logo

иҷтимоиёт

ВАҲДАТ. ТАЪМИНИ ҶОЙИ КОР ДАР МАДДИ АВВАЛ

Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ваҳдат  ҷиҳати таъсис додани ҷойҳои нави корӣ  ва ба ин васила баланд  бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум пайваста ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро роҳандозӣ намуда, ба корфармоёну корҷӯён имкониятҳои васеи интихобро фароҳам месозад.

Дар 3 моҳи соли равон  ба раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ваҳдат 2044 нафар муроҷиат намуда, аз ин шумора 450 нафар мақоми бекорӣ гирифтанд. Тибқи нақшаи солонаи раёсат, 655 нафар бояд бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд. 
Ҳамчунин, дар се моҳи сол 185 нафар ҷойи кори доимӣ пайдо намуданд. Аз тарафи раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр дар   ҳамкорӣ бо муассисаву корхонаҳои шаҳр 2 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронда шуд, ки дар онҳо 220 нафар шаҳрвандони корҷӯ иштирок карда, қисме бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд, баъзе ба корҳои ҷамъиятӣ ва 15 нафари дигар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Бино ба гуфтаи Турсуналӣ Қурбоналиев, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ваҳдат, мувофиқи нақша имсол бояд  335 нафар ба  касбомӯзӣ фаро гирифта шаванд. Дар 3 моҳ аллакай 100 нафар ба курсҳои касбомӯзӣ ҷалб гардиданд. Дар самти дастгирии шаҳрвандони бекор бошад, ба 16 нафар дар ҳаҷми 33 ҳазору 100 сомонӣ кумаки молиявӣ барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ расонда шудааст. Аз ин шумора 5 нафарро занон ташкил медиҳанд.
Дар ярмаркаи навбатии ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод масъулон ва субъектҳои хоҷагидории беш аз  50 ташкилоту корхона 142 ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро ба корҷӯён пешниҳод   намуданд.
Ҳасан ШОКИРЗОДА, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2017    №: 81    Мутолиа карданд: 275

24.05.2018


Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат

Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Алекен Еминбахэ

Вохӯрии ҳайати вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Рӯнамоии иқтидори сайёҳии кишвар дар Боку

ҶАЙҲУН. ПИЁЗ ЗИЁДУ ХАРИДОР КАМ

Ҷаҳон дар як сатр

СҲШ: таваҷҷуҳи вижа ба таъмини амнияти лоиҳаҳои байналмилалии стратегӣ

Ширкати 15 ҳазор меҳмон дар ҳамоиши иқтисодии Петербург

Макрон бо умеде ба Санкт-Петербург меояд, ки «Русияро ба Аврупо орад»

Дар Ҳилманд 15 нафарро аз асорати «Толибон» озод карданд

Қазоқистон гандуми бисёрсола парвариш кардан мехоҳад

23.05.2018


Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад

Вохӯрии Абдураҳим Қаҳҳоров бо Чжао Кэчжи

Тоҷикистон дар ҳифзи нигаҳдории гуногунии биологӣ саҳми назаррас дорад

Ҷаҳон дар як сатр

Рашид Олимов: «Масоили амниятӣ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад»

Дар Олмон ба хотимабахшии «давраи яхбандӣ» дар муносибат бо Русия даъват намуданд

Аморат низоми раводидро барои сармоягузорону мутахассисони баландпоя сабук кард

Қазоқистон: имтиёзҳои қарзи манзил барои омӯзгорон ва табибон

Қирғизистон барои иштирок дар лоиҳаи «Digital CASA» беш аз 3 миллиард рубл мегирад

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед