имтиёзнок аст. Корҳои пешбинишуда бояд дар давоми се сол ба анҷом бирасанд. Ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ, усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар намудани вазъи санитарию экологии шаҳр аз ҳадафҳои асосии барномаанд.
- Қисми асосии маблағи ҷудошуда барои харидории 16 мошини махсуси партовҷамъкунӣ, 490 контейнери гуногунҳаҷм барои партов, азнавсозии мошинсарой, партовгоҳи марказии шаҳр, воқеъ дар деҳаи Хоҷаабдолон, сохтмони 35 нуқтаи партовҷамъкунӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои Пули Сангин ва Дуконӣ, таъмир ва азнавсозии 49 партовҷои шаҳр сарф мешавад, - гуфт Субҳон Ҷӯраев.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 49

26.04.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал - Бодӣ

Тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ

Изҳори омодагӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо

Таҷрибаи Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ибратомӯз аст

Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён ҷамъбаст гардид

СУҒД. Авлавият ба таъсиси ҷойҳои нави кор

Варзиш

25.04.2017


Вохӯрии Нуриддин Саид бо Ясмин Гуедар

Дурнамои ҳамкориҳо матраҳ шуд

Оғози ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ

Натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ

РАШТ. ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕАФЗОЯД

ҲИКМАТИ ОЗОДАГОН". ДАЪВАТ БА МУБОРИЗАИ БИДУНИ СИЛОҲ

ИНТИҚОЛИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МОҲӢ

Ҷаҳон дар як сатр

Аз Хома рондани “Ҷабҳат ан - Нусра”

Си Ҷинпин Доналд Трампро ба худдорӣ даъват намуд

Ҳукми қатл ба 20 ҷонибдори Мурси

Ҷек Ма роботҳоро на рақиб, балки шарики инсон мешуморад

Занбӯруғ – куҳантарин мавҷудоти рӯи Замин

24.04.2017


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ

Вусъати ҳамкориҳо дар бахши тандурустӣ

Марди накуном намирад ҳаргиз

Ғалабаи хонандаи тоҷик дар бозиҳои XII Делфи

ДАЪВАТ. Сафи ихтиёриён меафзояд

ЗАФАРОБОД. То ҳосилнокӣ беҳтар шавад...

РОҲҲО агар ободанд...

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Қирғизистон ҷангие дастгир шуд, ки нияти амалҳои террористӣ дар кишварҳои ИДМ – ро дошт

Пентагон: «ДИ» пойтахташро аз Раққа ба Дайр - уз - Зор кӯчонд

Арабистони Саудӣ хароҷоти ҳарбияшро 30 дарсад кам кард

Дар Британия як рӯзро бидуни истифодаи ангишт гузаронданд

Суди Имреа телефони мобилиро ба саломатӣ зарарнок ҳисобид

21.04.2017


Тоҷикистон амнтарин кишвари Осиёи Марказӣ эътироф шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед