logo

иқтисод

ЧОРВОДОРӢ. КАЙ БА ХУДКИФОӢ МЕРАСЕМ?

Мавқеи ҷойгиршавии ҷумҳурӣ барои рушди соҳаи чорводорӣ ва парандаву занбӯриасалпарварӣ хеле мусоид мебошад.  Дар сурати дурусту оқилона истифода бурдан аз захираҳои табиӣ, аз қабили заминҳои обӣ, талу теппаҳо ва ҷангалзор ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорво, паранда ва занбӯри асалро 2 – 3 маротиба афзудан мумкин аст. Барои ноил шудан ба чунин натиҷаҳо мебояд чорводорон аз дастовардҳои муосири илму техника самаранок истифода баранд, ки тақозои замон аст.
- Дар хоҷагиҳои калони зотпарвар ва инфиродии чорводорӣ барои беҳсозии зоти ҳайвонот, маҳсулнокии онҳо ва афзудани саршумор тадбирҳои муҳим роҳандозӣ мешавад, - мегӯяд Наҷмиддин Раҷабов, муовини директори Институти чорводории АИКТ, номзади илмҳои кишоварзӣ. – Солҳои  охир дар хоҷагиҳои «Баракати Ёвон» - ноҳияи Ёвон, ба номи Муродов ва ба номи Юсуфови шаҳри Ҳисор, ки хоҷагиҳои пойгоҳӣ мебошанд, ба беҳтар кардани зоти чорво ва афзун кардани маҳсулнокӣ муваффақ гаштаанд. Аммо ба ҷуз хоҷагии зотпарварии «Тебалай» - и ноҳияи Муъминобод, «Кангурт» ва «Олучабулоқ» - и ноҳияи Темурмалик, заводи зотпарварии «Ҳисор» - и ноҳияи Фархор, ба номи Шерназарови ноҳияи Хуросон, «Данғара» - и ноҳияи Данғара, «Қубодиён» - и ноҳияи Қубодиён дар қисми зиёди хоҷагиҳо корҳои беҳсозии зоти чорво ҷавобгӯи талабот нест.
Тӯли панҷ соли охир мутахассисони институт корҳои илмӣ – тадқиқотиро барои ба вуҷуд овардани зоти чорвои сиёҳалои тоҷикӣ дар ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои чорводорӣ  давом доданд. Ин зот аз рӯйи ҳамаи нишондиҳандаҳо, аз ҷумла бо маҳсулнокӣ (дар бобати истеҳсоли гӯшт ва шир) қариб дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст ва дар шароити ҷумҳурии мо  яке аз зотҳои беҳтарин дониста мешавад.
Дар рамаҳои ҷавҳари зотҳои ҳисорӣ, тоҷикӣ ва қарокӯлӣ, гурӯҳи зотии маҳинпашми дарвозӣ интихоби гӯсфандони беҳтар ба анҷом расонда  шуда, барои ба вуҷуд овардани типи нави гӯсфандони «Шаҳринавию регарӣ»-и зоти гӯсфандони ҳисорӣ ва зоти нави гӯсфандони маҳинпашми дарвозӣ тадқиқот бурда мешавад.
Хулоса ба андешаи мутахассисони раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ, Институти чорводории АИКТ ва хоҷагиҳои калону пешқадам расидан ба худкифоӣ дар бобати таъминот бо гӯшт, шир ва маҳсулоти онҳо тавассути беҳтар кардани зот, мустаҳкам намудани захираи хӯрок, истифодаи дурусти чарогоҳҳо ва ҳавасмандсозии кормандони соҳа ба даст меояд.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2017    №: 81    Мутолиа карданд: 200
22.06.2017


Вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Улуғбек Розуқулов

Баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Баррасии таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ

Тавсеаи муносибатҳо бо Кувайт

Ҷаҳон дар як сатр

Мухолифини Сурия ба президентии Асад дар марҳилаи гузариш ризоият доданд

Дар Филиппин мактабро аз чанги ҷангиён раҳо сохтанд

Шоҳи саудӣ вориси нави тахтро интихоб намуд

Аз боронҳои сел даҳҳо ҳазор ҷопонӣ тарки манзил кард

Дар Қазоқистон ислоҳоти тиб роҳандозӣ мешавад

21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон

"Роҳи Ваҳдат"

Як нишасти муҳим

Ҷаҳон дар як сатр

Португалия: оқибати фоҷиабори сӯхтори ҷангал

Си Ҷинпин: «10 соли наздик барои БРИКС «давраи тиллоӣ» хоҳад шуд»

Соли 2040 дар Замин беш аз нисфи неру барқароршаванда хоҳад гашт

Дар Брюссел музокирот оид ба Брексит оғоз ёфт

Нахустин қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Остона расид

Варзиш

19.06.2017


Баррасии масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Ҳю Филпотт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед